Чаро қирғиз по аз узангу барнамедорад?

Хабари хуб 18.03.2019 12:28

Аз таниши марзие, ки дар рӯзҳои 13 ва 14-уми марти соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ пайваст ва боиси кушта шудани ду шаҳрванди тоҷик гардид, чанд рӯзе беш нагузашта, аммо ба назар мерасад, ки дар кишвари мо ҳодисае рух надодааст. Зоҳиран низ оромӣ ҳукмфармост.

Аммо ҳам “ғарриву пешхезӣ”-и қирғизҳо ва бешармии онҳо дар баробари қурбонӣ гирифтани ҷони ширини ду ҷавонмарди тоҷик ҷои нигаронӣ дорад.

Дуруст аст, ки ҳеч фарди оқиле нооромӣ ва ноамниро орзу намекунад, вале оё ин охирон қурбонӣ барои тоҷик хоҳад буд? Оё хомӯшии мо дар баробари ин фоҷиа ва вонамуд кардани вазъият ҳамчун оромӣ барои оянда чи паёмадҳое хоҳад дошт?

Дар лаҳзаҳои аввали таниш Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро “дар вайрон кардани муъоҳидаи дуҷонибаи байниҳукуматӣ”, ки мутаваққиф кардани бунёди роҳи “Куктош – Оқсой – Тамдиқ”-ро пешбинӣ мекард, гунаҳкор кард ва раиси шӯрои маҳаллии ОқСойи вилояти Бодканд Роза Усароваро дар таҳрики низоъ ва барангехтани кинаву адовати қавмӣ муқассир донист, ки боъиси ситоиш аст.

Вале бозтоби ин мавзуъ аз нигоҳи расонаҳои тоҷик, ба хусус васоити ахбори умуми давлатӣ бисёр камранг буд. Дар ҳоле ки расонаҳои қиргизӣ тавонистанд ин мавзуъро бо вуҷуди куштани ду шаҳрванди тоҷик ба нафъи хеш бозтоб диҳанд.

РИА Новости (https://ria.ru/20190314/1551795199.html?fbclid=IwAR12GDJiyxVnkYZCQmaDJNmY0rP4oyIG6aSJisaDdYsvF0W4g7qON4m4lNs) бо истинод аз портал 24.kg  хабари доғашро  чунин унвон мегузорад: “Киргизстанец ранен в ходе конфликта на границе с Таджикистаном”. Ва маҷруҳ шудани як қирғиз муҳимтар аз кушта шудани ду шаҳрванди тоҷик арзёбӣ мешавад. Яъне ба ин маънист, ки расонаҳои қирғизӣ тавонистанд мавзуъро ба нафъи худ бозтоб диҳанд.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки раиси вилояти Суғд ин мавзуъро ҷои нигаронӣ намедонад. Вай дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтааст: “"вазъият хуб аст, ҷои нигаронӣ нест, тафсилотро баъди анҷоми гуфтушунид мегӯем."

Бо вуҷуди кушта ва захмӣ шудани шаҳрвандони тоҷик мақомот дар Исфара гуфтанд, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон иҷоза надодаанд, имдодгарони Салиби Сурх ба сокинони осебдидаи ҷамоати Ворух дору дастрас кунанд.

Иқбол Илёсзода сухангӯи ҳукумати Исфара, рӯзи 17-уми март дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло онҳо дар Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ҳастанд".

"Мошини Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ки ба деҳаи Ворух ҳамчун кумаки башардӯстона дору мебурд, то ҳанӯз дар марз дармондааст. Мунтазири иҷозаи низомиёни Қирғизистон ҳастанд", гуфтааст вай.

Чизе, ки дар рӯзҳои охир қобили мушоҳида буд, ин буд, ки ниҳодҳои Қирғизистон ба таври ошкоро ба расонаҳо иттилоъ дар мавриди ҳаводисро пешниҳод мекунанд ва мавқеи худро изҳор медоранд, дар ҳоле ки чеҳраҳои расмӣ дар Тоҷикистон, ба ҷуз аз дафтари матуботи Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Бо ин ҳама Хадамоти марзбонии Қирғизистон изҳор доштааст, ки низоъро бошандагони маҳаллаи Меҳнатободи Тоҷикистон оғоз кардаанд ва муқобили сохтани роҳи убурии Оқ Сой – Тамдиқ аз ҷониби Қирғизистон, эътироз кардаанд.

Ҳамчунин ноиби нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Разоққов гуфтааст, ки роҳ дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад ва онҳо ҳақ доранд роҳро бунёд кунанд.

Аммо ба гуфтаи сокинони ҷамоати Ворухи Исфара, баъди бунёди роҳ ҷониби Қирғизистон имкон дорад болооби дарёи Исфараро таҳти назорат қарор бидиҳанд ва онҳо эҳтимол дорад бе об бимонанд.

Гуфта мешавад, дар шаш соли ахир, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чандин низоъ ва ҳатто истифода аз артилерияи сангин рух додааст. Омили ҳамаи низоъҳо маҳз бунёди роҳи Оқсой – Тамдиқ будааст.

Агар ҳоло ҳам чашмамон ранги хуни ин ду тан аз сокинони кишварро, ки дар як муҳорибаи нобаробар рехта шудааст, ташхис намедиҳад, пас ниёз ба табобати чашмонамон дорем. Не?!

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97