«Зарби Кӯлоб» кашф шуд

Хабари хуб 21.12.2020 12:33

Рӯи сиккаҳои тоза кашфшуда, ки ба асри ХV1 тааллуқ доранд «зарби Кӯлоб» навишта шудааст.

 Бино ба иттилои хабаргузории расмии «Ховар» доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ, сиккашиноси Осорхонаи миллии Тоҷикистон зарробхонаи (сикказании) Кӯлобро кашф кардааст.

Ин сиккашинос дар таркиби як ганҷинаи сиккаҳое, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ёфт шудаанд  ва дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, сиккаҳоеро пайдо карда, ки дар рӯи онҳо «зарби Кӯлоб» навишта шуда ва дар пушти сикка нақше салб шудааст.

Давлатхоҷа Довудӣ  дар асоси маълумоти бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ муайян кард, ки сиккаҳо ба асри ХV1 тааллуқ доранд. Дар асоси бозёфти ин намуд сиккаҳо дар шаҳркадаи Искӯлоб, ӯ ба хулосае омадааст, ки сиккаҳо дар ҳамин шаҳр, ки дар асри ХV1 маркази Кӯлоб буд, зада шудаанд.

Тавре Давлатхоҷа Довудӣ мегӯяд, “гап сари он аст, ки дар вилояти Хатлон дар давраи Сомониён дар асри X, дар давраи Ғазнавиён дар асри X1 ва дар давраи Темуриён дар асри XV сиккаҳои нуқрагӣ ва мисӣ бароварда мешуданд. Дар ин сиккаҳо номи ин вилоят аввал дар шакли Хуттал ва пасон дар шакли Хуталон навишта шудааст. Ин сиккаҳо дар ҳудуди вилоят ва берун аз он низ ёфт шудаанд. Аммо то имрӯз сиккаҳое ёфт нашуда буданд, ки дар онҳо номи Кӯлоб навишта шуда бошад”.

Кашфи зарробхонаи Кӯлоб дар таърихи сиккашиносии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ва дар таърихи Хатлону шаҳри Кӯлоб падидаи тоза аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97