Хабари хуб

Аҳолии Тоҷикистонро мешуморанд 23.07.2009 15:00 Аҳолии Тоҷикистонро мешуморанд
Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон барои анҷоми саршумории аҳолӣ аз ҳукумат 40 млн. сомонӣ талаб кардааст. Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи давлатии омори кишвар инро дар нишасте матбуотӣ эълом кард. Қарор аст, ин саршуморӣ ....

Ғарқ шудани «Тойота Корола» ҳамроҳи як зан дар дарёи Панҷ 16.07.2009 18:04
Дар минтақаи Шошиндашти шаҳри Хоруғ шаби 13-уми июл автомашинаи тамғаи «Тойота Корола» дар дарёи Панҷ ғарқ шуд.
Аз Чин як мошин ҳам ворид нашудааст 16.07.2009 18:03
Ёрмуҳаммад Фақиров, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрук дар Вилояти Бадахшон хабар медиҳад, ки дар нимсолаи аввали соли 2009 бояд ба буҷаи давлат 5290130 сомонӣ ворид мегардид, аммо бар асари кам гардидани гардиши мол ва афзудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷаи давлат танҳо 3323680 сомонӣ ворид шудааст.
BBC: Гугуш аз гуруснанишинӣ дар назди СММ ҳимоят кард 16.07.2009 18:03
Эбӣ ба гуруснанишинии Акбари Ганҷӣ мепайвандад Эбӣ, овозхони маъруфи попи Ирон дар баёнияе аз барномаи гуруснанишинии серӯзаи Акбари Ганҷӣ дар баробари Созмони Милали Муттаҳид эъломи ҳимоят карда ва аз пайвастан ба гуруснанишинон хабар додааст.
Мирзо Зиёев боздошт шуд 11.07.2009 19:22
Тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ, Мирзо Зиёев, собиқ Вазири ҳолатҳои фавқуллода ва Неъмат Азизов аз қумондонҳои собиқи опозитсиюн шоми ҷумъа 10 июл дар маҳали Чилдараи ноҳияи Тавилдара зимни як амалиёти Вазорати корҳои дохилӣ зинда боздошт шудаанд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ин хабарро на тасдиқ ва на рад кард. Муфасалтар дар ин бора ....
Даргирӣ дар Тавилдара 09.07.2009 21:08
Манобеъи пулиси Тоҷикистон мегӯянд, ки шоми рӯзи чаҳоршанбеи 8 июл теъдоде нерӯҳои изофӣ ба ноҳияи кӯҳистонии Тавилдара, воқеъ дар шарқи ин кишвар, эъзом шудаанд.
Ду милисаи роҳзани ОМОН зиндонӣ шуданд ва Тавакалхӯҷа Низомов дар ҷустуҷӯст 09.07.2009 15:03
Додгоҳи олии кишвар ду нафар кормандони ОМОН-и ВКД -ро дар ғорат ва ҳамла ба як казино гунаҳкор шинохта ва онҳоро барои давраҳои тулонӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Маҳмадалӣ Абулҳақов, судяи ин парванда, 3 июл гуфтааст, ки муҳокимаи ин парвандаи ҷиноӣ даҳ рӯз идома дошт ва ҳукми додгоҳ алайҳи муттаҳамон дар ....
Бонки Осиёии Тавсеъа: 40 млн. доллар ҳадя, дуруст истифода кунед 09.07.2009 15:03
Бонки Осиёии Тавсеъа тахсиси маблағи 40 млн. доллар кӯмаки бебозгаштро барои коҳиши паёмадҳои бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон тасвиб кардааст. Ба ин муносибат рӯзи 7 июл миёни Макото Оҷиро, раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Душанбе ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, тавофуқномае барои тахсиси ин кӯмаки бебозгашт имзо шуд.
Хонаводаҳои серфарзанди деҳот бештар камбағаланд 09.07.2009 15:02
Кумитаи омори кишварамон ҳамроҳ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид натиҷаи пажӯҳиши тозаеро мунташир кардаанд, ки даракгӯ аз фақри густарда дар хонаводаҳои серфарзанд, бахусус дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон аст.
Тоҷири бозори "Шоҳмансур"-ро куштанд 09.07.2009 15:02
Дар пойтахт, рӯзи 1 июн як тоҷир дар назди манзили истиқоматиаш ба зарби тири тапончаи Макаров кушта шудааст. Ин тоҷир Ҷумъахон Тӯйдакови 36-сола, сокини шаҳри Душанбе буда ва дар бозори Шоҳмансур соҳиби чанд дӯкон будааст.
Меҳмон Бахтӣ дубора раис шуд 09.07.2009 15:01
Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драманавис, дуюмбора ба ҳайси раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Интихоби Меҳмон Бахтӣ рӯзи 3 июл дар анҷумани сездаҳуми Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ки дар толори театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе мегузашт сурат гирифт. Меҳмон Бахтӣ бидуни алтернатив дар як райгирии ошкор бо раъйи ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97