ҚАТРАҲОИ ШАФФОФИ БОРОНИ ИНТИХОБОТ

Сиёсат 14.12.2009 15:30

Барои интихоботи навбатӣ ба порлумон Изҳороти Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд -шиори асосӣ иншо шуд. Ва ин даъват, ки бештар оҳанги амр дошт-аҳзоби сиёсӣ, доираҳои ҳавасманд ба интихоботро ба ин маъракаи сиёсии давлатӣ ҳавасманд менамояд. Назари чанд нафар коршиносону сиёсатмадорон аз ҷониби қабулгоҳи афкори оммаи "Миллат" дар шаҳри Хуҷанд гирд оварда шуд.

Ҷӯрабой Юсуфӣ, рӯзноманигор:

Аз Изҳороти Президент дар мавриди интихобот ягон маънои дигарро ҷӯстан мумкин нест. Сарвари давлат самимона таъкид кард, ки барои ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо шароити баробар фароҳам оварда шавад. Агар хато накунам дар се давраи гузаштаи интихобот чунин ҷасорати сиёсӣ аз ҷониби Сарвари давлат-ҳамзамон лидери ҳизби рақиб нишон дода нашуда буд. Яъне аҳзоби сиёсӣ аллакай сипари дифоъи сиёсӣ доранд. Акнун муҳим он аст, ки дар ин дави сиёсӣ худи аҳзоб омодагӣ бинанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ имруз собит кард, ки демократияро на бо силоҳ, на бо диктатура ва на бо амри сарварони давлатҳо ташкил кардан мумкин аст. Интихобти Афғонистон нишон дод, ки танҳо вазъи солими ҷомеъа шафофият ва воқеъияти интихоботро таъмин карда метавонад. Мо вазъи сиёсии мусоид, таҳкурсии сиёсии рақобатпазир ва сохторҳои хуби сиёсӣ низ дорем.

Карим Абдулов, профессор, сиёсатшинос:

-Хушбахтона, бӯҳрони молиявӣ ба ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо таъсири манфӣ нагузошт. Бо вуҷуди мушкилиҳо омма дар ҳаёти сиёсӣ-иқтисодии мамлакат фаъолона иштирок менамояд. Ваҳдати маънавии мо ваҳдати энергетикиро ба вуҷуд овард. Сарвари давлат паи ҳам ҳар як ваъдаашро дар назди мардум сари вақт иҷро мекунад. Чунин иқдом, вафодориро ҳизбҳо, ҳаракатҳои сиёсӣ низ аз худ нишон диҳанд. Ман боварии комил дорам, ки интихоботи навбатӣ аз айбҷӯӣ, таъназанӣ, иғвогарӣ холӣ мегузарад. Аз ҳама муҳимаш ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаи интихобот аз матбуот муассир истифода баранд. Васоити ахбори омма ба ҳамкории муфид омода аст. Ва хеле хуб аст, ки дар шароити бӯҳрони молиявӣ низ матбуоти озод пешоҳанги ҷомеа аст. Нашрияҳои "Азия плюс", "Миллат", "Тоҷикистон", "Фараж", "Озодагон" беғараз марафони сиёсиро инъкос карда метавонанд. Аслан имрӯз ин нашрияҳо афкори сиёсии ҷомеаро ба вуҷуд меоваранд. Хуб мешуд, агар ҳамаи ҳизбҳо барномаҳои интихоботиашонро дар матбуот чоп мекарданд.

Шарифҷон Абдувоҳидов, сиёсатшинос:

-Қариб панҷ сол мардум имконият дошт, ки фаъолияти сиёсӣ, талоши аҳзоби сиёсиро дар Порлумон мушоҳида кунад. Ман даст бар набзи сиёсии ҷумҳурӣ дорам. Зеро чун шаҳрванд бар таъғиротҳо, рӯйдодҳо бетараф буда наметавонам. Вале дар фаъолияти ягон ҳизб муддати 5 сол ҷасорат, набард, мухолифандеширо надидам. Ҳатто намояндагони Ҳизби наҳзати ислом дар таҳия, қабулу баррасии қонунҳо, роҳнамоии мардум ибтикори хоса нишон надоданд. Гарчанде берун аз Порлумон дар матбуот андешарониҳо, мубоҳисаҳои ҷолиб мекарданд. Бадтараш он аст, ки ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ роҳҳои дастрасӣ ба мандатро ҷустуҷӯ намекунанд. Чаро ҳизбҳои камнуфуз дар маъракаи интихобот муттаҳид намешаванд. Чунончи дар Русия дар маъракаи охирини интихобот 4 ҳизб фраксияи ягонаро таъсис дода, ба мақсад ноил шуданд. Омма ҳизб ва гурӯҳҳоро бо иқдомаш мешиносад. Дар 5 сол Тоҷикистон 3 иқдоми сатҳи ҷаҳонӣ ва 8 иқдоми аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаро пешкаш кард. Ҳамаи ин иқдомҳо аз ҷониби Президент пешниҳод шуданд. Чаро коммунистони Порлумон, ки дар таърих чун муаллифи ГОЭЛРО (Барномаи барқикунонии кулӣ) маъруф буданд, дар мавриди бунёди Роғун, Сангтӯда, истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи чароғҳои каммасраф хомӯш буданд. Ин иқдом чун фишанги табаддулоти иҷтимоӣ ба барномаи онҳо наздик аст. Ё худ магар Ҳизби наҳзати ислом аҳамият ва мақоми Имоми Аъзамро намедонистанд. Албатта, баъдан онҳо аз ин иқдомҳо пуштибонӣ карданд. Лекин дастгирӣ - иқдом нест.

Ибодати Комил, унвонҷӯ:

-Барои шаффоф гузаштани интихобот мавқеи сарвари давлат ва авзои табиат лозим аст. Алҳол Сарвари давлат нияти нек дорад. Аммо дар замони сармо, нарасидани барқ, монеаҳои табиӣ дар фасли зимистон ҷалби васеи оммаро ба интихобот имконнопазир мекунад. Лекин ба таъхир партофтани интихобот ҳам мумкин нест. Изҳороти Президент дар баробари даъват ба рақобати солим, ҳамчунин возеҳ вазифаи порлумонро шарҳ дод. Яъне вакил имрӯз фақат қонун эҷод мекунаду барои об, барқу гази мардум сарсон намешавад. Вакили мардумӣ мисли Муҳиддини Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов бошад. Онҳо аз ҳизбҳои рақиби ҳизби ҳоким бошанд ҳам, барои манофеи миллат кӯшиш мекунанд.

Маҳмуди Шокир, сиёсатшинос:

- Иқдоми Президенти ҷумҳурӣ хеле бамаврид ва қолабшикан аст. Ҳар қадар ҳалқаи фишор сустар гардад, ҳамон қадар демократия озодтар нафас мекашад. Ба усули демократӣ анҷом пазируфтани интихобот ба манфиати Президент аст. Зеро имрӯз ҳатто пурра ба дасти опозитсия гузаштани Порлумон ягон қувва, нируи сиёсӣ Президентро аз роҳи сарварӣ барканор карда наметавонад. Алҳол Эмомалӣ Раҳмон алтернатива надорад. Аммо гап сари он аст, ки то чи андоза мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ин супориши Сарвари давлатро иҷро мекунанд. Чандин маротиба ду сол пеш Президент супориш дод, ки донишҷӯёнро ба пахтачинӣ ҷалб накунанд. Лекин дар маҳалҳо ин амр иҷро намешуд. Мардум бояд чун ҳакам риояи ду тарафаи ин амрро назорат кунад.

Амриддини Насриддин, коршинос

- Изҳороти Президент ба фармони расмӣ шабоҳат дошт. Ба фикрам ин амр гардиши куллии бунёди ҷомеаи навро оғоз менамояд. Воқеан имрӯз барои ислоҳоти сиёсӣ шароити мусоид фароҳам омадааст. Мардум ба ҳамкории фаъол омода мебошад. Дар назди мардум ду вазифаи бузурги Миллӣ-сохтмони ҷомеаи демократӣ ва бунёди НБО-и Роғунро гузоштаанд. Барои яке маблағ - барои дуввумӣ матонати сиёсӣ зарур аст. Халқи тоҷик барои ҳарду қодир аст. Мутаассифона, имрӯз аҳзоби сиёсӣ бори сиёсӣ - иқтисодии ҷомеаро бар душ гирифта наметавонад. Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, ки чанде пеш аз тариқи симо пахш шуд, ягон ҳизб сухани нав гуфта натавонист. Он чиро такрор карданд, ки бе ҳизб ҳам мардум медонад. Танҳо Муҳиддин Кабирӣ чун ҷомаешинос ва Шодӣ Шабдолов ба ҳайси муҳандис суханони ҷолиб гуфтанд. Бояд тазаккур дод, ки чунин шароити мусоиди рӯ ба рӯӣ бо Сарвари давлат барои лидери ҳизбҳо ҳар рӯз рух намедиҳад. Мутаассифона онҳо ин имконотро пурра аз даст доданд.

P.S. Аз 6 мусоҳиб 5 нафар ғариҳизбӣ буданд. Пурсиши афкор нишон дод, ки мардум ба иттилои расмӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Аксари мардум дар мавриди интихобот ва авзои сиёсии кишвар маълумоти кофӣ доранд. Шаффоф гузаштани интихобот ба огоҳии сиёсии омма сахт марбут аст. Маҳз нуқсу бурди маъракаи интихобот дар назарсанҷӣ, пурсишҳо ифода меёбад. Ба ин хотир Қабулгоҳи "Миллат" тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар мавзӯъҳои марбути интихобот мусоҳиба- пурсишҳоро омода менамояд.


Наҷмиддини Шоҳинбод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97