Кашфи махфигоҳи аслиҳа

Хабари хуб 18.06.2009 14:24

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохила, дар давоми даҳ рӯзи ахир кормандони интизомӣ чаҳор махфигоҳи аслиҳаро кашф карда, миқдори зиёди силоҳ пайдо кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат гуфтааст, ки кормандони вазорат ин махфигоҳҳоро дар ҷараёни амалиёти махсуси "Кӯкнор-2009" кашф кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони ин вазорат рӯзи 14 июн соати 14 дар наздикии яке аз сохтмонҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе махфигоҳро кашф карданд, ки аз он ҷо як силоҳи Калашников ва миқдори зиёди тир пайдо карданд. Чунин махфигоҳ дар ноҳияи Варзоб ва Рудакӣ низ пайдо шудааст. Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб низ миқдори зиёди тир барои силоҳи Калашников ва дар ду махифгоҳ дар ноҳияи Рудакӣ як силоҳи Калашников ва як таппончаи навъи хориҷӣ бо тирҳо кашфу мусодира шудааст." Манобеъи Вазорати дохила мушахасс кардаанд, ки миқдоре аз ин аслиҳа дар ҷиноёти марбут ба қатл истифода шуда ва ба гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноятӣ тааллуқ доштааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97