Сиёсат

СОЯ АЗ ҲУЗУРИ ЗАНОН ДАР  ИНТИХОБОТ БАРДОШТА МЕШАВАД? 11.01.2010 19:13 СОЯ АЗ ҲУЗУРИ ЗАНОН ДАР ИНТИХОБОТ БАРДОШТА МЕШАВАД?
Дар ҳоле, ки ба поён ёфтани сабти номи номзадҳо ба вакилии порлумони кишвар дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамагӣ се рӯз боқӣ мондааст ва маъракаи интихоботро бозори саҳмияфурӯшии НБО-и «Роғун» зери соя бурдааст, ....

ҶАНОБИ ОЛӢ, УСТОД, ПИДРОМ ВА ҚОНУНИ ПӮЗИШ 30.12.2009 15:17
ПИДРОМ АНГЕЗА ДОД… Абдуллатифи Пидром, донишманди мубориз ва раиси Кунгураи Миллии Афғонистон омада буд, ки аз рӯшанфикрони тоҷик ташаккур кунад. Рӯзи 20 ноябр дӯсте телефон кард ва гуфт, ки Латифи Пидромро мешиносӣ? Гуфтам; бале ва хеле мушавваш шудам, ки он дӯст гуфт; бо Пидром сӯҳбат бикун! Баъдан ба дидорбинии ӯ ....
МИРЗО ҶАГА ҲАМРОҲИ КӢ МЕХОСТ ҲУКУМАТРО БИГИРАД? 22.12.2009 14:33
Додситонии кулл гуфтааст, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 49 нафар аз ҷонибдорони ин гурӯҳ бо шумули шаш шаҳрванди Русия ва панҷ табаъаи Узбакистон барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ироа шудааст. Ҳамчунин Додситонии кулл таҳқиқи парвандаи гурӯҳи дигари ҷиноиеро анҷом дода, ки қасд доштааст, ба як зиндони кишвар ҳамла ва ....
РОҒУН БОЯД ФОСИД НАШАВАД! 15.12.2009 17:15
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар рӯзи сешанбеи 8 декабр зимни мулоқот бо хабарнигорон ва аҳли қалами кишвар ба ин нукта таъкид кард, ки дар бунёди "Роғун" муҳим ҳамраъйии мардум барои ин иншооти бузург аст, на сармоя. РАСОНАҲОРО БА ҲУКУМАТӢ ВА ҒАЙРИҲУКУМАТӢ ТАҚСИМ НАКУНЕД! Ин нахустин дидори президент Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ....
ҚАТРАҲОИ ШАФФОФИ БОРОНИ ИНТИХОБОТ 14.12.2009 15:30
Барои интихоботи навбатӣ ба порлумон Изҳороти Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд -шиори асосӣ иншо шуд. Ва ин даъват, ки бештар оҳанги амр дошт-аҳзоби сиёсӣ, доираҳои ҳавасманд ба интихоботро ба ин маъракаи сиёсии давлатӣ ҳавасманд менамояд. Назари чанд нафар коршиносону сиёсатмадорон аз ҷониби қабулгоҳи афкори оммаи "Миллат" дар ....
ҲАМА РОҲҲО БА МАСКАВ МЕАНҶОМАД? Аз шикори моҳӣ то сафари давлатӣ 10.12.2009 15:45
Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охирин даҳаи моҳи октябр ба Русия сафари давлатӣ буд. Таври маълум ҳар раиси ҷумҳур дар тӯли замони раҳбарии худ танҳо ҳаққи анҷоми як сафари давлатӣ ба ин ё он кишварро дорад, ки он ҳам маъмулан замоне анҷом мешавад, ки равобити дуҷониба дар ....
ИҚБОЛ ДАРГУЗАШТ, ФОРСӢ ҲАМ МУРД Ё Муҳаммад Иқбол ва тамаддуни умумифорсӣ 03.12.2009 17:04
Ба таваҷҷуҳи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Анҷумани байналмилалии тоҷикони ҷаҳон ва форсизабонон Эмомалӣ Раҳмон Ба таваҷҷуҳи Раиси Ҷумҳури Исломии Ирон, дуктур Аҳмадинажод Солҳост, ки меҳмони диёри Иқболам ва ҳар боре, ки ба ин диёри андеша ва хирадхез ворид мешавам, онро дигаргуна дарёб мекунам ва бардоштҳоеро бо худ мебарам, ки дар ....
ИРОН ДУБОРА ҶОЙИ ПОЯШРО ГУМ МЕКУНАД ё Наҷмиддини Шоҳинбод давлатмардони Иронро ба андеша водошт 01.12.2009 16:42
Хабаргузории «Форс» менависад: Коршиносони тоҷик муътақиданд, ки ифтитоҳи пеш аз мӯҳлат ва адами иқдом дар мавриди бархе аз пружаҳо, аз ҷумла тунели «Истиқлол», ки дар миёни мардуми Тоҷикистон ба унвони намоди қудрати Ирон шинохта мешуд, ин рӯҳияро тазъиф кардааст. Ба гузориши хабарнигори хабаргузории «Форс» дар Душанбе як ҳайати иронӣ ....
АБДУЛЛОҲ, КАРЗАЙ, УСТОД НУРӢ ВА КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТӢ 26.11.2009 14:44
ТАЪИНИ СУЛТОН КАРЗАЙ ВОДОРАМ КАРД Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин авохир таҳаввулоти шадиди чашмгиреро мувоҷеҳ гашт, ки албатта ширкати бозигарони бузурги ҷаҳонӣ дар он ошкору возеҳ буд. Банда, дар ин маврид ҳавсалаи навиштани мақолаеро надоштам, вале мақолаи хабарнигори шиноха Раҳматкарими Давлат, зери номи "… Обама "Султон Карзай"-ро таъин кард" водорам ....
ИНТИХОБОТ КАЙ БАРГУЗОР ШАВАД?! 24.11.2009 15:18
Дар ҳоле ки мо барои баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ 3 моҳи дигар боқӣ мондааст, дар мавриди ба таъвиқ гузоштани интихобот сару садоҳое шунавотар ба гӯш мерасад. Бархе аз роҳбарони ҳизбҳо ва коршиносон бар он назаранд, ки замони интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ беҳтар аст ба баҳор гузаронида шавад. Онҳо бар ....
ЗАМИН БА ДЕҲҚОНОН! Ё ордфурӯшҳо хешони кистанд?! Ва ё ниёз ба як инқилоби маданӣ 16.11.2009 14:57
БО ҚАНД ГУФТАН ДАҲОН ШИРИН НАМЕШАВАД Дар асоси омори Вазорати кишоварзии кишвар соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва деҳқонони инфиродӣ як миллиону 97 ҳазор тонна гандум истеҳсол кардаанд, ки чунин комёбиро Тоҷикистон ҳеҷ гоҳе ба даст наоварда буд. Кишти гандум дар 332 ҳазор га. замини обӣ ва 230 ҳазор га. замини ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97