Мухолифати вазири иқтисоди Қазоқистон бар таъсиси асъори ягонаи Иттиҳодияи АвруОсиё

Хабари хуб 19.12.2018 15:31

Тимур Сулаймонов вазири иқтисоди миллии Қазоқистон рӯзи 19 декабр гуфт, ки аз таъсиси асъори ягонаи электронии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҷонибдорӣ намекунад.

Вай аз ҷумла афзуд: "ин ҳам мавқеи шахсии ман аст ва ҳам мавқеи сиёсиам мебошад. Ман бар ин назарам, ки асъори миллӣ рамзи истиқлоламон аст, мисли суруд, мисли нишону парчам. Мо онро бояд ҳифз кунем ва рушд диҳем".

Ба гуфтаи Сулаймонов, ибтикори эҷоди асъори ягонаи ИИАО барои пардохтҳои электронӣ, ки аз сӯи Русия пешниҳод шуд, расмӣ нест.

Ба тасреҳи вай: "шӯрои миллии пардохти Русия ин пешниҳодро баррасӣ мекунад. Онҳо аз ин навъ пешниҳодҳо чандто доранд, аммо эҷоди асъори ягонаи ИИАО пешниҳоди расмии ҷониби Русия нест. Ҳар кадом эътилофи молиявии Қазоқистон ҳам метавонад, чунин пешниҳоде таҳия кунад".

Пештар аз ин "иттифоқи миллии пардохт"-и Русия дар бораи ҷорӣ кардани асъори ягонаи электронӣ пешниҳоде ироа кард. Ҳафтаи гузашта расонаҳои Русия хабар доданд, ки вазири молияи Русия аз пешниҳоди мазкур ҷонибдорӣ кардааст.

Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё маҳсуб мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97