Боздошти Лайливу Маҷнуни замон дар Эрон

Хабари хуб 11.03.2019 08:42

Дар Эрон ду ошиқ ҳини номзадӣ дар маҳзари ом дастгир шуданд.

Ба гузориши сайти Gazeta.ru, вақте ки ҷавон дар ҳузури як теъдоди зиёде аз муштариёни маркази тиҷоратӣ ба духтархонуми маҳбубаш дархости арӯсӣ намуд ва ангуштари номзадӣ ба дасташ кард, ҳар ду тавассути пулис мавриди боздошт қарор гирифтанд.

Видеои ин рӯйдод низ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шудааст. Ин сабт нишон медиҳад, ки чи гуна як ҷавон пешниҳоди худро ба маъшуқи худ ироа медиҳад. Духтари мавриди алоқааш низ ризояти худро нишон дода, бале мегӯяд, духтар ва ҷавони ошиқ якдигарро дар оғӯш мегиранд ва ҷамъият онҳоро ташвиқ мекунанд. Дар ин вақт онҳо тавассути пулис дастгир мешаванд. 

Бу гуфтаи пулис, ин ду ҷавон усули исломиро нақз кардаанд. Мутобиқ ба қавонини Эрон, намоиши умумии эҳсосот мамнуъ аст.

 

 

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97