Боздиди раиси ҷумҳури Латвия аз Тоҷикистон

Хабари хуб 16.07.2009 18:05

Раиси ҷумҳури Латвия, Валдис Затлерс субҳи рӯзи шанбеи 11 июл ба манзури анҷоми дидори чаҳоррӯза аз Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе, шуд. Дар рӯзи аввали дидори расмии Валдис Затлерс, раиси ҷумҳури Латвия, аз Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, саноат, илмию фаннӣ ва иртибототи ҳамлу нақлии байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Латвия ба имзо расид.

Пас аз анҷоми маросими истиқбол, ки дар Кохи Миллат, сурат гирифт, Валдис Затлерс ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти якбаяк баргузор карданд.

Сипас музокироти раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Латвия бо ширкати ҳайати мақомоти баландпояи ду кишвар сурат гирифт.

Дар поёни имзои асноди ҳамкорӣ, Валдес Затлерс, раиси ҷумҳури Латвия, ба Эмомалӣ Раҳмон, орден ё нишони олии "Се ситора" -и давлати Латвияро тақдим кард.

Ба навбаи худ Эмомалӣ Раҳмон, ордени "Исомили Сомонӣ"-ро, ки нишони олии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба Валдес Затлерс тақдим кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси матбуотӣ дар ҳоле ки аз дидори расмии Валдис Затлерс ба Тоҷикистон истиқбол кард, гуфт имзои асноди ҳамкорӣ миёни ду кишвар имкон хоҳад дод, то равобити Тоҷикистон бо Латвия дар заминаҳои иқтисодӣ, саноат, илмию фаннӣ ва иртибототи автомобили байналмилалӣ бештар густариш пайдо кунад.

Ба қавли Президент Раҳмон, "мулоқот бо раиси ҷумҳури Латвия дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, ошкор ва созанда сурат гирифт, ки метавонад такони ҷиддие дар равобити ду кишвар дошта бошад."

Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи парвози ҳавопаймо миёни Душанбе ва Рига, пойтахти Латвия, дар ду моҳ қаблро маҳсули ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар арзёбӣ кард. Инчунин таваҷҷуҳ ба узвияти Латвия дар Иттиҳодияи Аврупо истифода аз бандарҳои соҳили Балтикаро барои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ зарурӣ хонда ва гуфт, ки ба мақомоти кишвар дастур додааст, то мавзӯъи воридоти ашёи хом барои Корхонаи алюминӣ Тоҷикистон, мавсум ба ТАЛКО, ва содироти маҳсулоти алюминӣ ба Аврупо аз тариқи бандарҳои воқеъ дар Латвияро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид аст, ки ТАЛКО метавонад терминалеро дар бандарҳои воқеъ дар Латвия роҳандозӣ кунад, ки аз ин тариқ имконоти хуби ҳамкорӣ барои воридоту содироти мол вуҷуд хоҳад дошт.

Валдес Затлерс, раиси ҷумҳурии Латвия, аз кишвараш ба унвони "дарвозае барои пайвастани Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупо" ном бурд ва гуфт : "Мо омодаем барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои аврупоӣ кӯмаки фаровоне кунем."

Инчунин қайд кард, ки "Сафар ба Тоҷикистон қадами муҳиммест дар ҷоддаи ҳамкориҳо на танҳо бо ин кишвар, балки бо минтақаи Осиёи Марказӣ, ки метавонад омили тавсеъаи пойдор гардад. Барномаҳои зиёди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон вуҷуд доранд, вале дар ин сафар ҳайъате аз бозаргонони латвиягӣ заминаҳои ҳамкориро боз мушаххас хоҳанд кард, ки умед аст ба манофеъи ҳар ду кишвар ва бахусус мардумони тоҷику латиш хоҳад буд."

Дар ҳамин ҳол, Валдес Затлерс, раиси ҷумҳури Латвия, нақши Тоҷикистонро дар истиқрори суботу амният ва тавсеъаи иқтисодӣ дар Афғонистон муҳим талаққӣ кард.

Ба ин тартиб, соҳибназарон сафари Валдис Затлерс, раиси ҷумҳури Латвия ба Тоҷикистонро, ки узви НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо аст, барои тақвияти ҳамкориҳои на танҳо дуҷонибаи ин ду кишвар, балки дар ҷиҳати таъмини амнияти минтақаӣ, бавижа дар Афғонистон муҳим медонанд.

Раиси ҷумҳури Латвия дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо Маҳмадсаъид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, ва Оқил Оқилов, нахуствазири ин кишвар, низ дидору гуфтугӯ кард.

Нахустин дидори расмии Валдис Затлерс аз Тоҷикистон посухе ба дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар ба Рига, пойтахти Латвия дар феврали соли ҷорӣ аст.

Зимнан, Тоҷикистон равобити дипломатиаш бо Латвияро аз соли 1994 оғоз кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97