Кӣ номзади арзанда аст?

Сиёсат 10.10.2013 15:47

Дар атрофи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ сару садо зиёд аст. Якеро номзади тасодуфӣ ном мебаранд, дигареро аз ноилоҷӣ номзад мепазиранд, саввумӣ бо хоҳиши худ номзад мешавад...

Аммо шумо киро номзад дидан мехостед? «Миллат»ин ҳафта дар ҷустуҷӯи номзади шоиста ба суроғи чанде аз ҳамватанон рафт:

Abdullo AshurovАбдулло Ашуров, шаҳрванд:

- То ба ҳол ягон номзад барномаи ҷолибе ҷиҳати ҳалли мушкилоти умдаи Тоҷикистон пешниҳод накардааст. Масалан ман ҳамчун раъйдиҳанда мехоҳам донам, ки номзади ман барои пешбурди иқтисоди Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои нав, бо ҷои кор таъмин кардани муҳоҷирону донишҷӯён чи барнома дорад. Чи гуна ин мушкилотро ҳал карданист? Кай кишваро аз буҳрони энергетикӣ раҳо мекунад ва бо чӣ усул? Мани раъйдиҳанда то ба ҳол ҳеч барномаи мушаххасро нашунидам ва нахондам. Он андоваи сиёсие, ки ИНИТ пешниҳод мекунад, барои ман ҷолиб нест. ҲНИТ бо ин роҳ барои ба қудрат расидани худаш танҳо роҳро ҳамвор карданист. Ман мехоҳам мушкили иҷтимоии мо ҳал шавад. Аз ин рӯ то ба ҳол ман номзади худро наёфтам. Аммо ноумед нестам, шояд касе аз номзадҳо барномаи ҷолибе пешниҳод кунад. Ман идеяро ва шахсеро, ки ваъдаи иҷрои онро медиҳад, интихоб хоҳам кард, на шахси хосеро барои сурат ва ё симои зебояш ва ё тааллуқоти ҳизбиаш.

Farkhunda SharifovaФархунда Шарифова, шаҳрванд:

- Мехостам номзадии Раҳматилло Зойировро бинам, чун шахси босавод, фикру ақидаи худро доранд назар ба дигарон, ба гуфтаву ваъдаҳо фирефта намешаванд, миллатгарову маҳалчӣ нестанд. Ба ваъдаҳои додаашон вафо мекунанду пухтакор ҳастанд. Ва хешу табори зиёд надорад… барои мардуми одӣ ҳамин хислатҳо кифоя аст.

 

Abdufattoh SHafirevАбдулфаттоҳ Шафиев, шаҳрванд:

- Мехостам Зайд Саидовро номзад бубинам. Вале акнун мехоҳам ҷаноби Саидовро рӯзе ақаллан озод ва шод бубинам. Мехостам, ҷаноби Кабириро номзад бубинам. Вале ӯ худаш намехоҳад. Мехостам, ҷаноби Зойировро номзад бубинам. Вале бо назардошти воқеиятҳои имрӯза, фикр мекунам, номзадии хонум Бобоназарова аз ҷанобон Кабириву Зойиров беҳтар аст. Чун таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бештар ҷалб мекунад, рағбати ҷомеаи байнулмилалиро барои ҳимоя аз шаффофият дар интихобот зиёдтар мегардонад, ва ҳам, эҳтимолияти фишорро болои номзадии хонум поин мебарад. Оё номзаде дигар ба худ иҷоза хоҳад дод, ки дар рақобат бо бонуи солхӯрда аз фишангҳои зеримизӣ кор бигирад? Аммо номзадии хонум Бобоназарова танҳо дар ҳоли ҳимояи қатъии Кабириву Зойирову дигарон аз ӯ ва иродаи матини худи хонум шоистатар мегардад. Манзурам аз шоистагӣ вуҷуди шонси пирӯзист ва бидуни ин шонс ба интихобот рафтан маъние надорад. Бидуни нақшаи ҳимоя аз раъйҳои мардум ва ҷилавгирӣ аз тақаллуб ба интихобот рафтан маъние надорад ва бештар аз он зарба ба эътимоди мардум аст. Бар илова, қитъаҳои зиёди интихоботӣ дар мактабҳо эҳтимолан роҳандозӣ шаванд ва шояд ба мисли таҷрибаҳои қабл омӯзгоронро ба баргузории интихобот ҷалб бикунанд. Акнун суоли матраҳ он хоҳад буд, ки оё омӯзгорон бо раъйҳое, ки ба як ҳамкасбашон дода хоҳад шуд, чӣ кор хоҳанд кард? Оё ба як ҳамкасби худ хиёнат хоҳанд кард ва ё аз ӯ ҳимоят? Оё умеде барои ояндаи беҳтар хоҳанд хост ва ё боз ҳам маоши каму нархҳои баланди бозор ва суҳбати телефонӣ бо писарони муҳоҷирашон дар Русия?

Abdufattoh01Абдуфаттоҳ Воҳидов, шаҳрванд:

- Маъракаи пешбарии номзадҳо ба маснади президенти Тоҷикистон идома дорад ва мо аллакай имрӯз номзадҳои Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистонро мешиносем. Дар рӯзҳои наздик сафи номзадҳо албатта хоҳад афзуд. Ба назари ман аз байни се номзади алҳол пешбаришуда номзади Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова нисбат ба дигарон шанси бештар дорад, зеро ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқ аллакай дар байни мардуми Тоҷикистон маъруф аст. Дуюм, ӯ зан аст ва тавре мо ҳама огоҳем Тоҷикистон имрӯз асосан бар души занҳо гузошта шудааст. Сеюм, занон, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар сурати дар интихобот фаъолона иштирок кардан метавонанд ба ҳар номзади дигар рақобати сахт нишон диҳанд. Худи ман аз байни номзадҳои мазкур бештар ба номзади ИНИТ эътимод дорам.

ZiyratshoЗиёратшоҳ Аҳмадов, шаҳрванд:

- Ба назари шахсии банда дар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феълан шуруъ шудааст, танҳо номзади Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон қасди рақобати воқеъӣ бо номзад аз ҳизби ҳокими халқӣ демократиро дорад.

Номзадҳои дигаре, ки аз ҳизбҳои коммунист, аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократ ва сотсиалист муаррифӣ мешаванд, танҳо барои намоиши як интихоботи пуршур бо ширкати номзадҳои аҳзоби сиёсии мухталиф, ба саҳна кашида мешаванд.

Фикр мекунам, ин нукта барои бисёре аз мардуми огоҳ равшан аст  ва интихоботи президентии соли 2006 дар Тоҷикистон инро як дафъа собит кард.

Аммо худи далели он ки барои аввалин бор аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои ширкат дар интихобот бо номзади ягона муттаҳид шуданд, бозгӯи оғози рушди фарҳанги мардумсолорӣ дар зеҳни мардуми кишвар буда, ин падида барои ҷомеаи мо бисёр паёми умедбахш медиҳад.

Бо назардошти воқеъияти авзои сиёсии Тоҷикистон ва минтақа, пешбарии Ойниҳол Бобоназарова аз сӯи Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба унвони номзад ба мақоми раиси ҷумҳурии кишвар, ба назари ман иқдоми дуруст ва хирадмандона аст.

Бо вуҷуди он ки ахиран бархеҳо аз ин тасмими Иттиҳоди нируҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон шадидан интиқод карда, бахсусус Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар монеъагузорӣ барои пешбарии номзадии Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал -демократ муттаҳам мекунанд, аммо фикр мекунам ҳанӯз барои ба истилоҳ "ҷаҳиши тақдирсоз"-и мухолифин зуд аст.

Итминон дорам то интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон баъди ҳафт соли оянда, ҷомеъаи мо барои таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар омода мешавад ва он замон фурсати хубе мешавад то лидерони сиёсии дар ин муддат "пухта расида" вориди майдон шаванд.

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, шаҳрванд:

- Интизор доштам, ки номзадии Зойиров ё Кабириро пешниҳод хоҳанд кард, ки ҳар ду шоиставу арзанда буданд. Аммо нируҳои исломиву сотсиал-демократӣ натавонистанд эътилофашонро нигаҳ доранд ва зоҳиран интихоботро пеш аз баргузорияш бохтаанд. Бист сол пеш низ тақрибан ҳамин вазъро доштем ва натиҷааш маълум аст.

ZevarshoЗеваршоҳ Муҳаммад, шаҳрванд:

- Ба андешаи ман дар ҳоли ҳозир номзаде беҳтар аз хонум Бобоназарова нест ва худи ширкат дар марҳилаи интихоботӣ далели шуҷоъату мардонагии ӯст. Дар ҳоле ки на ҳама мардҳо дилу гурда доранд, ки дар муқобили раисҷумҳури кунунӣ номзадии худро пешбарӣ кунанд.

Behruz ZevarovБеҳрӯз Зеваров, шаҳрванд:

- Бешубҳа, ман ба унвони як шаҳрванд ва як дӯстдори кишвари худ, ба рӯйдодҳои сиёсии Тоҷикистон бетафовут буда наметавонам. Бидуни шак асри ҷаҳонӣ шудан ва мардумсолории ҷомеъа ҳосили худро ба бор овардаанд, ки он ба ҷомеъаи тоҷик бетаъсир намондааст. Бо вуҷуди ин ҳама мебояд рӯи арзишҳо ва ормонҳои миллат низ андеша кард. Бо таваҷҷуҳ ба тамоми фароз ва нишебиҳои таърихи мардуми мо ин чиз иттифоқ афтодааст, ки миллати мо аз ҳама бештар якпорчагӣ ва суботи сиёсиро авлотар медонад. Маҳз, дар чунин шароит барои рифоъ ва рушди кишвар ба таври кул заминагузорӣ мешавад. Ман эътимод дорам, ки кишвари мо дар навбати аввал ба як роҳбари қавӣ ва дорои чашмандозии рушан барои рушд ниёз дорад.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури вақт дар ин муддати тулонӣ худро ба унвони як роҳбари қавӣ, ки зомини сулҳ, субот ва тавсиъаи сареъи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ муаррифӣ кардааст.

Бинобар ин, дар интихоботи дар пешистода номзадии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бештар мавриди таваҷҷуҳи ман аст.

Mahin EmomovМаҳин Даврон, шаҳрванд:

- Ман рӯи ҳамаи номзадҳо хат мекашам. Чунки Раҳматилло Зойиров ро номзад дидан мехостам, вале нашуд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97