Бойгонӣ

Ҳамоиши парлумони Русия ва Тоҷикистон 30.10.2008 14:25
24 октябр Эмомали Раҳмон, раиси ҷумҳур дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сеюми намояндагони порлумони Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе чунин матлабро иброз намудааст: Вуҷуди пойгоҳи низомии Русия зомини эътимоди сармоягузорони он кишвар мебошад.
Ҳамойиш дар Душанбе 13.11.2008 15:12
Дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: чолишҳо, имконот ва дурнамоҳо" бо иштироки коршиносон ва намояндагони давлатӣ аз 30 кишвари ҷаҳон кори худро шурӯъ намуд.
Ҳамойиши занони вакили порлумон дар Душанбе 11.09.2008 15:30
Дар як нишасти ду рӯза дар шаҳри Душанбе саҳми бонувони вакили порлумон дар рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин ҳамойиш рӯйи ин нукта таъкид шуд, ки дар кишварҳои осиёӣ барои ҳалли масоили ҷомеъа ҳанӯз аз нируи занон ба таври зарурӣ истифода намешавад.
ҲАР ҶАНОЗА ДАРСИ ИБРАТ АСТ ё пеш аз он ки хок шуд, бояд аз гунаҳ пок шуд 20.01.2009 13:50
Аз рӯзе, Шайтон душмани Одам гашт, тухми кинаву адоватро дар байни насли одамӣ паҳн намуд. Бинобар ин касоне, ки иродаи сусту имони заиф дошта бошанд, фирефтаи макри шайтон мегарданд.Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорон нафар ба хотири ба даст овардани пулу сарват душмани ҳам гашта, даст ба куштори рақибони худ ....
ҲАРИМИ ҲАВОИИ ТОҶИКИСТОН БА НАТО ПЕШНИҲОД ШУД 06.02.2009 22:42
Барои интиқоли таҷҳизоти ғайринизомии НАТО ба Афғонистон аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон истифода хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон, зимни мулоқоташ бо Трейси Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон субҳи имрӯз ризоияти Тоҷикистонро барои истифода аз ҳарими ҳавоии кишар эълом кард.
Ҳасан Асадуллозода дар додгоҳи Ландан шоҳид аст 30.10.2008 14:24
BBC: Оғози мурофиаи «Талко» ва шариконаш 27 октябри соли ҷори дар Бритониё мурофиа мутобиқи тақозои ширкати «Талко»-и кишвар нисбат ба ширкати «Ансол», ки гурӯҳе аз муъомилагарони алюмин шомили онанд, оғоз гардид. Ин қазия дар матбуоти Бритониё бузургтарин парвандаи фасод дар солҳои охир арзёбӣ мешавад. Ширкати Талко ба намояндагӣ аз ҳукумати ....
ҲАШАР!ё ҳукумат дар муқобили як артиши бузург бо номи Муҳоҷир чӣ бояд кунад? 12.01.2009 14:02
МАСЪАЛАИ АРТИШИ САРОЗЕРИ МУҲОҶИРОН Пас аз он ки нахуствазири Русия В. Путин дар мавриди 50 дар сад коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвараш хабар дод, сару садо дар атрофи бозгашти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ 1 миллион нафар дониста мешаванд, баланд шуд. Ба хусус гурӯҳҳои кӯчаки мухолифи давлати ....
Ҳаҷбаракҳо зиндонӣ шуданд 02.10.2008 16:18
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ масъулони як ширкати ҷаҳонгардиро, ки қасди ташкили сафари Ҳаҷ доштааст, барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.
ҲДТ боз ба додгоҳ шикоят мебарад 23.10.2008 15:50
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Масъуд Собиров гуфтааст, ки масъулони ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба додгоҳ хоҳад кашид.
Ҳеҷ будагон ҳеч кас шуданд ё ангуштони Қорӣ Ишкамбаро буриданд 18.07.2008 00:53
Кор анҷом меёфт, садои занги телефони идора баланд шуду гӯширо гирифтам, садои боэҳсоси ҷавонмарде шунида шуд: Ман як сокини шаҳри Душанбе ҳастам. Бисёр маврид нобасомониҳои рафтору гуфтор дар пойтахт моро нороҳат мекунад. Масалан, имрӯз пас аз фориғ шудан аз кор ба хона меомадам, ҳангоми аз назди муҷассамаи устод Айнӣ ....
Ҳизби демократ ба СММ шикоят мебарад 16.10.2008 14:36
Ҳизби демократи кишвар ба раҳбарии Маҳмадрӯзи Искандаров, ки давлат онро ба расмият намешиносад, аз ҳукумати кишвар ба Комиссияи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.
Ҳизби Наҳзати Ислом ба кӯмаки фаластиниён рафт 22.01.2009 14:08
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон намояндаи вижаеро барои мутолеъаи роҳҳои интиқоли маблағҳои хайрияи ин ҳизб ба осебдидагони фаластинӣ ба Навори Ғазза фиристодааст.
Ҳизби ҳоким шикояти мардумро гӯш мекунад 18.09.2008 15:27
Раёсати ҳизби ҳокими Халқӣ-демократии Тоҷикистон ислоҳот дар фаъолияти ин ҳизбро оғоз кардааст.
Ҳиммати навбатии соҳибкори тоҷик 14.10.2008 16:18
Рӯзи 13 октябри соли равон бо соҳибкори тоҷик Муҳаммадрозиқ Неъматов, ки дар шаҳри Дубай ба тиҷорат машғул аст, нишасти матбуоти баргузор гардид.
Ҳимояти фарҳангиёни Кӯлоб аз Латифи Пидром 23.08.2008 18:49
Мо бо шунидани хабари мудҳише, ки аз барбарияти Ҷиргаи ҷавонони афғони минтақаи Пактиёи Афғонистон (дар мавриди ба куштан ҳукм кардани шахсияти шинохтаи минтақа, Латифи Пидром) гувоҳӣ медиҳад, хеле ошуфтаву озурда шудем.
Ҳимояти фарҳангиёни тоҷик аз Латифи Пидром 25.08.2008 15:03
Ҷамъе аз фарҳангиёни саршиноси Тоҷикистон аз зумраи шоир Мӯъминшоҳ Қаноат, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, адибон Меҳмон Бахтӣ, Равшани Ёрмуҳаммад, Ҳикмат Раҳмат, олим Ҷӯрабеки Назрӣ, рӯзноманигорон Абдуғаффори Камол, Султон Ҳамад, Нуралӣ Давлат, Меҳрӣ Маҳмадова ва дигарон аз даъвати нангин ва хушунатомези Ҷиргаи ҷавонони ҳизби «Афғон- миллат», ки дар вилоёти Пактико ва Пактиёи ....
ҲНИТ аз мардуми Фаластин пуштибонӣ кард 31.12.2008 18:14
Субҳи 31 декабр дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҷамъи беш аз се сад нафар ба нишони ҳамрайъӣ ва якдилӣ бо мардуми мусалмони Фаластин ҳамоиш баргузор шуд. Ин ҷамъомад бо қироати оёте чанд аз Қуръони Шариф аз ҷониби, фарзанди асосгузор ва раҳбари фақиди ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ....
Ҳоли табоҳи "Барқи тоҷик" НБО-и Норакро таҳдид намекунад 02.04.2009 14:24
Шарифхон Самиев, собиқ раиси ширкати "Барқи тоҷик", рӯзи 31-уми март раҳбари нирӯгоҳи барқи обии Норак таъин шуд. Ӯ акнун вазифаи Рустам Зоғаков, раҳбари қаблии НБО Норакро ишғол кард. Зимнан, Шарифхон Самиев дар нимаи моҳи январ аз сабаби ноӯҳдабароӣ аз вазифаи раисии "Барқи тоҷик" ба таври намоишӣ аз вазифа барканор шуда ....
Ҳомиласозии сунъӣ тасвиб шуд бо назардошти фарҳанги миллӣ 22.01.2009 14:07
Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби ислоҳоте дар қонуни сабти аҳволи шаҳрвандӣ амалиёти ҳомиласозии маснуъӣ дар кишварро иҷоза додааст.
ҲОҶӢ ДОМУЛЛО ШУМО БО МОЕД? Кӣ ҳақ аст, Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода ё Роҳбарияти "Талко"? 23.02.2009 22:34
Роҳбарияти КВД "Талко" андеша ва нуқтаи назари узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон - Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро, ки дар мусоҳибаи ӯ таҳти унвони "Равобити нек бо Русия ба манфиати миллии мост", бо ҳафтаномаи "Фараж" №5, (112) аз 05.02.09 баён шудааст, бо диққат мавриди омӯзиш қарор дод. Бидуни шак, талоши ӯ барои ....
Ҳоҷи Мирзо: Шогирдони ман салафӣ нашудаанд! 24.07.2008 17:26
Мусоҳиба бо имомхатиби масҷиди маҳаллаи ба номи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб -Вақтҳои охир дар кишвар гурҳӯе баромадааст ба унвони салафия, ки тарзи хондани намоз ва риояи сунатҳои Расули Худо (с) дар баъзе масоил бар хилофи мазҳаби Абуҳанифа (р) мебошад, бигӯед баромади ин салафияҳо аз куҷост?
Ҳукумат ба «Барқи тоҷик» раис таъин кард 19.01.2009 20:39
Ҳукумати Тоҷикистон Санъат Раҳимовро, ки вазифаи директори иҷроияи муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика»- ро бар дӯш дошт, ба мақоми раиси ширкати «Барқи тоҷик» таъин намуд.
Ҳукумат дар Соли забон 28.07.2008 15:34
*Дар Наврӯзи соли 2007 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон исмашро ба номгузории миллӣ мутобиқ намуд - Эмомалӣ Раҳмон.
ҲУКУМАТ: КӢ МЕРАВАД, КӢ МЕОЯД. КӢ КИРО ИВАЗ МЕКУНАД? 15.01.2009 14:42
АЗ ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ ЧӢ ИНТИЗОР ДОРЕД? Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва намояндаи Маҷлиси намояндагони МО ҶТ: -Ростӣ гап, хеч гуна иттилоъ дар мавриди ин ҷаласа надорам. Ва ман мисли бархе аз дӯстон ҳам дар остони ин ҷаласа пурташвиш нестам, ташвиши ман танҳо аз бӯҳрони бисёр ҳам сангини иқтисодист, ки онро мо ....
Ҷавонони тоҷик 2 миллион доллар ҳадя гирифтанд 31.07.2008 01:25
Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои тарҳе дар заминаи рафъи мушкилоти аслии ҷавонони тоҷик ду миллион доллар кӯмаки билоъиваз кардааст.
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97