BBC: Гугуш аз гуруснанишинӣ дар назди СММ ҳимоят кард

Хабари хуб 16.07.2009 18:03

Эбӣ ба гуруснанишинии Акбари Ганҷӣ мепайвандад

Эбӣ, овозхони маъруфи попи Ирон дар баёнияе аз барномаи гуруснанишинии серӯзаи Акбари Ганҷӣ дар баробари Созмони Милали Муттаҳид эъломи ҳимоят карда ва аз пайвастан ба гуруснанишинон хабар додааст.

Иброҳим Ҳомидӣ, ё Эбӣ, дар ин ҳол нигаронии худро аз вазъи боздоштшудагони нооромиҳои пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Ирон эълом кардааст.

Акбар Ганҷӣ қарор аст аз 22 то 24 июл дар эътироз ба рухдодҳои ахири Ирон ва ба гуфтаи ӯ, хушунат алайҳи муътаризон ба натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар дар баробари сохтмони Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк даст ба гуруснанишинӣ бизанад.

То кунун теъдоде аз фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқи башар ва ҳунармандони иронӣ монанди Гугуш ва Дориюши Иқболӣ ҳимояти худро аз барномаи гуруснанишинии оқои Ганҷӣ дар баробари Созмони Милал эълом кардааст.

Эбӣ дар баёнияи худ гуфтааст: "Ҳаводиси моҳҳои ахири Ирон хиракунанда будааст. Ҳузури пуршӯри мардум бо рангҳои шод, ҳамаро ба ин гумон андохтанд, ки аз тариқи сандуқҳои раъй метавон ба давлат "на" гуфт ва ҳукумату сиёсатҳоро тағйир дод."

Ӯ дар ин ҳол аз ин ки эътирози ороми мардуми Ирон ба натиҷаи интихобот бо "гулӯла ва ботум ва гози ашковар ва боздошту шиканҷа" посух дода шуд, таассуф хӯрдааст.

Эбӣ бо қаҳрамон хондани даҳҳо тан аз кушташудагони ҳаводиси ахири Ирон гуфт: "Инак даҳҳо тан аз фаъолони сиёсӣ ва мудофеъони ҳуқуқи башар дар шароите душвор дар зиндонҳо асир шудаанд. Бояд ба доди онҳо расид."

Дар баёнияи Эбӣ афзуда шудааст, ки ӯ дар севумин рӯзи гуруснанишинии Акбари Ганҷӣ, фаъоли сиёсии иронӣ ба ӯ ва соири гуруснанишастагон хоҳад пайваст.

Ӯ ҳамчунин аз тамоми ирониҳои муқими Иёлоти Муттаҳида хостааст, ба ин иқдом бипайванданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97