Оё номзади ИНИТ метавонад рақобат ба вуҷуд биоварад?

Сиёсат 16.09.2013 15:28

Oynihol bobonazarova nomzadСаволи ин ҳафтаи «Миллат»: Ба назари шумо оё Ойниҳол Бобоназарова номзад ба макоми президентӣ дар интихо-боти қарибул-вуқуъи раёсати ҷумҳурӣ метавонад рақобат ба вуҷуд биёварад?

Абубакри Файзалӣ, сармуҳаррири ОИ «TJinform»:

- Аслан, не. Чунки Ойниҳол Бобоназароваро миёни нухбагон мешиносанд, аммо миёни мардум чеҳраи матраҳ нест. Бубинед, ки худи ҳамин рӯз ҳатто чанде аз рӯзноманигорони маҳаллӣ кӣ будани Ойниҳол Бобоназароваро аз банда пурсон карданд. Ин бозгӯи он аст, ки ба ҷузъ чанд нафар дар пойтахт аксарият ин шахсиятро намешиносад. Аммо, фаромӯш набояд кард, ки бо вуҷуди ҳама гуна бозиҳои пасипардагӣ аз рӯи қонун дар интихобот асоси овозро мардуми одӣ медиҳанд. Фикр мекунам, ин гуна амали ИНИТ ба дасти ҳукумат аст ва мебинем, ки гуфтаҳои намояндаи ҲХДТ дар он хусус, ки мухолифин наметавонанд як номзади арзанда пайдо кунанд, ба дурустӣ гаравид. Агар нируҳои мухолифи ҳукумати вақти Тоҷикистон ва ё ҳизби ҳукмрон ҳарчанд аз як эътилоф ё иттиҳоде эълон доштанд, мебинем, ки миёнашон ҳич иттиҳоде нест, ва бино ба баъзе хабарҳо, миёнашон гуфтугузори тунде ҳам барои номзади ягона шудааст. Ҳатто аллакай Додоҷони Атовулло, мухолифи сарсахти ҳукумати вақти Тоҷикистон ин амали Муҳиддин Кабириро хиёнат ба миллат унвон кард. Ҳамчунин ҲНИТ аз номзадии Раҳматилло Зойиров, ки кулли ИНИТ интизори ширкаташро дар интихобот дошт ва худи Зойиров низ, ба назар, интизори пешбарии номзадиаш буд, рӯирост дастгирӣ накардааст, ки эҷоди ихтилофҳо дар ин «иттиҳод» аз эҳтимол дур нест. Чеҳрае, ки матраҳ нест, маҳбубият надорад, хидмате накардааст ва боре ҳам аз наздик бо мардум суҳбати ошкор надоштааст, дар мушкили мардум нарафтаасту садояшро баланд накардааст, чӣ гуна метавонад рақобат ба вуҷуд биёрад??? Ба қавли Саймиддин Дӯстов, сарвари Тоҷнюз, ин амали ИНИТ пешгӯишаванда буд, аммо беҳтар мебуд, аз сиёсатмадорон яке ба ин симат пазируфта мешуданд. Ба андешаи шахсии ман агар ба ҷои Бобоназарова, ҳади ақал Барзу Абдураззоқовро пешбарӣ мекарданд, рақобати бештаре дар интихобот ба миён меовард, чун агар сиёсатмадор нест, маҳбубият дорад миёни мардум ва асосан зиёиён, чӣ давлативу чӣ берун аз хати давлат.

Барзу Абдураззоқов, ҳунарпеша:

Ин тасмими оқилонаи неруҳои  иътилофӣ аст. Чанд вақт пеш аз ин  навишта будам. Кишварро аз ин буҳрони даҳшатангези гирифтор шуда, метавонад инсоне,ки  нерӯ ва иродаи Мусоро дорад, ё зани оқила  наҷот бахшад. Ё ки танҳо зан қодир аст ин аспхонаи ифлосро,ки дар он мо ҳоли ҳозир зиндагӣ дорем,  тамиз кунад. Оре, Бобоназарава тавони онро дорад, бо дилхоҳ ҳариф муқовимат нишон диҳад ва ман фикр мекунам, ӯ неру ва иродаи зарурии истодагарӣ кардан аз  ҳамагуна фишорро доро аст . Вале барои ин иродаи мардум хеле зарур аст. Агар чизе сади роҳи ӯ гардад, ин пеш аз ҳама бепарвоӣ ва фориғболии одамон аст. Ин неруи беҳад дашатангезе аст,ки дар ин роҳ ӯро интизор аст.

Раҳим Қаландаров, муассиси радиои «Муҳоҷир», ш. Маскав:

- Ростӣ, муаллимаро ҳурмат мекунам ва ба мо ҳақи устодӣ дорад. Аммо шоиста нест ва инро ба фикрам ҳама медонанд ва ба фикри шахсии ман хоҳед нахоҳед номазадияшро мондаанд. Мехоҳам ҷавононро ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ бубинам, аммо афсӯс!!!

Мунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:

- Не аслан ин интихобот нахохад буд... Чун интихоботҳои пешин ин ҳам кайҳо ба истилоҳ сварка шудагӣ аст ва он 6-уми ноябри ҳамин сол бояд "қонунӣ" шавад. Бо система сарукор гирифта шудааст, системае, ки барои ворид кардани ҳамагӣ 3 тағйиру илова ба "қонуни интихобот" роҳ надод. Ба мефаҳмидагӣ - ишорат...

6-уми ноябр дар Тоҷикистон спектакл ё шоуи саросарӣ баргузор мегардад, ки вуруд ба он ройгон аст...

Ҳуринисо Ғаффорзода, раиси СҒД "Оштии миллӣ":

- Бале ,агар  вокеан дар атрофи хонум БОБОНАЗАРОВА шахсони боэътимодаш онхое бошанд,ки дар чомеъа матрахшуда хастанд.Ва  суханашон ба мардум таъсир дорад.Саханаи сиёсат тетри ракобатхост.Имруз  мавкеии  сиёсии Точикистон он мархалаеро дар даст дорад,ки чомеъаи мо  аз номзадии зан интизорихои мусбиро интизор аст,ракобат бояд чидди ва вокеъбинона бошад,дар он сурат  номзадии Бону Бобоназарова бурд хохад кард.Чун,ки  бештари овоздихандагон занон хастанд,бояд  командаи Бобоназарова тавонад,ки дар тамоми кишвар орои овозхоро хифз кунад.Ширкати  зан дар интихобот бехтарин икдом аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97