ҲУКУМАТ: КӢ МЕРАВАД, КӢ МЕОЯД. КӢ КИРО ИВАЗ МЕКУНАД?

Сиёсат 15.01.2009 14:42

АЗ ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ ЧӢ ИНТИЗОР ДОРЕД?

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва намояндаи

Маҷлиси намояндагони МО ҶТ:

-Ростӣ гап, хеч гуна иттилоъ дар мавриди ин ҷаласа надорам. Ва ман мисли бархе аз дӯстон ҳам дар остони ин ҷаласа пурташвиш нестам, ташвиши ман танҳо аз бӯҳрони бисёр ҳам сангини иқтисодист, ки онро мо пеши рӯ дорем. Дар ин ҷаласа бояд бештар рӯйи ҳамин бӯҳрони сангини иқтисодӣ ҳисоб бишавад ва кадрҳое рӯйи кор оварда бишаванд, ки битавонанд, дар шароити бӯҳронӣ муқовимат кунанд.

Ин ки мегӯянд, бӯҳрони молӣ ба кишварҳое ҳамчун Тоҷикистон таъсири камтаре дорад, дурӯғи маҳз мебошад ва ҷуз тасаллодиҳӣ чизе беш нест. Қабл аз ҳама бояд дар ин ҷаласа аз табодули анъанавӣ ё лакировкаи ҳам сохторҳо ва ҳам мутахассисин сарфи назар шавад ва бештар ба кадрҳои воқеъбин, ҳирфаӣ ва мутахассис бояд эътимод кард ва онҳоро рӯйи кор овард. Аз андешаи ғалате, ки мутахассисини ҷавон танҳо қобилият ва тавони корро доранд, бояд сарфи назар кард, зеро маҳз иштибоҳи даврони шӯравӣ ҳамин мутахассисони навандеш буд, ки бо ба сари қудрат расидан ҳамаро ба ҳам зад ва садҳо ҳазор мардумро ба бекорӣ ва оворагиву бечорагӣ овард. Мо ҳам аз ҷумлаи ин кадрҳои навандешро дорем, ки аз таҳлилҳояшон ба назар мерасад, ки дар гулистони Ирам зиндагӣ доранд ва аз ҳеч боду борон газанде ба иқтисоди мо намерасад. Ба андешаи ин теъдод кишвари мо метавонад аз чанголи ин бӯҳрон ба осонӣ дарбиёяд, зеро иддаъо доранд, онҳо, ки гӯё мо зиёд вориди бозори ҷаҳонӣ нестем ва аз бӯҳрон эминем. Дар ҳоле ки кишвари мо дар бозори ҷаҳонӣ мунҳал шудааст, танҳо камтар аз 10 дарсади маҳсулоти дохилиамон аз худамон асту бас. Ва ҳамчунин модоме нархи алюмин, пахта, нах ва ҳамаи ашёи хом дар бозори ҷаҳонӣ ду баробар пойин меравад, мо ки тавлидкунандаи ашёи хом ҳастем, чи гуна бӯҳрони ҷаҳонӣ ба мо бетаъсир бошад. Аз ин рӯ дар ҷаласаи ҳукумат бояд ин масоили пеши рӯ ба эътибор гирифта бишавад ва беҳтар аст, мутахассисони кордида, озмуда ва бодониш бештар ба вазифаҳои калидӣ, ба хусус соҳаҳои иқтисоду молиёт таъйин бишаванд. Шароит, бахусус шароити дунё имрӯз аз гузашта дида ба кулли фарқ мекунад, ва танҳо такя ба кадрҳои ҷавоне, ки танҳо шиму костюми қиматбаҳо ва тавқи зебову туфлии хиром ва коргоҳи шикро аз усули кори ҳирфаӣ мепиндоранд, мумкин аст, кишварро дучанд дучори мушкили бӯҳрон кунанд.

Умед Бобохонов, раиси кулли

ширкати холдингии "Азия -плюс":

-Агарчӣ ман ба тағйироти ҷиддии кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат чандон бовар надорам, аммо ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам бигӯям, ки ба хотири ояндаи дурахшони давлат бояд кадрҳои кӯҳна ба одамони нав ва мутахассисони ҳозиразамон иваз карда шаванд. Инро барои он мегӯям, ки ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки дунё бо бӯҳрони иқтисодӣ даст ба гиребон аст ва омилҳои кӯҳна, ба хусус кадрҳое бо тафаккури кӯҳна дигар наметавонанд зимомати мансабҳоро ӯҳда кунанд. Ва тағйири шароити иқтисоди ҷаҳон метавонад ба ҷаласаи ин навбати ҳукумати Тоҷикистон низ бетаъсир набошад ва такя танҳо ба табодули кадрҳо ва иваз кардани як эшелон ба эшелони дигар ба ҳеч дарде намехӯрад.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН,

журналист:

Ман аз иҷлоси қарибулвуқӯъи Ҳукумати Тоҷикистон ҳич беҳбудиеро интизор нестам, ба хотири он ки давлат сиёсати воқеъии кадрӣ надорад. Дар сиёсати кадрии давлат бештар омили протексионизм, яъне худиву бегона, қавмгароӣ зуҳур кардааст. Дар тамоми дунё ангезаи протексионизм ҳама гуна низомро ба стагнатсия, яъне рукуд рӯ ба рӯ мекунад. Ҷиҳати дигар ин аст, ки кадрҳо дар кишвари мо на бар асоси ҳирфаӣ(профессионал) будан таъин мешаванд, балки ба хотири қаробат ва садоқат доштан бо мақомот таъин мегарданд. Ҳамин соли гузашта ҳам дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумат се нафарро ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба соҳаи кишоварзӣ вазифа доданд, вале вазъият қариб тағйир нахурд, балки мураккабтар шуд. Қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ афзуданд, нақшаи пахтасупорӣ иҷро нашуд. Ростӣ, гап ман намедонам кӣ меояду кӣ меравад, вале ҳар касеро таъин кунанд, бовар надорам, ки беҳбудии чашмрасе шавад. Агар кадрҳои наву ҷавон рӯи кор биёянд ва таъини кадрҳо боадолатона сурат бигирад, умеди беҳбудӣ ҳаст.Вазифа ва уҳдадории ҳар нафари масъули ҳукумат, масалан сарвазир бояд муайяну мушаххас гардад. Оё будани нахуствазир аён аст? Фақат барои қаноат додану ором кардани маҳали муайян ӯро таъин мекунанд, ё бигирем раиси Маҷлиси намояндагонро. Ин мансаб низ ба квотаи як минтақаи муайян табдил ёфтааст.

P.S. "Миллат" хост дар остонаи ҷаласаи ҳукумат як назархоҳӣ анҷом бидиҳад ва дар мавриди таъйини кадрҳо ва интизороти қишрҳои гуногуни ҷомеа назаротеро пешкаши мардум бигардонад. Мутаассифона бо беш аз бист нафар афроди шинохтаи кишварамон, ки аз табақоти мухталиф, аҳзоби сиёсӣ, собиқадорони вазифаҳои ҳукуматӣ ва журналистон мо муроҷиат кардем. Аксарияти пурсидашудагон бо баҳонаву сабабе нахостанд изҳори назар бикунанд. Бархе иддаъо доштанд, ки изҳори назарашон ҳеч таъсире дар таъйини кабинаи ҳукумат нахоҳад дошт ва изҳори назар карданҳошон мисоли дар ҳован об кӯфтан аст. Қисмати дигаре аз дӯстон назари псимистӣ ба ин ҷаласа доштанд ва бо баёни ин ки "фоида надорад" хунсардона ба мо посух медоданд. Мутаассифона, аксарияти соҳибназарон мавқеъи бетарафӣ касб карда буданд ва посухашон ин буд; "ман чӣ кор дорам".

Дар радифи пурсишу посухҳои расмӣ сари масоили тағйироти кадрӣ дар Ҳукумат мо назари мардуми авомро низ дар масъалаи аз ҷаласаи Ҳукумати кишвар чӣ дигаргуниро умедворанд, пурсидем. Масалан барои бобои Собир, ки синнаш аз шаст гузаштаву шуғлаш хариду фурӯши гову гӯсола аст, муҳимтар аз вазифа гирифтани ину он бо нархи арзон ёфтану харидорӣ намудани ему кунҷораву алаф барои нигоҳубину парвариши чорпоёнаш будааст. "Ман,- мегӯяд бобои Собир,- агар ему хошокро арзон дарёфт кунам, хаёл мекунам, ки худам вазири хоҷагии қишлоқ ҳастам, вале чун қиммат ва ноёб шудани маводи ғизои чорпоро мебинам, ҳеч вазиру кабир дар чашмам наменамояд. Ва ҳамин ҳоло аз ҷаласаи ҳукумат дида барои ман муҳимтар он хабар аст, ки тоҷире дар колхози "Россия" кунҷораи арзон мефурӯхтааст ва инак ба ҳамон ҷо шитоб дорам." Азиз ном сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар як корхона дарбон будааст, мегӯяд, ки аз ҷаласаи Ҳукумат бехабар аст, вале ин ҷаласаҳо як навъ тақсимоти навбатии мансабҳо ҳастанд. Алиро мегиранду Валиро меоранд, Салимро дар ҷойи Карим вазир таъин мекунанду Каримро дар ҷойи дигар раис мекунанд. Дар умри 45 солаам надидаам, ки вазиреро ҷое, ки бояд бишинад, бурда бошанд. Агар маъоши ман аз 80 сомонӣ ақаллан 150 сомонӣ мешуд, то метавонистам барои аёлу чор фарзандам орду руғану шакар бихарам, ҳамон рӯз дар ҳаққи арвоҳи гузаштаи ҳама раису вазири ҳукумат ду ракъат намоз мехондам. Ҳоло фикр мекунам барои хондани ин намоз барвақт аст.

Аммо бо овардани назароти афроди мӯҳтараме, ки изҳори назар карданд ва бори дигар ба намоиш гузоштанд, ки ба сарнавишти кишвар бетафовут нестанд, иктифо накардем ва беҳтар донистем, сӯҳбатҳои "занакои лаби об"-ро, ки бидуни баҳс, хеле аз афроди "бетараф" дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтаанд, рӯйи сафҳа биёварем. Зеро бузурге гуфтааст; мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд":

"Занакои лаби об" гуфтанд:

- Ба маснади раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент чаҳор нафар номзад будаанд; Асадулло Раҳмонов, Абдуҷаббор Азизов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Нусратулло Абдуллоев.

Ва ҳам гуфтанд, ки вазири умури дохила Муҳаммадназар Солеҳов ба кори дигар гузашта, генерал Абдусаттор Раҷабов ба ин мақом таъин мегардад. Шермуҳаммади Шоҳиён, ки раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон мебошад, курсии раиси Додгоҳи Олиро соҳиб хоҳад шуд ва

Раҷабалӣ Раҳмоналиев, фармондеҳи Горди Миллӣ, ба ҷойи Шералӣ Хайруллоев, ки ба нафақа хоҳад рафт, вазири дифоъ таъин мешавад. Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов, раиси Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон хоҳад шуд.

Аммо мо ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистонро интизор хоҳем шуд. Ин ҷаласа, ки имрӯз баргузор мешавад, ба ҳама гумону тахминҳо ва фолзаниву пешгӯиҳо посухи конкретӣ хоҳад дод!

Пас биёед мунтазир бошем!


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97