Аз 21-ум то 22-юми март дар Душанбе чемпионат оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мешавад

Хабари хуб 15.03.2019 10:17

Аз  21-ум то 22-уми марти  соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз  чемпионати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад.

Тавре ба «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чемпионати  мазкур дар чорчӯби Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Марҳилаи  аввали чемпионат  15 феврали соли 2019 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ва марҳилаи дуюми он 1-уми марти соли ҷорӣ дар вилоятҳои  Хатлон, Суғд ва ВМКБ баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ  роҳхат пайдо намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани  чемпионати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод, муайян кардани беҳтарин чеҳраҳои варзиш ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз анҷоми чемпионат узви яккачини дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян гардида, ғолибони вазнҳо имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмиллалиро пайдо мекунанд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97