Ёрии Сафорати ИМА барои ҳифзи мероси таърихӣ дар Тоҷикистон

Хабари хуб 26.06.2019 09:21

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 25 июни соли 2019 ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар маросими ифтитоҳи ёдгории таърихӣ – мадрасаи Оим, ки аввалин мактаббарои занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ширкат варзид.

 Дар доираи барномаи Хазинаи сафирони ИМА барои ҳифзи мероси фарҳангӣ (AFCP), Сафорати ИМА ба созмони ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» дар ҳаҷми 77 154 доллар бурс барои тармим ва азнавсозии утоқҳо, деворҳо ва боми мадраса тақдим намуда буд.

Созмони ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» дар ҳамкории зич бо ҳукумати маҳаллӣ  азнавсозии мадрасаи Оимро ба анҷом расонид. Мадраса дар айни замон ҳамчун осорхона фаъолият карда, таҳти назорати Вазорати фарҳанг қарор дорад.

Мадрасаи Оим, ки дар ибтидои асри XIX (сс. 1824-1825) бо ҷалби ҳунармандони маҳаллӣ бунёд шуда буд, иншооти нодири таърихӣ ба шумор меравад. Даргоҳе, ки он ҷо бонувон таҳсил менамуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ин ёдгории фарҳангиро дар Феҳристи ёдгориҳои таърихию меъморӣ сабт кардааст.

Зимнан, таваҷҷуҳи асосии Барномаи AFCP, ки дар назди Сафорати ИМА фаъолият мекунад, ба ҳифзи ёдгориҳои нодири фарҳангӣ дар кишварҳои мизбон равона шудааст. Аз соли 2001 Барномаи AFCP 17 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст: ҳудуди 620 000 доллар барои нигаҳдории ёдгориҳои нодири фарҳангӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст. Тарҳҳое, ки қаблан кумаки молӣ гирифтанд, дар самти ҳифзу ҳимояи мадрасаи Хоҷа Машҳад, ки дар асри IX сохта шудааст, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус, нақшҳои рўйдеворӣ дар Қасри Поёни Панҷакенти Бостонӣ, Мадрасаи куҳна дар Ҳисор, ки дар асри XVI сохта шудааст, ва инчунин барқарорсозӣ ва ҳифзи маҷмӯаи ашёҳои қадима дар Осорхонаи давлатии осори атиқа фаъолият мекунанд.

Аз соли 1992  инҷониб, мардуми Амрико ба ҳаҷми беш аз 1,8 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумак расонидааст. Ин маблағ тариқи барномаҳо ва ёрии башардўстона барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97