И. ТАЛБАКОВ: НОМИ КОММУНИСТ ТАҒЙИРНОПАЗИР АСТ Посухи котиби КМ ҲКТ Исмоил Талбаков ба суолҳои нашрияи "Миллат"

Сиёсат 26.02.2010 16:26

-Назари шумо ба шаффофият дар баргузори интихоботи порлумонӣ.

-Назари мо ба шаффофият дар баргузории интихоботи парлумонӣ он аст, ки қонунҳо марбут ба интихобот риоя мешаванд, масъулини комиссияҳои интихоботӣ ҷавобгариро ҳис намуда онро риоя менамоянд ва муроҷиату таъкидҳои Президенти кишвар оиди шаффофият дар баргузории интихобот амалӣ хоҳанд шуд. Боқимонда аз иштироки фаъолонаи интихобкунандагон ва виҷдони комиссияҳои участкавии интихоботӣ вобастагӣ дорад.

Дар сурати пирӯзӣ ва роҳ ёфтан ба порлумон ҳизби шумо бештар кадом масоилеро барои баррасиву иҷро пешниҳод мекунад?

Дар сурати пирӯзи ёфтан пеш аз ҳама мо ба таъсиси фраксияи Коммунистӣ шурӯъ намуда паи амали шудани Барномаи пеш аз интихоботии худ кӯшиш хоҳем кард.

Нуфузи ҳизби шумо дар кадом манотиқи кишвар бештар аст ва ба назари Шумо кадом омилҳо боиси таваҷҷуҳи минтақа ба ҳизби шумо дониста мешавад?

Нуфузи ҳизби мо қариб, ки дар ҳамаи минтақаҳои кишвар хуб аст, чунки мо дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо ташкилотҳои ибтидоии худро дорем, ки онҳо доимо амал мекунанд. Барономаи амали ҳизби мо ки дар асоси Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи замони Шуравӣ, дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ ва таҷрибаи давлатҳои сохти сотсиалистӣ ба монанди Ҷумҳурии Халқии Хитой, Чумҳурии Белорус ва ғайраҳо таҳия шудааст ва ӯ барои ҳифзи манфиатҳои мардуми заҳматкаш ва зиёиёни рӯшанфикр нигаронида шудааст ва мақсади он барои танзими давлатӣ ва банақшагирии дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ нигаронида шудааст. Мақсади барномаи мо барои мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии давлат нигаронида шудааст.

Мо гуногунии шакли моликиятро эътироф менамоем ва он бояд аз ҷониби давлат дастгири ёбад. Лекин корхонаҳою хоҷагиҳо ва заводу фабрикаҳои азим, ки дар замони ноороми саросемавор хусусӣ гардонида шуданд ва ҳоло аз фаъолият монда мардуми зиёд аз ҷои кор маҳрум шудаанд, бояд бо истифода аз қонуни муфлисшавӣ ва механизмҳои андозситонӣ таҳлил карда шаванд ва ба манфиати халқу давлат истифода шаванд.

Иртиботи ҳизби шумо бо аҳзоби дигар дар чӣ сатҳу поя қарор дорад ва оё шумо омода ҳастед, ки дар сурати роҳ ёфтани вакилонатон ба порлумон бо аҳзоби дигар фраксия ё иттиҳоди порлумоние ташкил бикунед?

Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон бо ҳамма аҳзоби сиёсӣ, ки дар доираи Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда барои рушди иқтисодиёти кишвар фаъолият менамоянд ҳамкорӣ менамояд.

Дар сурати роҳ ёфтани вакилони Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба парлумони кишвар ва соҳиб шудани шумораи мандатҳои зарурӣ пеш аз ҳамма мо фраксияи худро хоҳем таъсис дод ва барои амали шудани барномаи худ нақша-чорабиниҳо тартиб медиҳем. Бо дигар аҳзоби сиёсӣ бошад ҳамкории судмандро дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯи Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба меъёрҳои байналмиллалӣ ба анҷом хоҳад расонид.

Таваҷҷуҳ ба ҳизби шумо чи гуна ҳаст ва оё Шумо гуфта метавонед, ки теъдоди аъзои ҳизбатон ба ҳисоби дарсадӣ дар муқоиса бо солҳои пешин то чӣ андоза афзоиш ёфтааст?

Таваҷҷӯҳ ба ҳизби мо дар муқоиса ба солҳои пешина хеле беҳтар гардида ҳар соле ба сафи мо бештар аз 1500 нафари касбу кори гуногун, хусусан ҷавонон, донишҷуйён ва онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз хориҷи кишвар бар мегарданд дохил мешаванд. Ҳоло дар сафҳои мо бештар аз 50.000 нафар аъзоён фаъолият менамоянд ба ғайр аз онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Иқдомоти ҳизби мо дар тӯли солҳои фаъолият умуман ва дар солҳои охир хусусан инҳо мебошанд.

Ҳизби мо бештар аз 80- сол мешавад, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар фаъолият намуда дар таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун субъекти байналмиллалӣ шинохти он дар арсаи байналмиллалӣ, дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ҳифзи Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати Миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз ва Рушду нумӯъи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми бо сазое гузоштааст ва дар оянда хоҳад гузошт. Умуман ҳизби мо ҳимоякунандаи мардуми заҳматкаш ва зиёиён мебошад ва он чизе, ки дар тӯли бештар аз 80 сол ба анҷом расонидааст танҳо ба хотири беҳдошти зиндагии мардум ва рушди Тоҷикистон нигаронида шудааст. Қариб ки ҳаммаи дастовардҳои кишвари мо дар давоми 70 соли замони Шуравӣ ба фаъолияти ҳизби мо зич алоқамонд аст. Тоҷикистон , ки як гӯшаи қафомондаи аморати Бӯхоро ба ҳисоб мерафат ва аз давлатдории худ беш аз ҳазор сол маҳрум буд ба як кишвари мустақил, тарақиёфта табдил ёфт, ҳоҷат ба тавзеҳу таҳлили он нест. Ва дар он давра ҳама чиз барои мардуми заҳматкаш ҳифзи манфиатҳои он равона шуда буд.

Кадом авомиле монеъи бештар шинохта шудани Ҳизби шумост?

Барои шинохти ҳизби мо омӯзиш ва таҷрибаи замони Шуравӣ ва кишварҳои раванди сотсиалистидошта ба монанди Хитой, кишвари Белорус, Кореяи Шимолӣ, Ветнам ва барномаҳои коммуникатсионию энергетикие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташшабуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали шуда истодааст. Билохир ҷори намудани танзими давлатӣ ва ба нақшагирии соҳаҳои иқтисодиёт яке аз ҳадафҳои асосии барномаи амали мо мебошад.

Оё номгузорииҲизбатон дар ҷалби бештари мардум ба навъе мусоидат мекунад ё хайр?

Номи ҳизби мо таъғйирнопазир аст, чунки "Коммунист" ин аз маънои "коммуна", яъне иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ гирифта шудааст ва барои ҳалли он мубориза хоҳад бурд ва мувафақ хоҳем шуд.

Аввалин ислоҳоте, ки дар сурати пирӯзи ҳизби Шумо анҷом доданист кадом мебошад?

Аввалин ислоҳоте, ки мо дар сурати пирӯзи шудан амалӣ хоҳем кард ин дар доираи Конститутсия ба қонунҳои амалкунанда, ки вазъи иҷтимоии шаҳрвандонро беҳтар менамояд, бо истифода аз ташшабусӣ қонунгузори тағйиру иловаҳо ворид намуда, лоиҳаи қонунҳоеро, ки рушди иқтисодиёт, беҳдошти зиндагии мардум, таъмини ҷойҳои корӣ, истифодаи захираҳои мавҷуда ва ғайраро таъмин менамояд таҳия ва пешниҳод менамоем.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97