ҚӮРҒОНТЕППА ё ЛЕВАКАНДё кӣ мехоҳад рӯҳи бузургонамон шод шавад?

Таърих 09.01.2009 13:59

Аз дер боз бисёре аз таҳаввулоти таърихӣ бо дигаргун шудани номҳои ҷуғрофиёӣ ҳамроҳ буда ва таърихи кишвари мо низ аз ин қойида дар канор набудааст. Охирин мавриди номгардонӣ дар Тоҷикистон тобистони гузашта сурат гирифт ва ҳамзамон 6 ҷамоати деҳот, 88 деҳа ва 2 шаҳрак дар ноҳияи Рӯдакӣ номгардон шуд. Чанде пеш бархе аз рӯшанфикрони хатлонӣ дар рӯзномаи "Миллат" хостори тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва баргардондани номи аслӣ ва пешинаи он - Леваканд шуданд.

Яке аз онҳо журналист Варқаи Зайниддин мӯътақид аст ки бо зинда шудани номи Леваканд ҳақиқати таърихӣ тантана хоҳад кард ва рӯҳи бузургони ин сарзамин низ шод хоҳад шуд. Ин ақидаро бузургони фарҳанги кишвар низ дуруст мешуморанд. Чунончӣ, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ мӯътақид аст ки "барқарор шудани номҳои аслӣ, чунончӣ Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан ва монанди инҳо кори дурустест. Мо бо ин кор адолати таърихиро барқарор мекунем. Номи ҷуғрофиёӣ як ҷузъи таърих аст. Аз номи таърихӣ даст кашем, аз як ҷузъи таърихи худ чашм хоҳем пӯшид, ҳатто мумкин аст, аз як бахши таърихи худ маҳрум шавем. Аз ин рӯ, ақида дорам, ки номҳои бостонии Фалғар, Регар, Дарбанд ва монанди инҳоро барқарор кардан лозим аст".

Пешниҳоди рӯшанфикрони хатлонӣ бо равиши расмии номгузорӣ ва номгардонӣ низ созгор аст ки дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ" оварда шудааст: "Номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ ҳамчунин бо мақсади баргардонидани номи баъзе объектҳои ҷуғрофӣ, ки ба таври васеъ дар гузашта ва имрӯза маълуму машҳуранд, иҷозат дода мешавад".

Таърихномаҳо ва осори ҷуғрофиёӣ гувоҳанд ки Леваканд дар гузашта номе маълуму машҳур будааст. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳр дар ҷои Қӯрғонтеппа ҳанӯз дар замони Кушониён (садаҳои I - IV м.) вуҷуд доштааст. Он шаҳр то замони густариши ислом дар Тоҷикзамин яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш будааст. Дар авохири садаи VII оғози садаи VIII ин шаҳрро мусулмонон гирифтанд ва аз он пас дар таърихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи Ловаканд ва Леваканд ёд шудааст. Чунончӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсии Истахрӣ дар "Масолик вал-мамолик" (навишташуда дар соли 950 м.) менависад ки "аз Ловаканд то Ҳаловард ?як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст". Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ "Ҳудуд ул-олам" ки дар соли 982 м. таълиф шудааст оварда, ки "Леваканд аз Вахш аст, ҷоест, ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад". Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади Муқаддасӣ (945 - 1000 м.) дар китоби маъруфаш "Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим" ин шаҳрро "Ловаканд" навиштааст.

Бино бар манобеъи таърихӣ, Леваканд дар садаҳои X - XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, вале ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст. Дар паи қатли омми левакандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр аз ёдҳо рафт ва ҷояш низ фаромӯш гашт. Пас аз ҳафтсад сол вайронаҳои Левакандро бостоншиноси шӯравӣ Т.И. Зеймал пайдо кард. Дар паи кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ ошкор шуд ки Леваканд ҳамон харобаҳои Қӯрғонтеппа буда, ки калонтарин харобаест ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст.

Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр дар таърихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест ки бар теппае дар маркази шаҳр, дар миёни Ҷӯйбор ва Ҷӯи Хонум, ҷой дорад. Ба гуфтаи бостоншиносон ин теппа ҳанӯз дар замони ҳукмронии Кушониён вуҷуд доштааст. Шаҳри Қӯрғонтеппа дар солҳои 1944 - 1992 маркази вилояти Қӯрғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.

Маънои номи Левакандро Варқаи Зайниддин "шаҳри баланд" дониста ва бостоншинос Қиёмуддин Сатторӣ ба далели монандии лафзии "Лева-" бо "лев" дар забони русӣ "шаҳри шерон, подшоҳон" пиндоштааст. Ман бар ин боварам ки реша ва маънои вожаи Левакандро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Бахши нахусти ин ҷойном чандон шаффоф нест. Аммо бахши дувум - "-канд", яқинан бозмондаи вожаи авестоии *kan??- > kand ба маънои ободӣ ва шаҳр аст ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошта ва дар номи Мароканд (Самарқанд), Пайканд, Панҷиканд, Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯканд омадааст.

Аз ин додаҳо чунин бармеояд ки маркази кунунии вилояти Хатлон пешинаи 2000-сола дорад ва беш аз 1300 сол Леваканд ном доштааст. Ин вожа ғамангезтарин фасле аз таърихи сарзамини моро дар худ пӯшида дорад. Леваканд яке аз ҳазорон шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин буд, ки муғулҳо "омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд". Чингиз фармуда буд, ки "мардуми ҳар шаҳр ки бар хилофи ҳукми олии мо раванд, чун он шаҳр фатҳ шавад, аз бачаи гаҳвора то пири садсоларо ба қатл расонед" ва муғулҳо дар паи иҷрои ин фармон беш аз 10 миллион тоҷикро куштаанд. Яке дигар аз шаҳрҳои Хатлон ки чингизиён несту нобудаш кардаанд, Ҳаловард буд.

Ҳаловард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи "Ҳудуд-ул-олам", "Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ". Шаҳри Ҳаловардро Истахрӣ дар "Масолик вал-мамолик", Муқаддасӣ дар "Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим", ибни Ҳавқал дар дар "Сурат ул-арз", Ёқути Ҳамавӣ дар "Мӯъҷам ул-булдон" ва Абурайҳон Берунӣ низ дар осораш ёд кардаанд.

Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри Ҳаловард дар замони Кушониён падид омада ва дар садаҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст. Ин шаҳр дар соли 750 милодӣ ба дасти арабҳо вайрон шуда ва бостоншиносон харобаҳои онро дар канораи ғарбии шаҳраки Колхозобод ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро Кофирқалъа мехонанд.

Сипас маркази Вахшонзамин ба шаҳраке кӯчонда шуд ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои Кофирқалъа дар канораи рӯди Вахш ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ Ҳаловард ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи "Золи Зар" наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз Колхозобод ва 23 км дуртар аз Қӯрғонтеппа бар ҷоянд.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои III - IV милодӣ бунёд ёфтааст. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои X - XIII шаҳри калоне гардида ва то ҳамлаи муғул маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст.

Аз инҷо чунин натиҷа мегирем, ки номи пешина ва бостонии Колхозобод Ҳаловард будааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ин шаҳр дар замони Кушониён (оғози садаи I милодӣ то миёнаи садаи III милодӣ) падид омадааст, решаи вожаи Ҳаловардро дар забонҳои суғдӣ ва балхӣ бояд ҷуст. Азбаски ҳама шаҳрҳои бостонии мо гирдогирдашон девор доштаанд, бахши дувуми ин ҷойном "вард" бояд бозмондаи вожаи эронии бостони warta- (ба маънои "девордор") аз решаи war- бошад, ки "бора" ва "девор" аз он падид омадааст. Ин вожа дар "Авесто" дар номи "Вари Ҷамкард" (дар паҳлавӣ "war-i jamkard" ва дар порсӣ ба маънои "бораи Ҷамсохта") омада ва имрӯз низ дар номи рустоҳои Хумби Варӣ ва Кангурт низ барҷой мондааст. Ногуфта намонад ки Кангурт аз Ҳаловард чандон дур нест ва дар гузашта ҳар ду аз мавзеъҳои ободи Хатлон будаанд.

Порсол рӯшанфикрони хатлонӣ ба масъулини ноҳияи Колхозобод пешниҳод дода буданд, ки номи таърихии ин сарзамин барои саввум бор эҳё гардад ва маркази ноҳия Ҳаловард номида шавад, то гузаштаи пурфтихори моро бо имрӯзу фардо пайванд диҳад. Аммо бар хилофи чашмдошти онҳо ноҳияи Колхозобод 19 июли соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ номида шуд. Дар ситоиши Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ ҳаминро гуфтан бас аст ки "Маснавии маънавӣ"-ро "Қуръон дар забони паҳлавӣ" донистаанд ва агар ҳама ободиҳои Тоҷикистонро ба номаш гардонем, боз ҳам кам аст. Аммо ингуна номгузорӣ хилофи қоидаҳои номсозии таърихӣ ва суннати номгузории тоҷикӣ аст. Чунончӣ, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ мӯътақид аст ки дар забони тоҷикӣ "исмҳои хосе чун Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин шакле ки доранд, наметавонанд маконноме бошанд. Агар инҳоро ба шакли Айниобод, Ғафуровобод, Ҷомиобод дароварем, номи ҷуғрофӣ хоҳанд шуд". Дар ин бора гуфторе муфассал мебояд ва Худо хоста бошад дертар дидгоҳамро дар бораи номгузорӣ ва номгардонӣ дар Тоҷикистон пешкаши хонандагони арҷманд хоҳам кард.

Номҳои ҷуғрофиёӣ бахше аз дороии маънавӣ ва мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон ва дуррдонаҳои ганҷури забони тоҷикӣ ҳастанд. Бархе аз ин номҳо пешинаи 2 - 3 ҳазорсола доранд ва нишонаи зисту зиндагонии мо дар сарзамини Осиёи Марказӣ аз гаҳи бостон то кунун замон мебошанд. Ҷойномҳо ки бозмондае аз рӯзгорони қадиманд, дар худ нишонаҳое аз он рӯзгорон нуҳуфта доранд, ки барои роҳёбӣ ба он гузаштаҳо роҳнамоёне арзишманд тавонанд буд. Ин номҳо бояд чун мардумаки чашм нигаҳдорӣ шуда ба ояндагон расонда шаванд. Аз ин рӯ, зинда кардани номҳои Леваканду Ҳаловард ва дигар номҳои бостониву аслии тоҷикӣ зинда кардани таърих ва баҳрабардории дуруст аз дороии маънавӣ ва мероси таърихиву фарҳангӣ ва ҳамзамон пайвастани занҷираи гусастаи гузашта бо имрӯзаву оянда хоҳад буд. Бинобар ин агар рӯзе тасмим гиранд ки номи Қӯрғонтеппа дигар гардонда шавад, пеш аз ҳама номи аслӣ ва бостонии он Левакандро бояд зинда кунанд.


Умед ҶАЙҲОНӢ,
дабири анҷумани фарҳангӣ рӯшангарии "Тӯрон" дар Масков

ХАБАР

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97