Ҳамлагарон ба хонаи Муродалӣ Алимардон аз 22 то 24 сол ҳукми зиндон гирифтанд

Сиёсат 11.10.2013 15:22

Alimardonov  1Додгоҳи олии Тоҷикистон омилони ҳамла ба хонаи Муродалии Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистонро аз 22 то 24 сол маҳкум ба зиндон кард.

Мирзо Каримов, додраси Додгоҳии олии Тоҷикистон рӯзи 30 сентябр ҳангоми эълони ҳукм, гуфт, ки "дар пайи таҳқиқ додгоҳ, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ба 24 солӣ ва Умед Насриддинов ба 22 соли зиндон бо адои ҷазо дар зиндони низомаш сангин маҳкум шуданд."

Додрас гуфт, ки дар раванди таҳқиқи парванда, ҷавон будану аввалин бор содир кардани ҷиноят аз сӯи ин ҷавонон ба назар гирифта шуда ва ҳамчунин ба асоси Қонуни афв ду солӣ аз ҳукми зиндони онҳо кам карда шуд.

Ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон шаби 29 ба 30-юми июни соли 2005 дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор рух дода буд.

Мақомот мегӯянд, ду ғоратгар бо таппончаи "Макаров" ва яки дигар бо автомати "Калашников" мусаллаҳ буданд ва як нафарро ҳам аз хонаи муовини сарвазири Тоҷикистон гаравгон гирифтаанд.

Манобеъи наздик ба хонаводаи Муродалӣ Алимардон мегӯянд, дар ҳодисаи мазкур аз хонаи собиқ раиси Бонки миллӣ 9 ҳазор доллари нақд ва тилловорӣ ба маблағи 4 ҳазор долларро рабуда, посбони манзил Бозор Саидовро бо таппончаи тамғаи "Макаров" ба қатл расондаанд.

Мақомоти тафтишотӣ се нафарро ба қатл ва дуздиву гаравгонгирӣ дар манзили шахсии Муродалӣ Алимардон муттаҳам донистанд. Ин се нафар - Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ба дуздӣ ва қатли посбони хонаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳоло муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон мебошанд ва бино ба иттилои мақомот нафари чаҳорум - Қобил Улуғов, ки гӯё маҳз ӯ ба қатли посбон даст дорад, боздошт нашудааст.

Боздоштшудагон аз рӯйи 5 модда - 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 249 (роҳзанӣ) ва 254 (соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани амволе, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Додситонӣ аз додгоҳ барои муттаҳамон аз додгоҳ ба муҳлати аз 23 то 25 соли ҳукми зиндон дархост карда буд.

P.S.: Бозӣ накун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб…

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97