Талоши аҳзоби сиёсӣ барои курсии президентӣ

Сиёсат 09.10.2013 20:34

nomzadho  10Ин ҳафтаро метавон ҳафтаи сабқати бузург барои довталабӣ ба курсии президенти Тоҷикистон унвон кард.

Сабқат рӯзи 17 сентябр бо баргузории Анҷуманҳои се ҳизби сиёсӣ авҷ гирифт. Дар ин рӯз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки Вазорати адлия онро ба расмият шинохтааст ва ҲНИТ номзадҳои худро ба мақоми президентии Тоҷикистон интихоб карданд. Анҷумани ҲНИТ номзади пешниҳодшуда аз сӯи Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ)-ро ба ҳайси номзад интихоб кард.

Имтиҳони ҷиддии Бобоназарова дар ҲНИТ

Дар толори дафтари марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони ИНИТ - шахсиятҳои шинохта; Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Маҳмудҷон Қосимов, Ойниҳол Бобоназарова ва вакилони Анҷумани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои пешбарии номзад ба раёсати ҷумҳур ҷамъ омаданд.

Дар ин анҷуман сафирон ва намояндагони сафорати  Амрико, Ирон, Туркия, Ҷопон, САҲА ва ҳамчунин 300 нафар меҳмонон ширкат доштанд.

Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик расман номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) пешниҳод  шуд. Анҷумани ҲНИТ  бо аксарияти оро аз Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ин ҳизб ба интихоботи президентии моҳи ноябр ҳимоят кард. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Маҳмудҷон Қосимов ва Зарафо Раҳмонӣ, ки номашон аз сӯи вакилон барои номзадӣ пешниҳод шуда буд, зимни суханрониҳо номзадии худро бозпас гирифтанд ва дар ниҳоят танҳо исми Бобоназарова ба райъгирӣ гузошта шуд.

Дар рафти пешбарии номзад ба раёсати ҷумҳур Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сифатҳои инсонию кордонӣ ва принсипнокии номзад Ойниҳол Бобоназарова ёдрас шуда, афзуд интихоби Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун номзади ягона "интихоби Кабириву анҷуман нест, ин интихоби Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст." Ба гуфтаи вай, бо номзади пешниҳодкардааш ИНИТ мехоҳад Тоҷикистонро ба як кишваре табдил диҳад, ки "дигар ягон мансаби давлатӣ мерос набошад."

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар суханронии худ аз номзадии Бобоназарова ҷонибдорӣ карда гуфт, "Бобоназарова номзади арзанда аст."

Ӯ ҳамчунин аз назари фиқҳӣ масъалаи зан дар симати аввали кишварро шаҳру эзоҳ дода, аз Покистону Бангладеш кишвари мусалмонӣ ёдовар шуд, ки дар онҷо занон ба ҳайси раҳбар пазируфта шудаанд. Қаблан ва ҳам дар рӯзи баргузории Анҷумани ҲНИТ бархеҳо аз пешниҳод ё ҷонибдорӣ кардани ба истилоҳ исломиҳо аз номзадии зан эрод гирифта буданд. Дар ин маврид ҳ. А. Тураҷонзода гуфт, "баъзеҳо эрод мегиранд, ки мо занро ба номзадии президентӣ интихоб кардем. Мо кишвари дунявӣ дорем. Тоҷикистон кишвари исломӣ нест, ки роҳбарии занро манъ кунад."

Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки агар президент шавад, ҳамаи он камбудиҳое, ки ҷомеа бартараф кардани онҳоро мехоҳад, иҷро мекунад ва ҳатто пас аз чор сол аз сари қудрат хоҳад рафт…

Ҳамин тариқ бо баҳси ин, ки кадоме мусалмони қавӣ ва кадоме мусалмони ба зоҳир, Ойниҳол Бобоназарова раъйи вакилони Анҷумани ҲНИТ-ро ба даст овард. Аммо инро, ки гуруҳи муҳофизакор ва ё консерваторҳои ҲНИТ, ки таҷрибаи назорат бар раванди интихоботҳоро дар даст доранд, ба раъйи аксарият эҳтиром хоҳанд гузошт ё на, вақт нишон хоҳад дод.

Бухориев номзади аграриҳо

Вакилони Анҷумани Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр Толиббек Бухориеви 59-сола -- ноиби раиси ин ҳизбро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон интихоб карданд. Аз 83 вакил ҳаштод нафар ба тарафдории академик Бухориев раъй дода, ӯро номзади худ эътироф намуданд.

Бухориев аз моҳи январи соли 2008 муовини Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Вай солҳои 1998-2001 ба ҳайси мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрӣ ва солҳои 2001-2008 ҳамчун Директори генералии Донишкадаи илмию таҳқиқотии Зироаткор ба номи А.Н.Махсумов кор кардааст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2006 таъсис ёфта, ҳоло ба гуфтаи масъулонаш беш аз бист ҳазор узв дорад, бори дувум аст, ки бо номзади худ вориди сабқати интихоботи президентӣ мешавад. Дар интихоботи қаблӣ Амир Қароқулов, ки ҳоло узви Маҷлиси намояндагон аст, бо Эмомалӣ Раҳмон вориди сабқат шуда, аммо раъйи кофӣ ба даст наоварда буд.

Анҷумани демократҳо ин бор низ ором нагузашт

Анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон дар яке аз толорҳои меҳмонхонаи "Гранд-Отел" доир шудааст.

Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ин ҳизб гуфтааст, ки ба анҷуман 70 вакил даъват шудаанд, ки то кунун 50 нафари онҳо ҳозир шудаанд. Анҷумани ҲДТ Саидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ интихоб намуд.

Қаблан, Шӯрои сиёсии Ҳизби демократ номзадии Табаралӣ Зиёевро ба мақоми президентӣ дастгирӣ ва ба барномаи Анҷумани ҳизб пешниҳод карда буд. Аммо Зиёев дар рӯзи Анҷуман номзадии худро пас гирифт ва гуфт, беҳтар аст, Саидҷаъфар Исмонов ҳамчун номзад дар интихоботи 6 ноябр вориди рақобат шавад. Дар ин Анҷуман ҳамчунин номзадии Равшанҷон Аҳмадов ва Аҳмадшоҳи Комилзода матраҳ ва пешбарӣ шуд. Аммо худи онҳо номзадияшонро пас гирифта, ҳамагӣ аз Исмонов ҳимоят карданд.

Аммо ин тасмим бо мухолифати як гуруҳ аз аъзои Ҳизби демократ рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, Мамлакат Ҷайчиева, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфтааст, ҳизбаш бояд дар интихобот бидуни номзад иштирок карда, аз номзади ягонаи Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳ пуштибонӣ намояд. Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, як узви дигари ҲДТ, аз шеваи баргузории Анҷумани ҳизбаш норозигӣ карда гуфтааст, танҳо шоми 16-уми сентябр дар бораи Анҷумани ҲДТ барои интихоботи президентӣ огоҳ шудааст: «Ҳизби демократ аъзо надорад, ячейка надорад. Дар даруни ҳизб он қадар масъалаҳое ҳаст, ки ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. Одаме, ки натавонистааст масъалаҳои дохилиҳизбиро ҳал кунад, чигуна метавонад номзад бошад».

Бо ин ҳама, Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуд. Аммо ҲДТ дар нахустин рӯзи шуруъи сабқат 5 узви худро аз даст дод, онҳо бо нишони эътироз аз ҳизб гӯё ба таври «муваққат» хориҷ шудаанд.

Номзади сотсиалистҳо; «авлоди ҳазрати Рӯдакӣ ва ба дарди маҳалгароӣ даво»

Абдуҳалим ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури кишвар аз ин ҳизб пешниҳод шудааст. Аз 78 вакиле, ки дар Анҷумани сотсиалистҳо дар Душанбе ҳузур доштанд, ҳамагӣ ба тарафдории ӯ раъй додаанд.

Дар ин Анҷуман инчунин номзадии Маъруфҷон Юсуфов, раиси ҲСТ дар Суғд ва Зариф Наимов, раиси ҲСТ дар Душанбе, низ матраҳ буда, вале онҳо номзадии худро пас гирифтаву ғаффоровро номзади арзанда ба курсии президентӣ донистанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» дар ин Анҷумани сотсиалистҳо Муҳаммад Гулов, ки узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон будааст, баромад карда, аз Абдуҳалим ғаффоров низ ситоиш намуд. Ӯ гуфтааст, ғаффоров авлоди ҳазрати Рӯдакист ва агар президент шавад, маҳалчигиро барҳам диҳаду занонро бо ҷои кор таъмин созад. Агар президент шаваду ришвагириро барҳам занад, қурбони ӯ мешавем

Абдуҳалим Ғаффоров бори дувум аст, ки дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзад мешавад. Вай дар интихоботи соли 2006 низ барои дарёфти курсии президентӣ вориди сабқат шуда, бо сухани таърихии худ дар баҳси телевизионие, ки худ номзад шуда ва аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ карда буд, дар ёдҳо боқӣ мондааст.

Баррасии кадоме номзади шоиста астро барои баъд вомегузорем ва ҳоло гӯш ба қимор хоҳем буд, ки боз кӣ номзад хоҳад шуд. Шояд барои 8 миллион аҳолиии Тоҷикистон 8 номзад рост ояд.

Тафсири Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97