Ҷойи Ленинро ба Мавлоно медиҳанд

Хабари хуб 20.01.2011 14:26

LeninАз маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ, шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев пайкараи Ленин бардошта мешавад.

Дар ин бора роҳбари дастгоҳи раиси ин ноҳия Умаршоҳ Мӯҳтоҷов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба қавли мавсуф ба ҷойи пайкараи Ленин муҷассамаи суханвари бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ноҳия ба номи ӯ гузошта шудааст, қомат хоҳад афрохт. Номбурда зикр кард, ки пайкараи Ленин ҳамчун ёдгоре аз таърихи дар як гӯшаи боғи фарҳангу фароғати ноҳия ҷойгир мешавад. Гарчанде ин пайкара моҳияти идеологии худро гум кардааст, аммо ҳамчун нигораи таърихӣ бояд ба он эҳтиром гузошта шавад,- гуфт Умаршоҳ Мӯҳтоҷов.

Тибқи иттилои масъулини ҳукумати ноҳияи ба номи Румӣ айни замон барои пешкаш намудани тарҳи беҳтарини муҷассамаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба меъморони кишвар дархост пешниҳод шудааст.

Дар назар аст ки муҷассамаи шоири бузург дар арафаи рӯзҳои таҷлили 20 солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҷойи доҳии пролетарҳои дунё, асосгузори Ҳизби коммунистро бигирад. Тибқи мушоҳидаҳо то имрӯз дар якчанд маҳаллаҳои ин ноҳия пайкараҳои Ленин то кунун пойдор аст. Акнун дар баробари аз маркази ноҳия бардоштани пайкараи Ленин инчунин номгузории тоҷикии кӯчаю маҳаллаҳои ноҳияи мазкур шурӯъ мешавад.

Ҷамолиддини Усмониён

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97