Хонаро ҷорӯб занед, меҳмони нав меояд…

Хабари хуб 07.05.2016 13:00

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар остонаи сафари расмии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ба кишвар дар баёнияе густариши равобит бо Кобулро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Душанбе унвон кард.

Дар ин баёния бо ишора ба сафари қарибулвуқуи Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон омадааст: Тавсеаи равобити байни Тоҷикистон ва Афғонистон бар асоси усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, дӯстӣ ва кумаки мутақобил дар тамоми ҳавзаҳои‌ зиндагӣ поягузорӣ шудааст.

Дар ин баёния ҳамчунин бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои‌ ду кишвар дар заминаи‌ иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари раисҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон дар чорчӯби мушорикати ин кишвар дар иҷрои тарҳи КАСА-1000 сурат хоҳад гирифт.

Иҷрои тарҳи КАСА-1000 қарор аст, 12-и май дар Тоҷикистон оғоз шавад.

Инчунин, Алмосбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон низ ба Тоҷикистон сафар ва дар маросими ифтитоҳи ин тарҳ ширкат хоҳанд кард.

 Бо иҷрои тарҳи КАСА-1000 солона 1300 мегаватт барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон содир хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97