Дар Душанбе арақ нахӯред, ҳуштак накашед...

Хабари хуб 02.07.2009 16:24

Нӯшидани машрубот, ҳуштак кашидан, бозии бачагон бо кафшҳои чархадор (роликҳо) ва рӯравакҳо (самокатҳо) дар хиёбонҳо ва паркҳои Душанбе манъ шудааст. Аз ин ба баъд касе дар шаҳри Душанбе ҳақ надоранд дар ҳолати мастӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, яъне хиёбону паркҳо, варзишгоҳҳо ва дар нақлиёти мусофирбарӣ ҳузур пайдо кунанд. Ҳамчунин нӯшидани шароб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ эълом шудааст.

Ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, афроде, ки ин муқарраротро вайрон мекунанд, тибқи қонуни маъмурӣ ҷарима мешаванд ва ё ҷазо мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим соли гузашта дар иҷлосияи Маҷлиси шаҳри Душанбе гирифта шуда буд ва ахиран Вазорати адлия санадеро, ки “Қоидаҳои низоми ҷамъиятӣ, беҳдоштӣ ва муҳити зист” унвон шудааст, тасвиб кард.

Тибқи ин санад, ҳамчунин аз соати 11 шаб то соати 6 субҳ овозхонӣ, ҳуштаккашӣ ва бо садои баланд гӯш кардани мусиқӣ дар шаҳри Душанбе манъ шудааст.

Истифодаи кафшҳои чархдор (ролик) ва рӯраваксаворӣ (самокат) дар хиёбонҳо, роҳҳои мошингард, гузаргоҳҳо, паркҳо, гулгаштҳо ва дар “ҷойҳои мамнӯъшуда”, ки барои зиндагии мардум ва ҳаракати воситаи нақлиёт мушкил эҷод мекунад, низ мамнӯъ эълом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе маконе барои истифода аз роликҳову самокатҳо иҷоза шудааст, мушаххас нест ва кӯдакону ҷавонон маъмулан барои ин амр аз паркҳову хиёбонҳо истифода мекунанд.

Тибқи ин санад, ҳамчунин таваққуфи мошинҳо “дар ҷойҳое, ки барои ин амр пешбинӣ нашудааст, манъ мешавад”. Шаҳрдорӣ ҳамчунин тасмим гирифтааст, аз сохтмони ғайриқонунии гаражҳо барои мошинҳо низ ҷилавгирӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ қабл порлумони Тоҷикистон ба қонун дар бораи мақоми шаҳри Душанбе ислоҳот ворид кард, ки бар мабнои он таваққуфи мошинҳо дар назди биноҳои баландошёна қотеъона манъ шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97