Ғанӣ ва Абдуллоҳ дубора номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон шуданд

Хабари хуб 21.01.2019 10:14

Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ ба таври расмӣ номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ояндаи Афғонистон шуданд. Ғанӣ ва Абдуллоҳ пас аз интихоботи соли 2014 бо миёнаравии Амрико ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил доданд.

Рӯзномаи “Вашингтон пост” навиштааст, миёни 14 номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ояндаи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз матраҳтарин чеҳраҳои сиёсӣ ба шумор мераванд.

Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии ин кишвар, якшанбе 20 январ ба таври ҷудогона ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии тирмоҳи соли 1398 (июли соли 2019) сабти ном карданд.

Пеш аз онҳо Гулбуддин Ҳикматёр раҳбари “Ҳизби исломӣ” ва аз чеҳраҳои муноқишабарангези Афғонистон, Раҳматуллоҳ Набил раиси пешини амнияти миллии Афғонистон ва Аҳмад Масъуд  Валӣ бародари Аҳмадшоҳи Масъуд низ номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуда буданд.

Инттихоботи раёсати ҷумҳурии соли ояндаи Афғонистон 29-уми тирмоҳ (20-уми июл) ва дар ҳоле баргузор мешавад, ки Амрико ва муттаҳидони минтақавии ин кишвар талоши худро барои поён додан ба 18 соли ҷанги дохилӣ дар Афғонистон суръат бахшидаанд.

Сабти номи номзадҳои интихоботӣ ҳам дар ҳоле баргузор мешавад, ки Афғонистон тақрибан ҳар рӯз шоҳиди ҳамалоти хунбори нерӯҳои Толибон ва дигар гурӯҳҳое аст, ки бо Доъиш муртабит ҳастанд.

Ғанӣ ва Абдуллоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2014 ба даври дуввум роҳ ёфтанд. Аммо пас аз эъломи натиҷаи даври дуввуми интихобот Абдуллоҳ аз тақаллуби густурда дар натоиҷи ин интихобот хабар дод ва ҳушдор дод, ки ба натиҷаи он эътироз хоҳад кард.

Сипас бо мудохилаи Амрико ва пешниҳоди Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷаи вақти ин кишвар дар Афғонистон ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шуд ва ҳамин тариқАшраф Ғанӣ барандаи ин интихобот эълом гардид ва Абдуллоҳ раиси ҳукумати ваҳдати миллӣ интихоб шуд.

Манбаъ: dw.com

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97