Боздошти ҳомиёни ҳуқуқ дар рӯзи таҷлили истиқлол дар Қазоқистон

Хабари хуб 17.12.2018 10:47

Дар рӯзи истиқлоли Қазоқистон 16 декабр, пулис чанде аз фаъолони шаҳрвандӣ ва рӯзноманигоронро дар ин кишвар боздошт кард.

Бахитҷон Торегожина ҳомии ҳуқуқ аз Алмаато мегӯяд, бархеҳоро дар майдони марказӣ ва бархеи дигарро ҳангоми берун шудан аз хонаашон боздошт кардаанд.

Миёни боздоштшудаҳо сиёсатмадори мухолиф Жасарал Куанишалин, рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқ Галим Агелеуов, рӯзноманигор Геройхан Кистаубоев, фаъоли ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқ Маржан Аспандияров ва дигарон ҳастанд.

 Ба гуфтаи Торегожина, пушти дари вай низ кормандони пулис навбодорӣ мекунанд ва вай аз берун рафтан худдорӣ кардааст.

Вай дар идома афзуд: "дар рӯзи истиқлол одамон ба кӯча баромаданд ва пулис онҳоро бе сабаб боздошт кард. Барои мисол, ман ҳомии ҳуқуқ, ба ҳеч кадом ҳизб ё ҳаракате шомил нестам. Чаро бояд ман дар ин рӯз аз хонаам набароям. Ин маънои онро дорад, ки як идда одамон ҳаққи ба майдони марказӣ баромаданро доранд, як иддаи дигар не?".

Суйндик Алдабергенов як фаъоли дигар аз шаҳри Алмаато гуфт, ӯ низ наметавонад аз хонааш берун шавад.

Салтанат Ташимовафаъоли дигари ҷамъиятӣ дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки ӯро ба идораи пулис бурдаанд. Ташимова баъдтар хабар дод, ки дар идораи пулис телефони ӯро тафтиш карда, мукотибаҳояшро хондаанд.

Қазоқистон 16 декабри соли 1991 соҳиби истиқлол шуд. Субҳи 16 декабри соли ҷорӣ ҳокими шаҳри Алмаато бо чанде аз намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар майдони марказӣ дар пояи ёдгории Истиқлол гул гузоштанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97