Дар маҳбасҳои Қирғизистон 80 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад 26.11.2018 09:53 Дар маҳбасҳои Қирғизистон 80 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад
Бино ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон дар зиндонҳои ин кишвар ҳаштод шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки синни онҳо аз 20 то 50 солро ташкил медиҳад. Хадамоти давлатии муассисаҳои ислоҳии назди ҳукумати Қирғизистон дар ....

Кушта шудани 25 нафар дар пай як таркиш дар Афғонистон 24.11.2018 08:58
Бар асари як инфиҷори (таркиш) интиҳорӣ (маргталабона) дар масҷиде воқеъ дар як пойгоҳи низомӣ дар шарқи Афғонистон дастикам 25 кушта ва 50 захмӣ бар ҷои гузошт. То кунун ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст. Як манбаъи огоҳ дар робита ба ин ҳамла гуфт, ки қурбониён барои адои ....
Будҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 ба тасвиб расид 23.11.2018 16:22
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳукумати ин кишвар будҷаи давлат барои соли 2019- ро ба тасвиб расонд. Тибқи ин будҷаи ба тасвибрасида барои соли 2019, даромади Тоҷикистон дар соли оянда 23 миллиарду 774,1 миллион сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбати будҷаи солио ҷорӣ 13,2 фоиз ё ба иборати дигар 2 миллиарду ....
Фармондеҳи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия даргузашт 23.11.2018 15:52
Расонаҳои хабарӣ аз даргузашти Игор Коробов фармондеҳи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар рӯзи гузашта хабар медиҳанд. Игор Коробов дар замони марг 62 сол дошт. Артиши Русия бо судури баёнияе эълом кард, ки ин фармондеҳ пас аз дасту панҷа нарм кардан бо як бемории сахт ҷони худро аз даст дод. Вай дар ....
Сардори маҳбасҳои Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд 23.11.2018 11:48
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд. Бар тибки ин қарор Иззатулло Шарифзода муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон аз мақомаш ....
Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони Порлумони Урупо 23.11.2018 10:57
22 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ширкат дар 7- умин ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Урупо дидори Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони Парлумони Урупо таҳти роҳбарии Ивета Григуле-Петерс раиси ҳайати Парлумони Уврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо гардид. Дар рафти ....
Як дипломат рус: Русия дар пай ҳимоят аз Толибон нест 23.11.2018 10:01
Як дипломати сафорати Русия дар Кобул гуфтааст, ки барқарории тамосҳо миёни Русия ва намояндагони Толибон танҳо бо ҳадафи осон кардани музокироти сулҳ миёни ин гурӯҳ ва давлати Афғонистон сурат мегирад. Алберт Хафизов муъовини сафорати Русия дар Кобул рӯзи гузашта дар нишасте, ки барои баррасии натоиҷи конфронси Маскав баргузор шуда буд, гуфт ....
Ихтисоси 27 миллион еврои Олмон ба Тоҷикистон 23.11.2018 09:19
Хабаргузории ТоҷикТа гузориш медиҳад, ки ҳукумати Олмон барои рушди соҳаи тандурустӣ, молия, энержӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фановарӣ ба Тоҷикистон 27 миллион евро ҷудо намудааст. Ин хабаргузори бо истинод аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мефазояд; “Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти байниҳукуматии ин кишвар ва намояндагони ҳукумати Олмон баргузор шуд. Раиси ....
Ифтитоҳи намоишгоҳи доимии маҳсулоти Эрон дар Душанбе 23.11.2018 08:48
Ширкати “Алмос” бо роҳандозии намоишгоҳи доимӣ дар шаҳри Душанбе молҳои тавлиди Эрон дар Тоҷикистонро муаррифӣ ва барои дастрасии онҳо ба тоҷирони тоҷик мусоъидат мекунад. Алимардон Мақсудов муовини раиси ширкати “Алмос” дар суҳбат бо радиои Озодӣ бо баёни ин ки дар ин намоишгоҳ барои муштариҳо маҳсулоти беш аз 30 ширкати Эронро пешниҳод ....
Мазраъаи шеър 23.11.2018 08:09
Субҳи 20 ноябр саре ба Интернет задам, то бубинам миллат таҷлили 80—умин зодрӯзи яке аз беҳтарин шоирони замонро, ки мутаассифона, аҷал то ба ин сана расиданаш амон надод, чӣ гуна истиқбол мегирад. Бе ҳамҳамаю валвала, ҳамчуноне хоси миллати ботамкини ман аст, зодрӯзи тасвиргари шеъри ноб Бозор Собирро ҳар кадоме аз ошиқони ....
Кевин Коверт: Ояндаи Тоҷикистонро илм ва технология муайян мекунад 22.11.2018 16:53
   (Мусоҳибаи ихтисосии кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт)  
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97