Хабари хуб

Эмомалӣ Раҳмон маҷрои Вахшро дигар кард 01.12.2010 09:13 Эмомалӣ Раҳмон маҷрои Вахшро дигар кард
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 ноябр зимни суханронӣ дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш барои неругоҳи обии "Сангтӯда-2" гуфт, ки ин ҳаққи ҳалоли мардуми Тоҷикистон аст ва он ба муҳити зисти минтақа ва ....

Охирин намози ҷумъа дар масҷиди ҲНИТ 01.12.2010 09:10
Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар асоси тақозои давлати Тоҷикистон фаъолияти масҷиди ин ҳизбро мутаваққиф карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, рӯзи ҷумъаи 26 ноябр дар охирин намози ҷумъа дар ин масҷид тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар бораи қатъи фаъолияти масҷиди Ҳизби наҳзати исломиро эълом кард. Ҷаноби Кабирӣ таъкид кард, ки танҳо ....
Дархости лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон 01.12.2010 09:10
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар бо судури муроҷиатномае аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори лағви комили ҳукми қатл дар Тоҷикистон шудаанд. Созмонҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмонҳои дохилии Тоҷикистон ва инчунин Amnesty International, World Coaltion against the Death Penalty ва Penal Reform International аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки ташаббуси ....
Шурӯъи мурофиаи «Миллат» дар додгоҳ 30.11.2010 12:41
Мурофиаи парвандаи гражданӣ оид ба баррасии баҳси мутақобилаи миёни Вазорати кишоварзӣ ва рӯзномаи «Миллат» мувофиқи огоҳномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 1-уми декабри соли 2010 дар бинои суди мазкур баргузор хоҳад шуд. Нахустин ҷаласаи баррасии шикояти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон алайҳи нашрияи «Миллат» 25-уми феврали 2010 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор ....
Барномаи Рушди СММ 27.11.2010 10:12
26 ноябри соли равон пешниҳоди расмии 20-мин нашри ҷашнии Гузоришиҷаҳонии Рушди инсон - 2010 бо номи «Сарвати воқеъии халқҳо: роҳҳо ба рушди инсон», ки аз тарафи Барномаи Рушди Созмони миллали Муттаҳид (БРСММ) таҳия шудааст, дар Душанбе бо иштироки Намояндаи доимӣ ва директори БРСММ дар Тоҷикистон ҷаноби Растислав Врбенски, муовини вазири ....
Ҷопон роҳро ба Шоҳроҳи Осиё боз мекунад 26.11.2010 15:55
Лоиҳаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон роҷеъ ба барқарорсозии роҳи “Дӯстӣ-Панҷи Поён” бо муваффақият ба итмом расид. Дар ин маврид аз Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе ба «Миллат» хабар доданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, қарор аст, фардо 27 ноябри соли 2010 дар ноҳияи Қумсангир маросими ифтитоҳ роҷеъ ба итмом расидани лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи ....
Тоҷиккушӣ дар Русия кам шудааст 24.11.2010 10:16
Дар соли ҷорӣ дар Русия 27 ҳодисаи ҳамлаи ё скинхедҳо ба шаҳрвандони тоҷик сабт шудааст. Гуфта мешавад, ки аз миёни афроди осебдида 3 нафар кушта ва дигарон ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ, нозирони ҳуқуқи башар дар Русия аз коҳиши ҳолатҳои ҳамлаи ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар гузориш медиҳанд. Бо ....
Тоҷикистонро ба феҳристи сиёҳ ворид мекунанд 24.11.2010 10:15
Раиси Идораи назорат бар умури молии Русия ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон мумкин аст ба "феҳристи сиёҳи" кишварҳои ҷаҳон дар заминаи пулшӯйӣ шомил шавад. Ба навиштаи хабаргузории РИА Новости, Юрий Чиханчин, раиси Идораи федероли назорат бар умури молии Русия, ин суханонро дар мулоқот бо нахуствазир Владимир Путин иброз доштааст. Ю.Чиханчин аз ҳамкории ....
Фасод монеъи рушди соҳибкорӣ будааст 24.11.2010 10:14
Дар Душанбе як маркази тиҷоратии Ирон бо номи "Ширкати Суруши Байналмилалӣ" оғоз ба фаъолият кардааст. Ба гуфтаи масъулон ин марказ ба танзими тиҷорат ва имзои созишномаҳои тиҷоратӣ миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва иронӣ машғул хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар шаш моҳи солӣ ҷорӣ мизони табодули ....
Паёми Президент ба ифтихори Рӯзи парчам 24.11.2010 10:14
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба муносибати Рӯзи парчами миллӣ сокинони кишварро ба ин рӯз табрик намуда, аз парчами миллии Тоҷикистон ба унвони рамзи якпорчагии миллат ва кишвар ном бурдааст. Президенти Тоҷикистон доштани парчам, саф оростан зери он ва эҳтиром ба онро аз фарҳанги кӯҳани мардуми тоҷик унвон кард. Ӯ ....
Шароити зиндони Ёвон беҳтар шудааст 18.11.2010 12:39
Шароити нигоҳдории маҳбусон дар зиндони Ёвон беҳтар шудааст. Дар инбора Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов узви фаъоли ҲНИТ, ки дар арафаи иди Қурбон ба озоди баромад иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ «Барои нигоҳдории маҳбусон дар зиндон тамоми шароитҳо муҳаё мебошад. Хамарӯза маводи ғизои барои маҳбусон зиёдатӣ аст. Мо дар як рӯз се маротиба бо ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97