С.Сиддиқов сабаби пахши наворҳои зӯроварӣ дар ТВ "Баҳористон"-ро шарҳ дод

Сиёсат 30.09.2013 15:09

Bahoriston   TVКумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабаби пахши филми "Пойбанди нафрат" тариқи телевизиони кӯдакону наврасони "Баҳористон"-ро шарҳ дод.

Саидалӣ Сиидиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевиизону радиои Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки "баъзан метавон чунин барномаҳоро дар шабакаҳои телевизионии кӯдакон пахш намуд, то ки кӯдакони мо шахсони хубу накӯкор ба воя расанд".

Ба андешаи ӯ, кӯдакон бояд бахубӣ ба бадиву некӣ сарфаҳм раванд. "Онҳо бояд аз рӯйдодҳои атрофашон огоҳ бошанд ва бояд тасаввур намоянд, ки ҷое, ки некӣ ҳаст, бадӣ ҳам он ҷо вуҷуд дорад. Баъзан некиро аз бадӣ фарқ кардан душвор аст ва мо бояд ба тафовут дар он сарфаҳм рафта, ба кӯдаконамон ҳам биомӯзонем", - иброз дошт ӯ.

Сиддиқов ҳодисаи чанде қабл бедаракшавии кӯдакон дар пойтахтро ёдовар шуда, таъкид дошт, ки мо ба кӯдакон ба назди автомашинаи ношинос нарафтан ва ҳеҷ гоҳ ба онҳо нанишастанро омӯзонидем. "Мо ба кӯдаконамомн бояд бифаҳмонем, ки дар ҷомеа дар қатори шахсони накӯкор афроди хатарнок, қотилону нашъамандон, дуздон ва ғайра низ зиндагӣ мекунанд. Мо бояд симои ҳақиқии чунин шахсонро ба кӯдакон пешкаш созем", - зикр кард Сиддиқов.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон далелҳои филми  сохтаву бофтаи мақомоти интизомии кишварро,ки  зери унвони Пойбанди нафрат аз тариқи шабакаҳои аввали ТВТ, Чаҳоннамо, Сафина ва дигар расонаҳои давлат? пахшшуда буд, қотеъона рад кард.

Манбаъ Азия плюс

Ҷаноби муовини аввали кумитаи радио ва телевизион! Ин ҷавоби шумо ба суханони танзомези ким- кадом қаҳрамони филми бадеӣ "дараҷаи миёнаи ҳарорати бадани беморони  беморхона"хеле шабоҳат дорад. Аввалан намоиши чунин филмҳои даҳшатангезро дар каналҳои телевизони  бачагона  дар кишварҳои мутаммадин намегузоранд ва агар гузоштани онҳоро лозим донанд, ба кадом сину сол барои тамошо мувофиқ будани  онҳоро низ ишора мекунанд. Филмҳои даҳшатафзои хориҷӣ магар камӣ мекунанд,ки боз ба истеҳсоли  чунин филмҳои ватанӣ даст мезанем.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97