Абдурраб Расул Саёф пирӯзии доктор Абдуллоро қатъӣ кард

Сиёсат 11.06.2014 20:34

 

Abdurab SayfДар идомаи ёргириҳои интихоботӣ дар Афғонистон тими интихоботии Абдурраб Расул Сайёф номзаде, ки дар даври аввал 7% раъй оварда буд ва аз раҳбарони пурнуфузи муҷоҳиддин ҳисоб мешавад, аз Абдулло Абдулло, ки номзади пештоз аст ва дар даври аввал 45%  ороро касб кардааст, ҳимоят кард. Оқои Сайёф пас аз эъломи рафтани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба даври дувум бо ширкати Абдулло Абдулло ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ҳар ду номзад гуфтугӯи тулонӣ дошт.

 

Дар нишасте, ки ба муносибати эъломи ҳимояти ин раҳбари ҷиҳодӣ аз оқои Абдулло дар Кобул баргузор шуд, ӯ худ ҳузур надошт, аммо ҳар ду муъовинаш, Муҳаммад Амир Исмоилхон, вазири пешини энержӣ ва об ва Абдулваҳҳоб Ирфон, узви пешини порлумон суханронӣ карданд. Ситоди оқои Сайёф аксе аз маросими эъломи ҳимояти ӯ аз оқои Абдуллоро дар Фейсбуки худ гузошта ва дар шарҳи он навишта: "Ҷараёни ҳимояти мо аз тими ислоҳот ва ҳамгароӣ. Пирӯзии нафари аввал қатъӣ шуд."

 

Абдурраб Расули Сайёф, ду рӯз пеш бо интишори эъломияе аз ҳаводорони худ хост, ки аз номзаде ҳимоят кунанд, ки ҳамвора дар канори мардум буда ва "кифояти корӣ, тақво, диёнат, собиқаи нек, сабот ва пойдорӣ дар баробари мушкилотро ба ҳайси меъёри асосӣ дар назар дошта бошанд". Оқои Абдулло дар суханронии худ аз оқои Сайёф сипосгузорӣ кард ва гуфт, ки ҳимояти ӯ аз тими Ислоҳот ва ҳамгароӣ боъиси ифтихори ӯ аст. Фозили Санчоракӣ, сухангӯи тими оқои Абдулло гуфта, ки дар маросими эъломи ҳимояти тими оқои Сайёф аз тими Ислоҳот ва ҳамгароӣ Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва Фазлҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси сено ҳам ҳузур доштанд. Пеш аз ин Залмай Расул ва Гулоқо Шерзай, дигар номзади даври интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳам аз оқои Абдуллоҳ ҳимоят кардаанд, ки ҳар кадом ба тартиб 11, 37 ва 1,57 дарсади ороро касб карда буданд. Султон Довудзай, дигар номзади даври аввали интихобот, ки камтар аз 0,5% раъй ба даст оварда буд, дар канори Ашрафғанӣ Аҳмадзай қарор гирифтааст. Қутбиддин Ҳилол ва Ҳидоят Амин Арсалон, ҳанӯз аз ҳич кадом аз ду номзади пештоз эъломи ҳимоят накардаанд. Оқои Ҳилол дар даври аввал 2,25 дарсад ва оқои Арсалон танҳо 15 ҳазору 500 раъй дошт. Дар даври аввал Абдулло Абдулло 45% ва Ашраф Ғанӣ 31,6% -ро ба даст овада буданд. Аммо бо эълони ҳимояти се номзаде, ки дар маҷмуъ бештар аз 20% овозҳоро ба даст овардаанд, яъне Залмай Расул, Расули Сайёф ва Гулоғо Шерзай дигар камтар касе ба натиҷаи интихобот шубҳа дорад. Феълан 150 нафар вакили Маҷлиси намояндагон аз 249 нафар, ва 66 нафар узви Маҷлиси сено аз 100 нафар бо ҳамроҳии раисони ҳарду палатаи порлумон ё Шӯрои олии Афғонистон ҳимояти худро аз Абдулло Абдулло эълон кардаанд. Бо наздик шудани замони баргузории интихобот муборизоти интихоботии номзадҳо шиддат ёфтааст. Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар 14 июн баргузор мешавад.

 

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97