Муд марз намешиносад

Фарҳанг ва адаб 31.08.2019 21:25

Ошноӣ бо либосҳои бидуни ҷинсият

 Яке аз инқилобҳое, ки дар санъати муд ва фасон рух дода, тавлиди либосҳоест, ки ҷинсият надоранд. Ба ин маънӣ, ки ҳам занон ва ҳам мардон метавонанд онҳоро ба тан кунанд.

Масъалаи нобаробарии ҷинсиятӣ ё гендерӣ яке аз мавзуъоти доғ дар саросари дунёст. Барои аз байн бурдани ин нобаробарӣ давлатҳо барномаҳои зиёдеро рӯи даст мегиранд, нишасту семинорҳои омӯзишии зиёде дар саросари олам барпо мекунанд. Тарроҳони либос низ ба хотири арҷгузорӣ ба баробарии занону мардон шӯре барпо карда ва либосҳои яксон барои ҳам марду занро тарроҳӣ ва вориди бозори муд сохтанд.

Аммо он чи манро водор ба пардохтани мавзуъи либоси бидуни ҷинсият кард, он буд, ки меҳмонони “Фестивали сулҳ, ҳамгироии минтақаӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (Душанбе. Тирамоҳи соли 2018), аз Афғонистону Покистон, пас аз хатми ҷашнвора хостанд то онҳоро ба бозор раҳнамоӣ кунем.

Ҳангоми харидории либосҳо, мардҳои меҳмон матоъи тоҷикӣ суроғ доштанд то барои ҳамсарони худ савғо бубаранд, аммо хонумон костюму шалвор, ки истеҳсоли Туркияву Чину Қирғизистон буд, харидорӣ мекарданд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар кишвари меҳмонон аслан дигарон (асосан мардҳо) амр мекунанд, ки хонумҳо чӣ бипӯшанд ва чӣ на! Аммо бо вуҷуди ин, хонумони меҳмон барои худ либосҳои мудерни урупоӣ, ба вижа шиму костюм ( қаблан либоси мардона шинохта мешуд) харидорӣ карданд. Чаро?!

Посухи ин суолро дар поён пайдо хоҳед кард.

Яке аз инқилобҳое, ки дар санъати муд ва фасон рух дода, тавлиди либосҳоест, ки ҷинсият надоранд. Ба ин маънӣ, ки ҳам занон ва ҳам мардон метавонанд онҳоро ба тан кунанд.

 

Муди бидуни ҷинсият чист?

Ба таври содда, либосҳои бидуни ҷинсият бидуни тақсимбандиҳои занона ва мардона тарроҳӣ шудаанд. Дар тӯли замон, тарроҳон ба ин натиҷа расиданд, ки либосҳои занона бояд мутафовит аз либосҳои мардона бошанд, ба унвони мисол доман барои занон ва галстук барои мардон... Аммо муди бидуни ҷинсият ин қоидаро вайрон мекунад ва ҳеч тафовуте барои либосҳои занона ва мардона қоил намешавад.

Тарроҳони матраҳи ин муд мегӯянд: «Барҳам задани қоидаи фарқияти ҷинсиятии либосҳо, ки мардум солиёни сол бо он зиндагӣ карданд, хеле сахт буд. Агарчи ин тарҳ ҳанӯз кӯчак ва навпост, аммо умедворем, ки таъсирашро дар санъати муд ва фасон бигузорад. Мо мехоҳем баробариро дар ин санъат ривоҷ диҳем.

Ба эҳтимоли зиёд муди бидуни ҷинсият дар ояндаҳои наздик табдил ба яке аз мудҳои маҳбуби хиёбонӣ мешавад ва брендҳои бисёре барои тавлиди чунин либосҳое даст ба кор мешаванд. Дар воқеъ ин чизест, ки санъати муд ва фасон бояд ба самташ равона шавад, чизе ҷудо аз қазоват ва танҳо бар асоси алоқаи шахсӣ.»

Тарроҳони ин навъи либосҳо эътиқод доранд, ки мардум дилашон мехоҳад либосҳояшонро озодонатар ва бидуни ҳеч барчасби мардона ва занона интихоб кунанд.

Ин инқилобро аввалин бор бренди Selfridge (Селфридҷ) дар соли 2015 ба роҳ андохт. Пас аз он брендҳои машҳури дигаре чун ZaraH&M хеле аз маҳсулотеро чун ҷинс, ҳудӣ (толстовка) ва ҳатто куртаҳои кутоҳи хешро бидуни барчасби фарқияти ҷинсият, равонаи бозор карданд. LouisVuitton ҳам аз дигар брендҳое буд, ки  либосҳои кӯдаконаи худро дар ин масир тавлид ва равонаи бозор кард.

 Ахиран ҳам бренди Celine дар яке аз шоуҳои либосҳои мардонаи худ эълом кард, тамоми либосҳое, ки бар тани маникенҳои мард ҳастанд, бидуни ҷинсият мебошанд ва бонувон низ метавонанд онҳоро ба тан кунанд.

Ситораҳо либосҳои бидуни ҷинсиятро ривоҷ медиҳанд

Шумори касоне, ки ба самти либосҳои бидуни ҷинсият кашида мешаванд, рӯ ба афзоиш аст. Ба унвони мисол Ҷидан Смит, дар яке аз компайнҳо домане (юбка) аз ин брендро ба тан кард ё репёри маъруф, Янг Таг, барои ҷилди яке аз албомҳояш пероҳани бунафш пӯшид. Коне Уэст ҳам, ба овозхоне, ки ошиқи доман ва футболкаҳои кушод аст, шӯҳрат дорад.

Натанҳо мардон, балки ситораҳои зан низ бо пӯшидани чунин либосҳое, алоқаи худро ба ин сабки либос пӯшидан, нишон доданд. Ба унвони мисол Рейчел Вуд барои маросими фарши қирмизи Глобуси тилоӣ соли 2017 шиму костум ба тан кард.

 Ба қавли Соксоно, яке аз тарроҳони машҳури либос: «Барои як ошпаз муҳим нест, ки ғизояшро як мард бихӯрад ё як зан. Пас чаро ҷинсият бояд барои мо аҳамият дошта бошад? Агар воқеан мо аз либосе, ки ба тан мекунем, розӣ бошем, чаро бояд ба барчасби ҷинсиятии он таваҷҷуҳ кунем?»

Либосҳои бидуни ҷинсият монанди пулест, ки фосила миёни либосҳои мардона ва занонаро пур мекунад ва эҳсоси озодӣ ва роҳатии бештаре ба мардум мебахшад.

Бисёре аз брендҳое, ки либосҳои бидуни ҷинсият тавлид мекунанд, мустақил ҳастанд ва дар тавлиди маҳсулоташон маҳдуд амал мекунанд.

Андозаи ин либосҳо чи гуна муайянмешавад?

Савол ин аст, ки оё андоза (сойз)-и ин либосҳо барои мардон ва занон, ки андомҳои гуногуне нисбат ба ҳам доранд, муносиб аст? Чи тавр мешавад либосе, ки як мард ба тан мекунад, барои занон ҳам мутаносиб бошад?

Андоми мардон мутафовит аз андоми занон аст ва пайдо кардани андозаи либосе, ки ба ҳар ду дуруст биояд каме ғайривоқеист, аз ин рӯ тарроҳон либосҳоеро тарроҳӣ мекунанд, ки эҳтиёҷ ба андозаи дақиқе надошта бошад. Ба унвони мисол жикет, костюм ё футболка аз ҷумлаи либосҳоест, ки бар тани ҳар фарде бо ҳар андоме, ки дорад, ба зебоӣ менишинад.

Брендҳое, ки либосҳои бидуни ҷинсият тавлид мекунанд

JWAnderson

Бренди JWAnderson  бренди 10 сол аст, ки либосҳояшро бидуни ҷинсият равонаи бозор мекунад. Тарроҳони ин бренд муштариёни худро ташвиқ мекунад, ки бидуни таваҷҷуҳ ба ҷинсият, либосеро, ки дӯст медоранд, бихаранд.

RadHourani

Ҳуронӣ, муассиси бренди RadHourani, мегӯяд: «Либосҳои мо ҷинсият ва син надоранд ва ба таври маҳдуде тавлид мешаванд. Мо ҳангоми тавлиди онҳо ба миллият, нажод ва мазҳаби афрод нигоҳ намекунем. Дар воқеъ мардон ва занон метавонанд онҳоро дар ҳар замон ва ҳар маконе, ки дӯст доранд, ба тан кунанд.

Community Сlothing

Ин бренд низ футболка ва куртаҳои кутоҳе, ки тавлид мекунад, ба гунае аст, ки ҳам занон ва ҳам мардон метавонанд онҳоро ба тан кунанд.

Lane Fortyfive

Ин бренд низ ба тавлиди либосҳои бидуни ҷинсият шӯҳрат дорад. Тарроҳони он аз либосҳои классикии солҳо қабл илҳом гирифтаанд. Ин либосҳо, ки тамоман бо даст духта шудаанд, дар тарҳҳо ва рангҳои тавлидшуда, ки ҳам барои мардон ва ҳам барои занон қобили истифода бошад.

 

Таҳияи Фарангис Раҳимова,

устоди Донишкадаи дизайн ва

санъати тасвирии Ҷумҳурии Тоҷикистон

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97