Интиқоли 1.9 миллиард доллар аз Русия ба Тоҷикистон тавассути муҳоҷирони корӣ

Хабари хуб 18.12.2018 08:36

Тай нуҳ моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолият мекунанд ба ин кишвар 1 миллиарду 900 миллион доллар интиқол доданд.

Бино ба иттилоъи бонки марказии Русия, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба миқдори 9 миллиарду 800 миллион доллар ба хориҷ аз ин кишвар интиқол дода шудааст. Аз ин миқдор маблағ наздики 3 миллиарду 50 миллионаш ба Узбекистон рост меояд. Ҳамин тариқ, дар мииёни кишварҳои ИДМ Ӯзбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия дар ҷои аввал меистад.

Дар ҳамин ҳол, ба Тоҷикистон 1 миллиарду 900 миллион, ба Қирғизистон 1 миллиарду 700 миллион ва 500 миллиони дигар ба Қазоқистон ирсол шудааст.

Пештар аз ин бонки марказии Узбекистон хабар дода буд, ки дар шаш моҳи соли 2018 ба Ӯзбекистон аз хориҷи ин кишвар 3 миллиарду 300 миллион доллар ворид шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бо роҳандозии таҳримҳо алайҳи Русия тавассути Амрико ва муттаҳидонаш интиқоли маблағ аз суи муҳоҷирони кории тоҷик низ қоҳиш пайдо кард. Қабл аз ин таҳримҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар як сол тақрибан то 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон интиқол медоданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97