“Накӯӣ ҳадя намо!”

Хабари хуб 04.01.2017 17:24

Ширкати ҳавопаймои Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» фаъолияти иҷтимоиашро дар соли нав аз иқдоми «Накӯӣ ҳадя намо!» барои ёрӣ ба кӯдакони то сини 12-солаи мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб оғоз кардааст.

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширткати «Тоҷик Эйр» мегӯяд: «Тибқи анъанаи накӯ дар Соли нав одамон ба якдигар тӯҳфаҳо ҳадя карда, хабари хуш мерасонанд ва бо ҳамин восита табъи дӯстонашонро хуш мегардонанд. Туҳфаи беҳтарин барои ҳар кас солимӣ аст. Минбаъд аз ҳар билети ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» 2 сомонӣ ба суратҳисоби Фонди хайриявии ширкат ирсол мегардад. Маблағи ҷамъоваришуда барои кумак ба кӯдакони 12-солае харҷ мегардад, ки мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб мебошанд. Мо ба оилаҳое кумак мерасонем, ки ба мо барои харидани дору муроҷиат мекунанд. Қаблан ба ҳамаи мусофирони «Тоҷик Эйр», ки дар ин кори хайр саҳм мегузоранд, изҳори сипос мекунем».
Ба гуфтаи сухангӯи ин ширкат, дастгирии мардум яке аз самтҳои фаъолияти иҷтимоии «Тоҷик Эйр» аст. Ӯ мегӯяд, зеро солимӣ, табъи болида ва маърифатнокии кӯдакон кафолати ояндаи нек аст. Ширкати «Тоҷик Эйр» барномаҳои зиёди иҷтимоиро рӯи даст дорад, ки яке аз самтҳои он кумак ба хонаҳои кӯдакон ва созмонҳои хайриявӣ мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97