Вики вики, бишитобед, дер намонед

Илм ва фановарӣ 28.01.2012 10:15

Рӯзе, ки Википедиа "чодари сиёҳ" ба сар кард

Rustam_IbrohimovvvҲафтаи гузашта, дақиқтараш рӯзи 18-уми январ, Википедиа маъруфтарин донишномаи замони имрӯз, ки бо талоши миллионҳо нафар миллионҳо мақола нашр кардаасту ин арқом ҳам дар ҳоли афзоиш аст, барои як рӯзи тамом сафҳаи нахустин худро ба "чодари сиёҳи мотам" табдил дод. Ин иқдом ба нишони эътироз ба баррасии тарҳи нави қонуне дар Амрико сурат гирифт, ки то андозае озодиҳои интернетиро коҳиш медиҳад.
Ва аммо худи Википедиа чист? Бунёдгузори сафҳаи тоҷикии Википедиа Иброҳим Рустамов имрӯз ба хидмати дӯстдорони фановариҳои навини ҳафтаномаи "Миллат" омадааст:

Вики вики, дер намонед!

Дар фазои шабакаи Интернет шумораи торнамоҳо бо забони тоҷикӣ ба кундӣ, аммо рӯз то рӯз афзудан дорад , аммо торнамоҳои таълимӣ бо забони точикиро то ҳол метавон бо ангушт шумурд. Яке аз ин торнамоҳои омӯзишӣ, ки ҳадафи он расонидани иттилооти озод, яъне ройгон ва бидуни таблиғ мебошад, Донишномаи Википедиа аст.
Насли аввали Интернет, ки Web 1.0 мегӯянд, read only "тан- ҳо хондан" буд ва на ҳама корбарони Интернет иттилоотро бо осонӣ метавонистад ба фазои Интернет ҷой бидиҳанд. Барои сохтани саҳфаҳои интернетӣ дониши барноманависӣ, ё HTML ва донистани истифодаи нармафзорҳои роёнаӣ лозим буд. Шуруъ аз аввали садсолаи ХХ1, насли дуюми Интернет, яъне Web 2.0 read and write "хондан ва навиштан" пайдо шуд. Нармафзорҳоеро таҳия карданд, ки ба корбари оддии Интернет имкон медиҳад, ки на фақат иттилоотро мутолиа намояд, балки боз дар эҷоди он иштирок варзад. Ба насли дуюми Интернет торномаҳои ба монанди Вики, блогҳо ва ғайраҳо мансубанд, ки дар он ҳама иштирок карда метавонанд.
Вики вики- вожаест аз забони сокинони ҷазираи Хаваи, ки мазмунаш "тез -тез" мебошад. Номи Википедиа иборат аз Вики вики ва педиа аз энсиклопедиа аст.
Ин Донишнома маъруфтарин маҳсули Бунёди Викимедиа буда, феълан, ба як Ҳаракати олами маҷозӣ табдил гардидааст. Ин Ҳаракат ҳам дар Амрико шуруъ шуда, ва ҳоло бо забонҳои мухталиф дастраси муштариён мебошад. Идораи марказии Бунёди Викимедиа дар шаҳри Сан-Франсискои иёлати Калифорниё дар Амрико мебошад. Ин донишнома дар таърихи инсон бузургтарин донишнома ба ҳисоб рафта, бо донишномаҳои бузурге ба монанди Донишномаи Британика ва дигарон рақобат мекард. Ҳамакнун шумораи мақолаҳояш аз миллионҳо гузашта, даҳҳо маротиба аз Донишномаи Британика бузургтар шуд ва сифати мақолаҳояш беҳтар шуда, ҳамарӯза ба рӯз мешавад. Дар эҷоди ин донишномаи бузург, ки ҳазорҳо ва миллионҳо мақола бо забонҳои гуногун дорад, корбарони интернет саҳми худро мегузоранд. Аз ин сабаб, Донишномаи Википедиа ҳамчун донишномаи озод байни корбарони Интернет маъруф гашта, муҳтавояш таҳти иҷозаномаи Creative Commons дастрас аст ва моли мардум ба ҳисоб меравад.  Таҳти иҷозаномаи Creative Commons нармафзорҳои ройгон ва озод таҳия мешаванд ва Википедиа низ дар асоси нармафзори Медиавики сохта шудааст. Ин посух ба нармафзорҳо ва торномаҳоест, ки аз корбаронашон барои дастрасӣ маблағ талаб мекунанд, ё бо гузоштани таблиғот - рекламаҳо ва шартҳои иҷоза надодан ба тағйир додани рамзҳо, бознашр ва истифода бурдан ва паҳн кардани муҳтавои он аз тарафи корбарон маҳдудиятҳо ва монеаҳо эҷод мекунанд. Албатта на дар ҳамаи саҳфаҳои интернет ва маводи интернет аксхо ройгонанд. Агар дар торнома матлабе нашр шавад, касе ҳақ надорад, ки бидуни иҷозаи муаллиф онро бознашр ё нусхабардорӣ намояд. Инро на ҳама медонанд. Агар ройгон аст, аммо дар саҳфаҳои интернет рекломҳо ҷой дода шудаанд, ин мазмуни онро дорад, ки корбар бо дидани реклом ба хондани матлаб пардохт менамояд. Бунёди Викимедиа дар пайёмҳояш мегӯяд, ки ҳеч гоҳ дар торнамояш таблиғотро нахоҳад гузошт, зеро Википедиа моли мардум аст. Барои рушди Википедиа корбарони хоҳишманд  кумаки молӣ мерасонанд.
Бояд зикр кард, ки ҳамаи корбарони Википедиа ройгон саҳмгузорӣ менамоянд, зеро Википедиа аз тарафи ташкилоти ғайри тиҷоратӣ пуштибонӣ мешавад.

Википедияи тоҷикӣ

Донишномаи Википедиа бо забони инглисӣ як даҳа пеш ташкил шуд ва ба забони тоҷикӣ низ як чанд сол пеш роҳандозӣ шуда ва дар ҳоли ҳозир дорои беш аз 9 ҳазор мақолаи гуногун оид ба ҷуғрофиё, олами вуҳуш ва табиат, адабиёт, ашхоси барҷаста ва дигар мавзӯъҳои гуногун аст. Масалан бо осонӣ метавон бо зиндагиномаи шоиру нависандагони адабиёти форсу тоҷик, ғарбу шарқ шинос шуд ва ё бо таърих ва пешвоёни ин ё он кишвари ҷаҳон. Бояд зикр кард, ки мақолаҳои Донишнома аз назари миёна навишта мешаванд ва таблиғоти ин ё он кишвар, ё ашхос вуҷуд надорад. Дар Википедиаи тоҷикӣ мақолаҳои барҷастатарини адабиёти форсу тоҷик бештар мебошанд.
Миёни маводи гирдовардашуда дар Википедиаи тоҷикӣ боз бисёр мавзуъҳои гуногун дар бораи табиату олами вуҳуши Тоҷикистон ба назар мерасанд, ки аз Энсиклопедиаи Советии Тоҷик гирифта шуда, бо маълумоти ҷадид ва аксу тасовири зебо оро дода шудаанд.

Википедияи тоҷикӣ ба Шумо ниёз дорад!

Мутаасифона, мисли корбарони бахшҳои дигари Википедиа, бахши забони тоҷикӣ на он қадар корбарони фаъол дорад ва ниёз ба корбаронест, ки вақти худро дареғ надошта, ба ин донишномаи ройгон саҳми худро гузоранд. Мақолаҳои Википедиа аз тарафи даҳҳо корбари он эҷод мешаванд. Масалан, як нафаре менависад, нафари дуюм пурра мекунад, корбари сеюм аксеро мегузорад, чаҳорум мақоларо ба дигар бахшҳои Википедиа пайваст менамояд. Баъзе корҳои ҷо ба ҷо кардани мақолаҳо ва феҳристкунӣ ба бахшҳоро БОТҳо, яъне РОБОТҳои барномарезишуда иҷро мекунанд.

Ман чӣ гуна ба Википедиа пайвастам?

Байни корбарони Википедиа нафароне низ ҳастанд, ки пас аз саҳмгузориҳои бисёр ба ин донишнома мақоми мудирро пайдо карда, аз ҳар сӯ кушиш мекунанд, ки корбарони гумном, яъне сабти номнашуда, ба вайронкорӣ роҳ надиҳанд.
Банда соли 2005 дар бораи Википедиа маълумот пайдо кардаму дар бораи зодгоҳам Исфара мақолаи кутоҳеро бо забони инглисӣ дар бахши инглисии он навиштам. Дар муддати кутоҳ ин мақолаи кучаки ман бо кумаки википедиачиёни бахши инглисӣ оро дода шуд ва дидам, ки ин мақоларо ба дигар забонҳо дар дигар бахшҳои донишнома тарҷума кардаанд. Расман 4 июли соли 2006 ба Википедиаи тоҷикӣ сабти ном кардам, тақрибан 30-40 саҳифае эҷод шуда буд, ки хеле маълумоти кӯтоҳ дошт. Дар Википедиаи тоҷикӣ он вақт худи торнамо бо забони инглисӣ буд. Тасмим гирифтам, ки дар тоҷикӣ тарҷума кардани нармафзори Википедиаи тоҷикӣ саҳмгузор бошам ва инчунин мақолаҳои бемазмунро пурра намоям. Дар он сол ба ҳайси омӯзгори забони инглисӣ кор мекардам ва дар мактаби №1 шаҳри Исфара аз тарафи ташкилоти байналмилалии Релиф Интернешнл бо кумаки ҳукумати Амрико маркази омӯзиши интернет ба хонандагон ва омӯзгорон кушода шуда буд. Дар ин маркази омӯзиши интернет бо шогирдони худ ба роҳи самаранок истифода бурдани фановариҳои чадид дар таълим аз роёна, шабакаи Интернет истифода бурдани забони инглисиро меомӯзонидам. Ба шогирдон вазифа медодам, ки аз Википедиаи инглисӣ ба забони тоҷикӣ мақолаҳоро тарҷума кунанд, ҳадди ақал 5-6 ҷумла, чун дар Википедиа чанд корбар метавонад, як мақоларо вироиш намояд. Аз рӯи барномаи таълимии Релиф Интернешл як лоиҳаи ҷадиде бо номи Адабиёти тоҷик байни марказҳои интернетӣ дар 26 макотиби кишвар эълон шуд. Омӯзгорон зиндагиномаи шоиру нависандагони адабиёти форсу тоҷикро бо се забон тарҷума мекарданд. Ин маводи ҷамъшударо хонандагон аз рӯйи фаҳмиши худ ба Википедиа мегузоштанд. Бо ҳамин роҳ Википедиаи тоҷикӣ ҷон гирифт. Ба шогирдон мефаҳмонидам, ки аз адабиёти мавҷуд истифода бибаранд ва саҳифаи бемазмунро пурра намоянд. Ҳамин тавр, Википедиаи тоҷикӣ шурӯъ шуд. Дар хотир дорам, бо забони тоҷикӣ зиндагиномаи шоирон точик Сипанди Самарқандӣ, Амир Муиззӣ, Кироми Бухороӣ, Ҳумоми Табрезӣ, Озарии Тусӣ ва дигарон маълумот хеле кам буд. Шеърҳои ин шоиронро хонандагон таҳлил карда, дар бораи ҳаёту эҷодиёти шоирон менавиштанд ва бо забонҳои инглисӣ ва русӣ тарҷума карданд ва боре аз интернет маълумоти бисёреро дар бораи ин шоирон бо забонҳои инглисӣ ва форсӣ пайдо кардем, ки бо забони тоҷикии ҳуруфи кирилӣ дар китобхонаҳои мо ҷузъиёте набуд. Баъди тарҷума кардани бархе аз маълумот ва зикр кардани адабиёт ва сарчашмаҳои дарёфтшуда, корбарони Википедиа бо забонҳои инглисӣ, лаҳистонӣ, русӣ ва дигар ба эҷод ва кумак расонидан ба шогирдонам шурӯъ карданд. Ҳамин тавр хонандагон мушоҳида мекарданд, ки иштибоҳҳои онҳоро дар матни инглисӣ ва русӣ мудирони Википедиаи инглисӣ ва русӣ таҳрир мекарданд.

Дар Википедиаи тоҷикӣ танҳо нестам

Тобистони соли 2007 дар анҷумани Викиманиа дар Тайван бо дастгирии Бунёди Викимедиа дар шаҳри Тайбейи Тайван иштирок карда, бо таҷрибаи википедиачиёни ҷаҳон аз наздик шинос шудам.
Баъзан мақолаҳои Википедиаи инглисиро мутолиа менамояму каме ба тоҷикӣ тарҷума карда, ба Википедиаи тоҷикӣ мегузорам, чун фикр мекунам шояд ин ё он мавзӯи алоқамандии ман ба дигар корбарони тоҷик мавриди қабул бошад.
Байни корбарони кунунии Википедиаи тоҷик хидмати Умеди Ҷайҳониро низ мехоҳам инҷо ёдовар шавам. Умедҷон барои беҳтар кардани саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодаанд ва бештар мақолаҳои марбут ба номгузории шаҳру навоҳии Тоҷикистонро вироиш мекунанд. Илова бар ин боз саҳфаҳои мавҷудбудаи донишномаро аз рӯи қоидаю дастури забони тоҷикӣ тоза менамояд ва саъю кушиш мекунанд, ки сирф аз вожаҳои тоҷикӣ истифода баранд.

Хати сурхи Википедиа

Гузоштани мақолаи китобҳо ва дигар торнамоҳои бидуни зикри муаллиф дар Википедиа манъ аст. Бештар мақолаҳои бидуни адабиёт ва ё пайвандҳои марбута ҳазф мешаванд. Ёдовар кардани сарчашмаҳо дар мақолаҳо ҳатмист. Бисёр корбарони Интернет бидуни ризогии муаллиф матнҳоро ба Википедиа мегузоранд ва ин матнҳо ҳазф карда мешаванд ё сарчашмаҳояш ёдоварӣ мешаванд. Умуман гузоштани аксҳо аз дигар торномаҳо манъ аст.
Ҳолатҳое ҳастанд, ки корбарони интернет бидуни сабти ном дар Википедиа мақолаҳоро пок мекунанд, аммо мақолаҳои покшуда аз тарафи википедиачиён бо осонӣ барқарор карда мешаванд, зеро ҳар саҳифаи Википедиа таърихча, саҳифаи баҳс дорад. Аз таърихчаи саҳифа метавон таърихи эҷоди онро назар кард. Дар саҳифаи баҳсӣ корбарони Википедиа мавзуъҳоро баҳсу мунозира менамоянд. Илова бар ин, саҳифаҳои Википедиа дар қисми болоӣ тугма доранд, бо номи Вироиш, ки дар ҳолати нохун задан саҳифаро вироиш, яъне таҳрир кардан мумкин аст.

Корбарони Википедиа кистанд?

Роҳ ба сӯйи сифат ва зебоӣ беохир аст - умедворам, ки сафи корбарони Википедиаи тоҷикӣ зиёд шуда, сифати мақолаҳои барҷаста бисёр хоҳад шуд. Википедиа охир надорад ва ҳеч гоҳ кори он хотима намеёбад.
Бисёр корбарони Википедиа бо гузоштан ва нашр кардани аксҳо ба Википедиа саҳмгузорӣ мекунанд.
Корбарони Википедиа донишомӯзон, донишҷӯён, устодон, олимонанд ва умуман ҳар нафаре, ки ба Интернет дастрасӣ дорад, корбари Википедиа шуда метавонад. Барои эҷоди мақола танҳо дастрасӣ ба шабака ва хоҳиши саҳмгузорӣ ва майли бо ҳам дидани дониш бо дигарон лозим асту халос.
Бунёди Викимедиа боз нусхаҳои дискҳоро бо муҳтавои беҳтарини Википедиа ба макотиби кишварҳои рӯ ба рушд дар Африқо ва дигар манотиқи бидуни шабакаи Интернет мефиристад. Барои рушди Википедиа ба ғайр аз кумаки молии корбарони одии Интернет, боз бисёр ширкатҳои бузурги интернетие ба монанди Google маблағ ҷудо карда, кумаки молӣ мерасонанд, чун ҳадафи Википедиа дастрас кардани дониши ройгон ва озод ба ҳамагон аст, навобаста ба шароити молӣ, нажод, ҷинс ва мақом.

Лоиҳаҳои Бунёди Викимедиа бо забони тоҷикӣ

Википедиаи тоҷикӣ - http://tg.wikipedia.org

Викикитобҳо - http://tg.wikibooks.org

Викилуғат-http://tg.wiktionary.org

Масалан, ман хати ниёгонро хеле ба сахтӣ мехондам, аз Википедиаи форсӣ мақолаҳоро ба ҳуруфи кирилӣ гардонида, хати ниёгонро акнун роҳаттар ва зудтар мехонам.

Дар як вақт аз донишномаи Википедиа бисёр чизҳои навро омӯхтам.

Википедиаи форсӣ - http://fa.wikipedia.org
Википедиаи тоҷикӣ - http://tg.wikipedia.org

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97