ҶАНОБИ ОЛӢ, УСТОД, ПИДРОМ ВА ҚОНУНИ ПӮЗИШ

Сиёсат 30.12.2009 15:17

ПИДРОМ АНГЕЗА ДОД…

Абдуллатифи Пидром, донишманди мубориз ва раиси Кунгураи Миллии Афғонистон омада буд, ки аз рӯшанфикрони тоҷик ташаккур кунад. Рӯзи 20 ноябр дӯсте телефон кард ва гуфт, ки Латифи Пидромро мешиносӣ? Гуфтам; бале ва хеле мушавваш шудам, ки он дӯст гуфт; бо Пидром сӯҳбат бикун! Баъдан ба дидорбинии ӯ рафтам, гуфт; мехоҳад аз дӯстони тоҷик ва зиёиён ташаккур кунад. Мулоқоти ӯ бо ҷамъе аз донишмандон ва рӯзноманигорони тоҷик дар толори Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон доир шуд.

Ҷамъе аз зиёиёни тоҷик ин ҳаққи ташаккурро доштанд, зеро дар як соли пеш зимни муроҷиъатномае ба Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳомиди Карзай, Раиси ҷумҳури Афғонистон хостори пуштибонии онҳо аз Пидром дар баробари таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ шуданд. Дар ин муроҷиъатнома аз ҷумла, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муъмин Қаноат, Ҷӯрабек Назрӣ Дӯстмуҳаммади Дӯст, Меҳринисо ва чанде дигарон имзо гузошта буданд. Ҷиргаи ҷавонони ҳизби Афғонмиллат дар Ҷалолобод ва Пактиё барои сари Латифи Пидром дусад ҳазор доллар мукофот таъин карда буд. Дар ҳамин ҳол, бо баҳонаи дигар Латифи Пидром, ки гӯё шоҳиди ҳамлаи Рашиди Дӯстум ба манзили Акбарбой, раиси кунгураи турктаборони Афғонистон будааст, дар ҳабси хонагӣ дар манзили ҷенерол Дӯстум ба сар мебурд. Муроҷиати рӯшанфикрони тоҷик ва мусоидати СММ ва мақомоти Тоҷикистон ва инчунин фишорҳои дохилӣ боиси ба истилоҳ наҷоти Пидром шуд ва раводиди ҳабси ӯ лағв ва ӯ иҷозаи хориҷ шудан аз Афғонистонро дарёфт кард ва ба Фаронса рафт. Дар баҳори соли 2009 дубора ба Кобул омад ва номзади раёсати ҷумҳурӣ шуд.

Латифи Пидром боҷуръатарин мудофеъи ҳуқуқи тоҷикон ва пешвои ҳаракати миллӣ ва зидди табъиз дар Афғонистон аст. Ӯ дар пешопеши ҳаракати федерол шудани низоми Афғонистон қарор дорад ва роҳи ҳалли мушкили Афғонистонро дар ҳамин мебинад.

…ВАГАРНА БАҲОНА ҲАМ ДОШТАМ

Аммо барои ин навишта баҳонаи дигаре ҳам дорам. Ва Пидром ин баҳонаро ангезаи бештар дод.

Дар тирамоҳи гузашта хабари сӯйиқасд ба ҷони Устод Раббониро шунидам, ки вақте мехост барои ҷонибдорӣ аз доктор Абдуллоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба Бадахшон биравад, ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Доктор Абдуллоҳ, ҳамоне, ки ҳамроҳ бо Юнуси Қонунӣ дар соли 2001 Устод Раббониро аз тахти шоҳӣ таг андохта буд…

Бори дигар, вақте хостам чизе бинависам, ки Қонуни афв дар Тоҷикистон қабул шуд ва Президенти Тоҷикистон тибқи он ҳазорон зиндониро дар соли Имоми Аъзам озодии дубора бахшид ва дар ин миён Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода илтиҷои афви Ёқуб ва Муҳаммадрӯзиро кард. Вале ба ин иддаъо, ки аз ҷиноятпешаҳо ҳимоят мекунад, мавриди иттиҳом қарор гирифт.

Аммо боз ҳам ин ҳавсаларо пайдо накардам ва ин матлаб нонавишта монд, то ангезаи дигаре барои гуфтани онро Латифи Пидром, донишманди фарҳехтаи даврон надод...

ПИДРОМ КИСТ, КИ САРАШ 200 000 ДОЛЛАР

АРЗИШ ДОРАД?

Толибшоҳи Сайидзода, ки раиси ин маҷлис буд, гуфт, вақте мехостем, дӯстонро ба ин маҳфил ба пуштибонии Пидром ҷамъ кунем, ба Ҷӯрабек Назрӣ телефон задам ва арзи ҳол кардам. Устод гуфтанд, ин ҳамин ҳоло дуруст аст, ки сари Пидромро 200 000 нарх кардаанд? Гуфтам; бале. Гуфт; аҷаб саре, ки арзиши 200 000 ҳазор доларро доштааст, сари мора ин ҷо касе як доллар нарх намекунад. Ана ин маънои онро дорад, ки Пидром шахсияти бузург шудааст.

Воқеъан ҳар донишманде ва ҳар сиёсатмадоре ба Пидром ҳасад мебарад. Ҳар кӣ ҳам аз ҷумлаи сиёсатмадор ва мутафаккир сухани ӯро шунида ва мегӯяд, чунин нест, муғриз аст. Шояд шумори донишмандон дар қаламрави форсӣ ба ин фасоҳати забон ва ин сароҳати баён, ки Пидром дорад, бештар аз шумори ангуштони ду дасти ман набошад. Ӯ омехтае аз дониш, шуҷоъат ва ҷасорат аст. Ман дар Тоҷикистон чунин сиёсатмадори андешаманд ва пероста ба қабои донишеро суроғ надорам. Ҳарфи усулиеро дар мулоқот бо Пидром донишманди шуҷоъ Мирзои Шакурзода гуфт, ки ҳеч истеъдод ва донише бидуни шуҷоъат арзиш надорад. Ба ин далел, ман мепурсам, агар донишманде ба ин поя дорем, вале бидуни шаҳомат, арзишаш куҷост?

Ва Пидром чун марди сиёсӣ барои ҳар сиёсатмадоре агар мояи ифтихор набошад, мояи ҳасад ҳаст, агар не, мояи рашк. Лаҳни сиёсии Пидром як лафзи маҳкам бо дониши сиёсӣ, забониву таърихӣ ва мантиқ аст. Ҳар марди сиёсие бояд талош кунад, ки тасаллути Латифи Пидром ба донишҳои ҳадди аққал сиёсӣ ва таърихиро дошта бошад.

Ба мушоҳидаи Саъдии Юсуфӣ, журналисти пажӯҳишгари тоҷик, Пидром зимни ин сӯҳбаташ дар ҷузъитарин масъалаи сиёсӣ ва ё фалсафӣ аз номи чор ё панҷ доншманди урупоӣ иқтибос меовард. Чизе, ки барои ҳамаи донишмандони мо намерасад… Бидуни истисно…

ПИДРОМ ПАЙРАВИ ХАТИ ТОҲИРИ БАДАХШӢ

Абдуллатифи Пидром, ба таъбири худаш пайрави мактаби Тоҳири Бадахшӣ, бунёнгузори ҳаракат ва адешаи миллӣ дар Афғонистон аст, ҳаракате, ки баъдҳо шовинистони паштун ба он номи "Ситами миллӣ"-ро гузоштанд. Меҳвари андешаи Тоҳири Бадахширо эҳтиром ба ҳаққи соири ақвоми Афғонистон ва шарик кардани ҳамаи миллатҳои ғайри паштун дар идораи ин кишвар ташкил медод.

Акнун Пидром, асл ва меҳвари муборизаи сиёсии худро навъе нигариш аз ҳамин андеша, аммо бо пешниҳоде амалитар қарор додааст. Пидром роҳи таъмини амалии ҳаққи миллатҳо ва мардум дар идораи Афғонистонро ба вуҷуд овардани як низоми федералӣ медонад. Агарчанд хелеҳо ба ин назар мухолифанд ва мегӯянд, ки ҳанӯз фурсати ин кор нест, чун Афғонистон даргири ҷанг аст, аммо Пидром андеша дорад, ки як роҳи хатми ҷанг таъсиси низоми федеролӣ дар Афғонистон аст. Мухолифонаш иддаъо доранд, ки таъсиси ин низом баъди омадани субот ва рифоъ ба Афғонистон имкон дорад. Аммо Пидром мегӯяд, ки федеролизм коре ба пешрафтагиву ақибмондагӣ надорад. Ӯ мисол мезанад:

"Маслан дар Қандаҳор омода нестанд, ки рақси занонро дар телевизион ба намоиш бигузоранд ва ё бо мусиқӣ мушкил доранд, аммо дар вилояти дигаре салиқаҳо фарқ мекунад ва мардумаш мушкиле бо мусиқиву рақси занон надоранд. Пас мардуми ин вилоятро дар шимол бояд бигӯем, ки шумо ҳоло интизор бошед, рақс набинед, мусиқӣ нашнавед, чун қандаҳориҳо барои дидани рақсу мусиқӣ омода нестанд?!"

Ва боз мегӯяд, масалан дар Амрико, ки як низоми федерол дорад, дар як иёлат ҳукми қатл дорад, дар иёлати дигар ҳукми қатл надорад. Дар як иёлат рӯспихона иҷоза аст, дар дигаре иҷоза нест.

Дар Афғонистон низ агар мардуми ҷануб мехоҳад бо қонуни Толибон зиндагӣ кунад, бигузор зиндагӣ кунад. Як роҳи ҳалли мушкили ҷанг ба ихтиёри Толибон вогузор кардани манотиқе дар ҷануб аст, ки аз Толибон ҳимоят мекунанд. Як, ду се сол, гузашт, агар ба мазоқи он мардум хурд, аз толиб ҳимоят мекунанд, агар не, худашон муқобили Толибон иқдом хоҳанд кард.

ПИДРОМ, СРУ, МАСЪУД ВА ҲАҚИҚАТ

Нависандаи тоҷик Султони Ҳамад аз Пидром роҷеъ ба ҷузъиёти бештари қатли Аҳмадшоҳи Масъуд ва пайгирии парвандаи қотилони ӯ пурсид. Пидром гуфт, ки чизе бештар маълум нашудааст, аммо ҳавсала кунед, ҳатман ошкор мешавад, худи CIA (ЦРУ) қонуне дорад, ки ҳар чор панҷ сол ин розҳояшро ошкор мекунад. Тақрибан ба ин маъно, ки бале ЦРУ, қотили Масъуд аст.

Пидром далели мухолифати Амрико бо Масъудро низ матраҳ кард. Ба бовари Пидром, ин ки гуфта мешавад Масъуд намехост бо ҳайатҳои амрикоӣ мулоқот кунад, воқеъият надорад. Чун Масъуд як ҳарф дошт ва онро ба амрикоиҳо гуфта буд, ва амрикоиҳо низ як ҳарф доштанд, ки Масъуд онро шунида буд. Ва чизе дигар барои гуфтану шунидан боқӣ намонда буд, аз ин лиҳоз мулоқоте бо ҳайатҳои амрикоиро Масъуд беҳуда медонист. Амрико ба Масъуд пешниҳод карда буд, ки ба пазируфтани мақоми дуввум дар Афғонистон розӣ шавад. Яъне дар мақоми аввал паштунҳо, дар ҷои дуввум тоҷикон қарор бигиранд ва ба ин шарт Амрико аз чунин ҳукумате ҳимоят хоҳад кард. Масъуд низ НЕ-и қотеъ ва ба сароҳати худро ба ин пешниҳоди фиристодаи Амрико гуфта буд, ки "мо барои он ҷангидем, ки ҳаққи тасмимгирӣ дар мавриди сарнавишти худро дошта бошем". Инро гуфт ва ба ақлу фаросат ва шинохте, ки аз усули давлатдории импературҳо дошт, дигар ҳаргиз бо ҳайатҳои амрикоӣ мулоқот накард. Ӯ интизор буд, ки амрикоиҳо дар дидгоҳҳои худ таҷдиди назар кунанд. Зеро ин хилофи арзиши аслии амрикоиҳо, демократия низ ҳаст, ки аз як сӯ ба интихобот ва низоми ҷумҳурият эътиқод дошта бошӣ ва аз сӯи дигар ба арзишҳои қавму қабила. Масъуд ҳамеша ҳарфаш ин буд, ки "бистари муносиб ба вуҷуд биорем ва биравем, ҷониби интихобот". Чун бовар дошт, ки дар ҷанг, ки пирӯз шуда буд, дар интихобот низ баранда мешавад. Аммо аз ҷониби дигар амрикоиҳо низ ба ин натиҷа расиданд, ки Масъуд касе нест, ки дар мавриди ҳаққи миллаташ ба муомила даст бизанад. Ва ба нобудии ӯ мувофиқат карданд…

УЗРИ ПИДРОМ АЗ УСТОД РАББОНӢ

Пидром шаҳодати Масъудро як зоеъаи ҷуброннопазир барои миллат ва минтақа унвон мекунад ва мегӯяд, ки набуди шахсияти беназири Масъуд боис шуд, ки раҳбарияти Ҷабҳаи Муттаҳид, яъне ҳукумати таҳти раҳбарии Устод Раббонӣ дар Бон, бузургтарин иштибоҳи худро содир кунад. Ба таъбири Пидром баъди даргузашти Масъуд, Устод Раббонӣ натавонист ба дурустӣ ин наҳзатро идора кунад. Ва хиёнат ё иштибоҳи ҳамроҳонаш назири Муҳаммадқосими Фаҳим, Юнуси Қонунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ боис шуд, қудрати солҳо барояш муборизашударо ба осонӣ таслим кунанд. Коре, ки агар Масъуд зинда мебуд, ҳаргиз дунё шоҳидаш намешуд. Яъне на таслиме, на Боне, на ҳукумати муваққате ва на Карзае. Воқеъан таслими ҳукумат дар конфронси Бон ба таъбири Пидром хиёнати миллӣ буд…

Аммо дар ин миён як амали Латифи Пидром, ҷамъи донишманду хабарнигори тоҷикро шокӣ кард ва баъди хориҷ шудан аз мулоқот ба якдигар аз он иштибоҳи зебои Пидром мегуфтанд. Ӯ зимни интиқод аз раҳбарони Ҷабҳаи шимол, аз ҷумла Устод Раббонӣ, ба иштибоҳ исми Ӯ-ро бидуни пешванди Устод, ба забон овард. Билфосила, истод, аз ҳама маъзарат хост ва лафзи худро ислоҳ кард ва Устод-ро ба пеши номи Устод Раббонӣ афзуд. Ин кор ҳамаро такон дод. Воқеъан ҳасад мебарам ба ин навъи эҳтиром, зиҳи марде, Устоде, ки аз ҳазор километр масофа эҳтиромаш ба ҷо меояд.

Ин иттифоқ ҷои андеша дорад. Зеро Пидром на дар гузашта узви ҳукумати Устод Раббонӣ буд ва на акнун дар созмони ӯ мақом дорад ва на пайрави хати сиёсии Ӯст. Аммо эҳтироме, ки Пидром ба Устод нишон дод, ба назари ман тааҳҳуди худи Пидром ба худии худаш аст, то ба Устод Раббонӣ. Ин эҳтироми Пидром ба қавму миллату арзиши милливу мазҳабиаш аст. Ин эҳтиром ва эътирофи ҷойгоҳи олим аст. Ин баёнгари дар як сатҳе аз суботи фикрӣ қарор гирифтани Пидром ва Устод аст. Баёнгари ваҳдати фикр ва фарзанди як миллат будани ду нафар аст, ки ба якдигар бадӣ намехоҳанд, агарчанд башиддат аз ҳам интиқод мекунанд. Чизе, ки тоҷикони Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳ онро тақрибан, ки надоранд.

Аммо ин иттифоқ баҳонаи бештареро барои зикри чанд мавриди дигар ба ман медиҳад. Яке ин ки:

ЧАРО УСТОД РАББОНӢ САЗОВОРИ ЭҲТИРОМ АСТ?

Ҷолиб ин аст, ки Устод Раббонӣ солҳост, ки ҳамаи ин интиқодоти хешу табору пайраву пайвандро таҳаммул мекунад. Ва на танҳо таҳаммул мекунад. Ба хотири ҳамон доктор Абдуллоҳе, ки ӯро аз қудрат барандохта буд меравад, то дар Тахору Бадахшон таблиғ кунад, ки Абдуллоҳ Раиси ҷумҳур шавад ва наздик буд, кушта мешуд. Юнуси Қонуниро ҳам бузургӣ ва ҳиммату ҳилаи Устод Раббонӣ раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон кард. Ҳикмати бузургӣ низ дар ҳамин аст ва Устод ба ҳиммате, ки дошт, шогирдони нопухтаву норасидаи худро бахшид, на танҳо бахшид, балки пояи аслии бақо ва пойдории мактаби Масъуд феълан Устод Раббонист, мактаби тоҷикият дар Афғонистон.

Яъне ба рағми ҳар он чи зикр шуд, дар паҳлӯи шогирдони худ қарор гирифтани Устод Раббонӣ ба маънои он аст, ки Ӯ андешаи миллиро ба ҳама манфиати дигар тарҷеҳ дода ва шогирдонашро бахшидааст. Агар Устод кина мегирифт, ин на ба нафъи худи ӯ, на ба нафъи қавми ӯ, ва на ба нафъи шогирдони хатокори мактабаш буд. Акнун, ки ҳимат гумоштааст, танҳо ба бузургиаш афзуда. Тафовути Ӯ низ аз дигарон дар ҳамин аст, вагарна пешванди номаш Устод намебуд.

Аз ҳамин назар буд, ки дар оғози мақола гуфтам, вақте Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода низ аз ҷаноби Президент илтимоси афви Ёқубу Муҳаммадрӯзиро кард ва мавриди иттиҳом қарор гирифт, хостам ҳамин мавридро зикр кунам, вале ангеза кӯтоҳ омад, накардам.

Аммо акнун мегӯям, ки афв гуноҳи содиршударо мекунанд. Ва мантиқи хароби мақолаи "Ховар" дар муқобили Ҳ. А. Тураҷонзода ин буд, ки мегуфт, агар Турҷонзода илтимоси афви ин ду нафарро карда, пас аз ҷинояти онҳо ҷонибдорӣ кардааст. Мантиқ куҷост? Магар ҳамаи дигароне, ки бар асоси қонуни афви пешниҳодкардаи Президент раҳо шуданд, ҷиноят накарда буданд? Тураҷонзода фаромӯш накардааст, ки пеш аз ҳама як рӯҳонист ва дар ин маврид низ ба ҳамин тафаккури худ амал кард. Аммо мо дар иттиҳом ворид кардан ба ӯ гоҳо шитобзада мешавем, ки мантиқамон хароб мешавад.

Агар мантиқи бародарони "Ховар"-ро таъқиб кунем, афв маънои пуштибонӣ аз гуноҳонро дорад.

Аммо мантиқи афв бахшидани гуноҳ аст. Ва Президент тавонмандтарин шахс дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳам аз назари мақоми расмӣ ва ҳам аз нигоҳи пойгоҳи иҷтимоӣ ва мардумист. Пас ҳар киро, агар Ёқубу Муҳаммадрӯзиро ҳам афв мекунанд, фақат ва фақат ба бузургиашон афзуда мешавад. Ҳеҷ касе набояд аз ин кор нороҳат ва нигарон бошад. Инро воқеъияти Устод Раббонӣ собит кардааст.

АМРИКО ДАР ШИНОХТ ҒАЛАТ МЕКУНАД

Аммо Амрико дар шинохти худ ғалат мекунад.

Амрико дар Афғонистон думболи фалсафаи иштибоҳ ва таҷрибаи шикастхӯрдаи Инглис ва Русия рафт, вале он ҷо воқеъияти дигареро дарёфт. Он воқеъияти тоҷикӣ буд. Иштибоҳи русу инглис ва ҳамин тавр бардошти ағлаби муҳаққиқин бар асари ин иштибоҳи онҳо ин буд, ки фикр карданд, ҳар ду бор ҳам Инглис ва ҳам Русияро паштунҳо шикастанд. Аммо воқеъияти Афғонистон ин аст, ки ҳам инглис ва ҳам русҳо ё мо - шӯравиҳо дар натиҷаи ҳамроҳшавии шимоли Афғонистон, яъне миллати тоҷик ба муқовимати умумии Афғонистон шикаст хӯрдем. Ҳар кӣ ҳанӯз ҳам аз ҷумлаи шӯравигароҳо иддаъо дорад, БАЛАНД шавад ва бигӯяд, ки шикасти ШӮРАВӢ дар Афғонистонро бидуни шахсияти Масъуд ва Устод Раббонӣ метавонад тасаввур кунад. Кӯшиш накунед, ки тасаввур кунед, тасаввурнопазир аст. Зеро ин ду ном тамсиле аз ҷиҳод аст ва тавъам ба номи тоҷик. Шикасти шӯравӣ дар Афғонистон ва суқути коммунизм дар дунё аввали аввал ба ин номҳо робита мегирад: АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ва УСТОД РАББОНӢ, Михаил Горбачев ва Лех Валенса… ва баъд дигарон. Мутаассифона, тавре Муъмин Қаноъат дар ҳамин нишаст гуфт, ин миллат бештар аз дӯст душман дорад. Ё ин миллат пир шудааст ва ё ин миллат ҷавон асту дунё пир шудааст. Чизе ҳаст, ки ин миллат бо дунё сохта наметавонад. Устод Раббонӣ ва Масъуд ҳам натавонистанд бо дунё бисозанд, рози бузургашон ҳам дар ҳамин аст, ки хостанд бо қонуни худашон зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин сазовори эҳтироманд.

УСТОД РАББОНӢ: ИЗЗАТИ ШОҲИРО

БА РАҲМОНОВ ХУДО ДОДААСТ

Ҳама тоҷик вомдори Ӯст... Чаро мегӯям, ки ҳамаи тоҷик вомдори Ӯст?

Зеро Ӯ чун як тоҷик дар ҳамаи сутуҳ масъулияти миллии худро адо кардааст. Ду мавридро аз мушоҳидаам зикр мекунам. Аввал дар соли 1992-93 ҳамаи тоҷики овораро, ки дасташ мерасид, ҷойгоҳ дод, нон дод, пуштибонӣ кард. Мисли раҳбарони солҳои бисти асри гузаштаи Афғонистон ва даврони инқилоби болшевикӣ, ки раҳбарони муҳоҷирин ва муҷоҳиддини Бухороро савори самалёти фиристодаи Ленин карданд, ин корро накард.

Вақте бори аввал шарафёби дидори Устод шудам. Марде бо фаросат, бо фурсат, бо тадбир… Албатта сари фурсате дигар ба тафсил дар ин маврид хоҳам гуфт, аммо ҳоло… мегуфт, ба ҳамаи бародарони тоҷик то ҳарчи дар имконамон буд, кӯмак кардем ва мекунем. Мунтаҳо бояд роҳи сулҳ пайдо шавад, ҷанг роҳи кор нест. Ман ба раҳбарони муҳоҷирон, ба Устод Нурӣ ва Тураҷонзода ҳам гуфтам, ки бо Раҳмонов ҷанг накунед, сулҳ кунед, бо Раҳмонов сулҳ кунед, ки ватан вайрона нашавад. Иззати шоҳиро ба Раҳмонов Худо додааст…Ба фикри ҷанги мо набошед, ки масъалаи мо ин ҷо фар? мекунад".

Баъд ҳам дар ёдам ҳаст, ки мегуфт, мехоҳад ба Тоҷикистон биравад ва бо мардум мулоқот кунад ва насиҳат кунад, ки "ҷанг фақат харобӣ дорад", ҳамин калимаи "насиҳат"-аш дақиқан дар гӯши ёдам ҳаст.

Пасон аз телевизион суханронии Устодро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидам, ки поёнаш дар бораи майу соқӣ буд:

Он қадаҳ бишкасту он соқӣ намонд,

Он қадар бишкаст, ки ҳич боқӣ намонд.

Ӯ ин суханонро дар бораи коммунизму шӯравӣ мегуфт, шӯравие, ки шикасташ дода буд.

Баъд ҳам аз забони Устод Нурӣ ин ҳақиқатро шунидам, ки гуфт, Устод Раббонӣ ва Масъуд дар нахустин мулоқот ба мо, ки интизори кӯмакро доштем, гуфтанд, ки бояд сулҳ кунед. "Мо бисёр хафа ва норозӣ ҳам шудем, ки ин мардҳо, бо ин ҳама таҷриба ва собиқаи ҷиҳод ба ҷои роҳнамоӣ барои ҷиҳод ба мо роҳи сулҳро нишон медиҳанд, аммо баъд фаҳмидем, ки роҳ танҳо ҳамин будааст, сулҳ".

ИМОМИ АЪЗАМ ВА РАББОНӢ

Ҳақиқати дигар, дар соли 2002, боз ҳам дар Кобул ва боз ҳам дар манзили Устод Раббонӣ. Ин бор донишманди фарҳехта, Қосимшоҳ Искандаров, сафири собиқи Тоҷикистон дар Кобул - Фарҳод Маҳкамов, Меҳринисо, шодравон - Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев ва Шодон Ҳаниф ва чанде дигар дӯстон ҳозир буданд.

Устод китоби донишманди тоҷик, Ҳақназар Назаров, "Нақши тоҷикон дар таърихи Афғонистон"-ро, ки худаш нашри форсии онро саҳмгузрӣ карда буд, ба даст гирифт. Китобро варақ мезад ва роҷеъ ба сарнавишти тоҷикон ва нақши тоҷикон дар Афғонистон бо завқи тамом қисса мекард. Интизор будам бузургтарон аз ман ин қиссаро ҷое биоваранд, вале вар нахурдам. Устод аз воқеъоти нахустин рӯзҳои ба қудрати сиёсии Кобул нишастанаш қисса мекард. Мегуфт, баъд аз зуҳри рӯзе аз ташрифот гуфтанд, ки ҷамъи зиёде аз мардумон мехоҳанд бо шумо мулоқот кунанд. Фаҳмидам, ки сарони қабилаҳои паштун аз ҷануб ҳастанд, ҳудуди сесад нафар. Гуфтам, ки зиёфати шомро омода кунанд барои ҳама ва намози шомро бо ҳам гузоштем. Онҳо ҳудуди сесад нафар буданд. Баъди намоз ва зиёфати шом дар ҳамин сохтмон онҳоро мулоқот кардам. Гуфтанд, ки Устод, ҳама ҳаққи Шумо ба ҷост. Шумо раҳбари ҷиҳоду миллат ҳастед. Ҳаққи Шумо пеши миллат собит аст. Аммо масъала ин аст, ки раҳбари аввали давлат дар Афғонистон бояд аз паштунҳо бошад. Чун паштунҳо ғайри инро қабул надоранд. Шумо ҳар мақоме дигар мехоҳед касе сари он мухолифат надорад, мунтаҳо бояд нафари аввал, яъне раиси давлат аз қавми паштун бошад, шарти ризоят дар Афғонистон ҳамин аст. Ман ҳар он чи ҳамаи раҳбарони қабоил гуфтанд, ба диққат шунидам ва аз онҳо танҳо як суол кардам, ки ҳамаи мо мусулмон ҳастем? Гуфтанд; алҳамдулиллаҳ, бале. Гуфтам. Дар мазҳаби кӣ ҳастед? Гуфтанд; дар мазҳаби Имоми Аъзам. Гуфтам; Имоми Аъзам тоҷик буд? Гуфтанд; бале. Гуфтам; раҳбарии Имоми Аъзамро, ки тоҷик буд, қабул доред? Гуфтанд; бале. Гуфтам; он гоҳ ман низ аз қавми ӯстам ва раҳбари Шумо?Касе дигар даъвое надошт ва маҷлис ҳамин ҷо хотима ёфт…


Раҳматкарими ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97