Тавофуқномаи стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ба тасвиб расид

Хабари хуб 24.11.2018 10:18

Порлумони Тоҷикистон ахиран тавофуқномаи шарики стратегӣ бо Узбекистонро ба тасвиб расонд. Ин тавофуқнома дар моҳи августи соли ҷорӣ зимни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд имзо шуда буд. Тоҷикистон ҳамчунин ба Русия, Чин ва Қазоқистон низ шарики стратегӣ аст.

Зоҳир Саидзода муъовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи гузашта дар Порлумони ин кишвар дар робита ба ин мавзуъ бо баёни ин ки, тавофуқномаи стратегии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон барои тавсеъаи равобити Душанбеву Тошканд, ки “марҳилаи мушкилро паси сар кардаанд”, сабаб хоҳад шуд, афзуд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мубодилаи тиҷории миёни ду кишвар тақрибан ба 220 миллион доллар расидааст.

Вай дар идома тасреҳ кард; “Ҳадаф аз тасвиби ин тавофуқнома устувор намудани муносибатҳои миёни ду кишвари ҳамҷавор аст, ки таъриху сарнавишти муштарак доранд. Тасвиби тавофуқнома ба манфиати миллии Тоҷикистон созгор аст ва аз он шаҳодат медиҳад, ки тарафҳо ба густариши ҳамкориҳо омодаанд”.

Дар ҳамин рӯз порлумони Тоҷикистон барои ҷудо кардани қитъаи замин ба сохтмони намояндагиҳои дипломатии Узбекистон дар Душанбе низ ризоият дод. Ин замин аз 1,2 гектар иборат буда, дар наздикии сафорати Русия, дар ҳудуди шаҳраки дипломатии Душанбе ҷойгир буда ва барои 49 сол ба истифодаи Узбекистон дода шуд.

Зоҳир Саидзода муовини вазири умури хориҷӣ дар идомаи суханонаш гуфт, дар иваз Узбекистон ҳам барои сохтмони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд барои 49 сол 1,2 гектар замин ихтисос додааст.

Ӯ гуфт, ҳангоми ҷудо кардани замин барои сохтмони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Тошканд ва намояндагиҳои Узбекистон дар Душанбе усули баробарӣ риоя шудааст.

Тоҷикистону Узбекистон дар замони раёсати Ислом Каримов беш аз бист сол равобити тира ва мушкил доштанд. Ин равобит тирамоҳи соли 2016, баъди даргузашти Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ру ба нармӣ овард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97