Ҷеенбеков ба ҷавобгарӣ кашидани президентҳои пешини Қирғизистонро иҷозат дод

Хабари хуб 17.05.2019 10:57

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков қонуни кафолати фаъолиятҳои президентро имзо кард, ки механизми ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарони пешини ин кишварро пешбинӣ мекунад.

Муаллифони лоиҳа вакилон Исҳоқ Масалиев ва Курманқул Зулушев пешниҳод карданд, ки меъёри дахлнопазирии президентҳои пешин аз қонуни кафолати фаъолиятҳои президенти ин кишвар ҳазф карда шавад.

Аз ҷумла, президенти пешин дар асоси айбномаи порлумон метавонад ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Додситонии кул низ бояд нишонаҳои ҷиноятро дар кирдори ӯ тасдиқ кунад.

Бар асоси банди 11-и лоиҳаи қонун, президенти пешин набояд дар вазифаҳои сиёсӣ ё махсуси давлатӣ кор кунад. Ҳамчунин қонун ба президенти пешин кор дар вазифаҳои сиёсии раҳбарии бахшҳои ҳизб ва иштирок дар фаъолияти сиёсии ҳизбро манъ мекунад. Дар сурати риоя нашудани ин талабот президенти пешин бо дархости додситонӣ аз ҳама гуна кафолат маҳрум ва таъмини моддии ӯ аз сӯи буҷа қатъ хоҳад шуд.

Палатаи конститутсионии Қирғизистон ибтидои моҳи октябри соли 2018 банди 12-и қонуни кафолати фаъолиятҳои президент дар бораи дахлнопазирии президентҳои пешинро ғайриконститутсионӣ номид.

Дар Қирғизистон унвони президенти пешинро танҳо Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев доранд. Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев пас аз инқилобҳо аз ин мақом маҳрум шуданд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97