Гугл бо Ҳуавей қатъи ҳамкорӣ мекунад

Иқтисод 21.05.2019 06:55

Расонаҳои дунё хабар медиҳанд, ки Гугл (Google) ҳамкориҳои калидии худ бо ширкати чинии Ҳуавей (Huawei)-ро маҳдуд мекунад.

Ширкати амрикоии Гугл эълом карда, ки бархе ҳамкориҳои худ бо ширкати чинии Ҳуавейро мутаваққиф хоҳад кард. Ин тасмим пас аз тадобири ахири давлати Амрико мабнӣ бар мамнуъияти ширкатҳои амрикоӣ дар интиқоли таҷҳизот ва фановарии иттилоотӣ ба ширкатҳои таҳдидкунандаи "амнияти милли"-и ин кишвар иттихоз шудааст.

Гугл дар чанд рӯзе пеш эълом кард, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ аст, ки фармони ахири Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА, дақиқан чӣ таъсире бар муносиботи ин ширкат бо Ҳуавей хоҳад дошт.

Ширкати Гугл, ки дар бахши фановарии иттилоот фаъол аст, бахши бузурги телефонҳои ҳушманди ҷаҳонро ба системи омили Андроид муҷаҳҳаз мекунад. Қатъи ҳамкории ин ширкат бо ғӯли интернетии Ҳуавей, ин ширкати чиниро бо паёмадҳои сангине гирифтор хоҳад кард. Барои идомаи амалкарди системи омили Андроид дар телефонҳои ҳушманди сохти ширкати Ҳуавей, ҳамкории ҳамешагии ин ширкати чинӣ бо Гугл лозим аст.

Ба гузориш хабаргузории Фаронса, манобеъи огоҳ аз ин ҷараён дар Гугл хабар додаанд, ки ин ширкат интиқоли фановарии иттилоотии худ ба Ҳуавейро мутаваққиф хоҳад кард. Бад-ин тартиб ин ширкати чинӣ аз ин пас танҳо метавонад аз як системи омили Андроид, ки барои ҳамагон қобили дастрасӣ аст (Овпен сорс) истифода кунад.

Тибқи ин гузориш, пас аз таваққуфи ин ҳамкориҳо гӯшиҳои Ҳуавей дигар ба "оп"-ҳо ва дигар хадамоти Гугл ҳамчун ҷимейл дастрасӣ нахоҳанд дошт. Тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ ширкати Ҳуавей ҳанӯз ба тасмими ахири Гугл вокунише нишон надодааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, чаҳоршанбеи гузашта тайи фармоне ширкатҳои амрикоиро аз интиқоли фановариҳои иттилоотӣ ба ширкатҳое, ки барои Иёлоти муттаҳида "таҳдиди амниятӣ" маҳсуб мешаванд, манъ кард. Трамп ҳамчунин дар робита бо ҳифозат аз шабакаҳои компютерии Амрико "вазъияти изтирорӣ" эълом кард.

Аммо ширкати чинии Ҳуавей, ки ҳадафи аслии ин фармон буд, зимни таъкид бар истиқлоли худ аз давлати Чин, ба эҷоди "маҳдудиятҳои номутаносиб" алайҳи худ интиқод кард. Вазорати тиҷорати Чин низ дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, нисбат ба тира шудани муносиботи тиҷории дуҷониба ҳушдор дод.

 Ғӯли интернетии Ҳуавей, ки дафтари марказии он дар ҷануби Чин аст, аз тавлидкунандагони муҳимми телефонҳои ҳушманд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Амрико мухолифи нуфузи ин ширкат дар бозори ИМА ва шарикони ғарбии ин кишвар аст. Вашингтон консерни Ҳуавейро ба доштани иртибот бо Пекин муттаҳам карда ва эҳтимол медиҳад аз таҷҳизот ва хадамоти ин ширкат ё гӯшиҳои ҳамроҳи он битавон ба унвони имконе барои ҷосусӣ ва дастрасӣ ба асрори давлатӣ ва ширкатҳои бузург истифода кард.

Ҳуавей пештар ҳам дар чандин кишвар муттаҳам ба наздикии беш аз ҳад ба давлати Чин шуда буд. Ба назар мерасад, ки Амрико муттаҳидонашро мутақоид карда, ки аз маҳсулоти Ҳуавей ба далели нигаронӣ дар робита бо амнияти сайберӣ истифода накунанд. Ширкатҳои мухобиротӣ дар чандин кишвар, аз ҷумла Бритониё, Зеландияи нав ва Австралия аз ба коргирии фановарии Ҳуавей сарфи назар кардаанд. Дар Олмон низ баҳс дар мавриди манъи ба коргирии таҷҳизоти Ҳуавей барои роҳандозии насли ҷадиди шабакаҳои телефони ҳамроҳ мавсум ба "5 ҷӣ" дар ҷараён аст.

Талҳкоми Олмон ба унвони бузургтарин арзакунандаи интернет ва телефонҳои ҳамроҳи ин кишвар пештар гуфта буд, ки истифода аз фановарии Ҳуавейро бо таваҷҷуҳ ба "нигарониҳои амниятӣ" баррасӣ хоҳад кард. Ин ширкат таъкид карда буд, ки баҳсҳои пурдоманаи ҷаҳонӣ перомуни ин қазияро бисёр ҷиддӣ мегирад.

Зимнан, намояндагии ширкати Ҳуавей (Huawei) дар Тоҷикистон дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук дар посух ба нигарониҳои корбарони маҳсулоти ин ширкат аз ин вазъият эълом кардааст: Мо итминон медиҳем, то замоне, ки тамоми талаботи давлатии Иёлоти муттаҳида таъмин мешавад, хадамоте назири Google play ва Google play protect ба «,бехатарӣ» идома хоҳад дод то бар рӯйи дастгоҳи Huawei -и шумо кор кунад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97