Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар бозори “Москва” ва “Садовод”-и Русия

Хабари хуб 12.03.2019 09:46

Рӯзи гузашта дар ҷараёни як амалиёти вижа, ки тавассути пулиси Русия дар ду бозори бузурги шаҳри Маскав- “Садовод” ва маркази тиҷоратии “Москва” роҳандозӣ гардид, ҳудуди 30 то 35 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва ба идораҳои пулис интиқол дода шуданд.

Рейди сохторҳои ҳифзи қонуни Русия соати 3 шаби 11 март аз муҳосираи ин ду маркази тиҷоратии азим шурӯъ шуд ва баъди санҷиши сарсарии санади кормандони бозор – тоҷирону аробакашҳо ва дигарҳо, даҳҳо нафар ба автобусҳои махсус омодашуда андохта ва ба идораҳои полис бурда шудад. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошанд.

Иброҳим Аҳмадов сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рӯзи 11-уми март ба радиои Озодӣ дар ин бора гуфтааст, ки ин рейди тамоми сохторҳои қудративу тафтишотии Русия бо ҳадафи маълум кардани қонунмандии шароити будубоши кормандони бозор анҷом шуд.

Ӯ дар идома афзуд: “аз рӯи иттилоъе, ки масъулини бозор ба мо пешниҳод карданд, тахминан 30-35 шаҳрванди Тоҷикистон барои муайян кардани санадҳои будубошашон ба шӯъбаҳои полиси ноҳияҳои атроф бурда шуданд”.

Бозори «Садовод» дар гузашта ҳам борҳо мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои ҳифзи қонун қарор гирифтааст. Соли 2014 дар маи муноқишаи таксиронҳо барои ҳақи кор дар наздик ин бозор, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам мавриди боздошту таъқиби полис қарор гирифт.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97