Хабари хуб!

Хабари хуб 26.06.2019 13:19

           Нашрияи "Миллат" барои хабарнигорони мардумӣ таҳти унвони "Хабари хуб" равзанаеро боз мекунад.

        Агар Шумо дар дуриҳои дур зиндагӣ доред, ва ё дар қалби пойтахт, дар муҳоҷиратед ё дар рӯйи дӯкони хеш, фарқе намекунад, агар дастгоҳи ҳирфаии савтӣ доред, ё телефони ҳушманд, ва ҳатто агар на инро доред ва на онро, боз ҳам як қаламу коғаз ҳатман пайдо мекунед, ё як гӯшии қадимии "Нокиа", муҳим Хабари хуб -ро ба мо ба ҳар тариқе, ба ҳар воситае бирасонед. Хушхабари Шумо дар сомонаи www.millat.tj нашр хоҳад шуд.

           Шарти пирӯзӣ, писандидани хабари хуб аз сӯи хонандагони гиромӣ хоҳад буд.

            Мунтазири муждаи Шумо хоҳем буд, муждагонӣ аз мо!

            Ҷамъбасти даври нахусти озмун аз 1 то 9 сентябри соли 2019!

            Нишонии мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16,

             Рӯзномаи Миллат

             E-mail: millat@inbox.ru

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97