Ба номгузорӣ аз зовияи миллӣ бингарем

Сиёсат 24.01.2011 17:33

RumiИн навиштор дар посух бар мақолаи Ҷамолиддин Усмониён «Ҷойи Ленинро ба Мавлоно медиҳанд» («Миллат», http://www.millat.tj/news/2260-joi-leninro-ba-mavlono-medihand.html) навишта шуда ва чанд пешниҳодеро дар бораи номгузории тоҷикии ноҳияи Румӣ дар бар дорад.

 

Масъулини ноҳияи Румӣ бояд номгузориро аз худи ноҳия ва марказаш оғоз кунанд, зеро номгунаҳои «ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ» ва «шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев» ҷойном, яъне номи ҷуғрофӣ, нестанд. Дар ситоиши Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳаминро гуфтан бас аст, ки «Маснавии маънавӣ»-ро «Қуръон дар забони паҳлавӣ» донистаанд ва агар ҳама ободиҳои Тоҷикистонро ба номаш гардонем, боз ҳам кам аст. Сироҷиддин Исоев дар ободонии Вахшонзамин саҳми бузург дорад. Аммо ингуна номгузорӣ хилофи қоидаҳои номсозии торихӣ ва суннати номгузории тоҷикист. Ин гуна «ҷойномҳо» дар пайравӣ аз номгузории шӯравӣ сохта шуда ва қолаби русӣ доранд: ибораи «ба номи» баргардони вожаи русии «имени» аст. Номгузорӣ бо корбурди ибораи «имени» дар забони русӣ низ пешинаи камтар аз 100-сола дорад ва пас аз инқилоби болшевикии Русия саросари кишвари шӯравиро фаро гирифт.

Номгузорӣ бо корбурди «ба номи» барои мардуми порсизабон бегона аст. Пештар агар номи касеро ба ободие мениҳоданд, намегуфтанд «шаҳраки ба номи фалонӣ», балки мегуфтанд «фалониобод» ё «фалония» ё «фалонишаҳр». Агар, масалан, ин ноҳияро Ҷалолобод ё Ҷалолия ё Румия ё Румишаҳр ё Румиобод ё Мавлавия ва марказашро Сироҷия ё Сироҷобод ё Сироҷшаҳр меномиданд, дурусттару тоҷикитар мебуд.

Аммо беҳтарин ном барои ин ноҳия ва маркази он ҳамон номи торихӣ ва бостонияш, яъне Ҳаловард, аст. Ёдовар бояд шуд, ки соли 2007 рӯшанфикрони хатлонӣ аз масъулини ноҳия хоста буданд, ки ҳамин ҷойноми торихиро бар ноҳия гузоранд. Аммо бар хилофи чашмдошти онҳо ноҳияи Колхозобод 19 июли соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ номида шуд.

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, номи ин ноҳия Ҳаловард (هلاورد) буда ки баргирифта аз номи шаҳри аслӣ ва маркази вилояти Вахш будааст.

Ҳаловард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб», «Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ». Шаҳри Ҳаловардро Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик», Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ал-ақолим», ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз», Ёқути Ҳамавӣ дар «Муъҷам ул-булдон» ва Абурайҳони Берунӣ низ дар осораш ёд кардаанд.

Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри Ҳаловард дар замони Кушониён падид омада ва дар садаҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст. Ин шаҳр дар соли 750 милодӣ ба дасти арабҳо вайрон шуда ва бостоншиносон харобаҳои онро дар канораи ғарбии шаҳраки Колхозобод ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро Кофирқалъа мехонанд. Сипас маркази Вахшонзамин ба шаҳраке кӯчонда шуд ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои Кофирқалъа дар канораи рӯди Вахш ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ Ҳаловард ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи «Золи Зар» наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз Колхозобод ва 23 км дуртар аз Қӯрғонтеппа бар ҷоянд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои III – IV милодӣ бунёд ёфтааст. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои X – XIII шаҳри калоне гардида ва то ҳамлаи муғул маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст.

Бояд гуфт, ки Ҳаловард яке аз ҳазорон шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин буд, ки муғулҳо «омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд». Чингиз фармуда буд, ки «мардуми ҳар шаҳр ки бар хилофи ҳукми олии мо раванд, чун он шаҳр фатҳ шавад, аз бачаи гаҳвора то пири садсоларо ба қатл расонед» ва муғулҳо дар паи иҷрои ин фармон беш аз 10 миллион тоҷикро куштаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин шаҳр дар замони Кушониён (оғози садаи I милодӣ то миёнаи садаи III милодӣ) падид омадааст, решаи вожаи Ҳаловардро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Азбаски ҳама шаҳрҳои бостонии мо гирдогирдашон девор доштаанд, бахши дувуми ин ҷойном, яъне «вард», бозмондаи вожаи иронии бостони «warta-» (ба маънои «девордор») аз решаи «war-» аст, ки «бора» ва «девор» аз он падид омадааст. Ин вожа дар «Авесто» дар номи «Вари Ҷамкард» (дар паҳлавӣ «war-i jamkard» ва дар порсӣ «ور جمکرد» ба маънои «бораи Ҷамсохта») омада ва имрӯз низ дар номи рустоҳои Хумби Варӣ ва Кангурт барҷой мондааст. Ногуфта намонад ки Кангурт аз Ҳаловард чандон дур нест ва дар гузашта ҳар ду аз мавзеъҳои ободи Хатлон будаанд.

Номҳои ҷуғрофиёӣ бахше аз дороии маънавӣ ва мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон ва дуррдонаҳои ганҷури забони тоҷикӣ ҳастанд. Бархе аз ин номҳо пешинаи 2 – 3 ҳазорсола доранд ва нишонаи зисту зиндагонии мо дар сарзамини Осиёи Марказӣ аз гаҳи бостон то кунун замон мебошанд. Ҷойномҳо, ки бозмондае аз рӯзгорони қадиманд, дар худ нишонаҳое аз он рӯзгорон нуҳуфта доранд, ки барои роҳёбӣ ба он гузаштаҳо роҳнамоёне арзишманд тавонанд буд. Ин номҳо бояд чун мардумаки чашм нигаҳдорӣ шуда ба ояндагон расонда шаванд.

Аз ин рӯ, зинда кардани номи Ҳаловард ва дигар ҷойномҳои бостониву аслии тоҷикӣ зинда кардани торих ва баҳрабардории дуруст аз дороии маънавӣ ва мероси торихиву фарҳангӣ ва ҳамзамон пайвастани занҷираи гусастаи гузашта бо имрӯзаву оянда хоҳад буд.

Бинобар ин масъулини ноҳияи Румӣ бояд пеш аз ҳама номи аслӣ ва бостонии ин сарзаминро зинда кунанд ва марказашро низ Ҳаловард номанд. Ин ҷойноми ҳазорсола яке аз он гавҳарҳои дарёи забони порсист, ки аз гузашти рӯзгор ва шояд ҳам аз нодонии забонварон зери об монда. Бояд онро аз қаъри об бурун кард ва бар ҷояш нишонд.

 

Умед Ҷайҳонӣ, шаҳри Маскав

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97