Вазири баҳрайнӣ ба форсизабонон тавҳин кард

Хабари хуб 24.08.2013 13:52

SamiraВазири иттилорасонӣ ва сухангӯи давлати Баҳрайн, дар вокуниши асабӣ ба назароти мухолифи худ, корбарони пойгоҳи иҷтимоии твиттерро, ки ба сиёсатҳои саркубгаронаи Оли Халифа муътаризанд, инсонҳое бад-забон номид ва онҳоро ба мӯш ташбеҳ кард.

Самира Раҷаб дар сафҳаи корбарии худ дар твиттер, эътирозоти корбарон ба худро - ки аз дифои бечуну чарои вай аз сиёсатҳои саркубгаронаи Оли Халифа ношӣ шуда - дашном ва бадзбон номид ва иддао кард, ки дар тӯли таърих, арабҳо ҳамеша ба ихтилофи назарҳо эҳтиром гузоштаанд ва мантиқро бо мантиқ посух додаанд, аммо инҳо имрӯз бо каломи зишт ва дашном бо ман ба мухолифат бархостанд, оё инон воқеан араб ҳастанд?

Самира Раҷаб сипас дар тавҳини ошкор ба ғайриарабҳо ва ба хусус форсизабонон, афзуд: Арабҳо ҳаргиз бадзабон ва дашномдиҳанда набудаанд ва зиштии калом, аз вижигиҳои ғайриараб ва порсигӯён аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97