Бар асоси як таҳқиқ: ғизои бирёншуда умрро кӯтоҳ мекунад

Хабари хуб 28.01.2019 10:50

Мурғбирён, моҳибирён, чипс ва пекор шояд барои бисёриҳо хушмазза ва ғизои матлуб бошад, аммо ёфтаҳои таҳқиқи тоза нишон додааст, ки истеъмоли давомдори ва беш аз ҳадди ин ғизоҳо паёмадҳои ногувор барои саломатии инсонро дар пай доранд.

Таҳқиқи тоза ба гунаи хос гуфтааст, ки заноне, ки беш аз як хӯрок дар ҳафта мурғи бирён ё моҳии бирён сарф мекунанд, шанси бештари мубтало шудан ба бемории қалбро доранд.

Вой Боу пажӯҳишгари аршади ин пажӯҳиш ва устоди сиҳҳати омма дар донишгоҳи Айвои Амрико гуфтааст, ки истеъмоли беш аз ҳадди ғизои бирёншуда бо хатари бештари мубтало шудан ба бемориҳои қалб ва рагҳо, кӯтоҳ шудани умр ва марг тавъам аст.

Ӯ ва ҳамкоронаш дар ин таҳқиқ иттилоъоти марбут ба “ибтикори сиҳҳати занон”-ро арзёбӣ карданд. Ибтикори сиҳҳати занон барномаи таҳқиқие аст, ки аз суи давлати Амрико роҳандозӣ шуда ва бар амрози қалб, саратон ва дигар мушкилоти саломатии занони аз синни 50 ба боло тамаркуз дорад.

Дар ин пажӯҳиш аз соли 1993 то 1998 аз наздик ба 107 ҳазор зани 50 то 79 сола дар мавриди режим ва одати ғизоию ва мушкилоти саломатиашон савол шуд. Сипас донишмандон афроди шомил дар ин пажӯҳишро то соли 2017 зери назар гирифтанд.

Дар ҷараёни наздик ба дую ним даҳа, 9320 зани ширкаткунанда дар ин пажӯҳиш дар асари бемории қалб, 8358 зан дар асари саратон ва 1388 зан ҳам дар асари дигар бемориҳо даргузаштанд.

Донишмандон пай бурданд, ки заноне, ки беш аз ҳадд ғизоҳои бирёншуда масраф мекарданд, мубтало ба мушкилоти қалбӣ шуданд. Як саввуми ширкаткунандагон, ки як ё ду бор дар ҳафта ғизои бирёншуда мехӯрданд, фарбеҳ буданд.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи донишмандон, шомил дар ин пажӯҳиши ёфтаҳои ҷадид танҳо маҳдуд ба Амрико буда наметавонад онро ҷаҳоншумул донист, зеро ба гуфтаи онон ҳар кишвар фарҳанги равишҳо ва маводи мухталиф бирён кардани ғизоро доранд.

Дар Испаниё пажӯҳиши мушобеҳ ҳеч иртиботе миёни масрафи ғизои бирёншуда ва маргу мирро нишон надод, зеро бештари ғизоҳои испониёӣ дар равғани зайтун бирён мешавад.

Манбаъ: darivoa.com

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97