ҲАР ҶАНОЗА ДАРСИ ИБРАТ АСТ ё пеш аз он ки хок шуд, бояд аз гунаҳ пок шуд

Аз рӯзе, Шайтон душмани Одам гашт, тухми кинаву адоватро дар байни насли одамӣ паҳн намуд. Бинобар ин касоне, ки иродаи сусту имони заиф дошта бошанд, фирефтаи макри шайтон мегарданд.Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорон нафар ба хотири ба даст овардани пулу сарват душмани ҳам гашта, даст ба куштори рақибони худ задаанд. Вале саранҷом худ низ сутуни дунё нагашта бо вуҷуди доштани моли зиёд ҳамагӣ бо як пора кафан аз дунё рафтаанд.

Аммо ин ҳодисаҳо барои як қисми мардум ҳанӯз ҳам дарси ибрат нашудааст. Фарз кардем, агар онҳо китоб нахонда бошанду амри маъруфу насиҳати оқилонро нашунида бошанд, наход, ки ҷанозаи атрофиёнро намебинанд. Ҳар ҷанозаи ҳаммаҳаллаву ҳамкору ҳамдиёр барои зиндагон чун китоби ибратбахш аст. Вақте ки тобут бардошта мешавад майит гӯё ба атрофиён мегӯяд:

"Эй мардум! Ман ҳам мисли шумо дар ин олам мезистам. Барои ба даст овардани молу сарват ва хоҳишоти нафсонӣ бо чанд кас душманӣ варзидам. Аммо имрӯз бо дасти холӣ дунёро тарк мекунам. Ҳоло бошад шумо тобути маро бурда истодаед. Фаромӯш накунед, ки рӯзе дигарон тобути шуморо мебардоранд. Имрӯз шумо ба пойи худ ба қабристон меоед, рӯзе фардо хохад расид, ки дигарон шуморо бардошта ба ин ҷо меоранд".

Ногоҳ бувад к-аз ин ҷаҳонат бубаранд,

Аз ҳалқаи ҷамъи дӯстонат бибаранд.

Ғофил манишин, замон-замонат бибаранд,

Гар ту наравӣ кашон-кашонат бибаранд.

Пас бояд тарки душманӣ намуда, ба касе озор нарасонед, то ки бори гуноҳонатон вазнин нашавад. Агар дар ин дунё касе аз гуноҳу савобатон напурсад, дар он дунё ҳатман пурсиш хоҳад буд.

Кош ҳозирон ин нидои каси дар дохили дохили тобут хуфтаро мешуниданд.

Кас баъзан ба хотири нафси палид душманшавии бародарон, даст ба дуздӣ ва ғорат задани баъзе афрод ва ҳасудхӯрии ҳамсоягону ҳамкоронро дида, ҳайрон мешавад, ки чаро қалби иддае аз мардум ин қадр нопок аст? Нигоҳҳо пур аз озу тамаъ, суханҳо пур аз дурӯғ , дилҳо пур аз сиёҳӣ. Мардум бехабаранд, ки бо ифлос шудани дилу ният ва нигоҳу забон қимматтарин чиз- имони кас ба хатар меафтад. Агар ба фазли Худованд имони кас аз чанги Шайтон халосӣ ёбад хуб, вагарна оташи сӯзону азоби абадӣ ӯро дар пеш хохад буд. Инсони оқил он аст, ки ба касе душманӣ наварзад. Агар душман дошта бошад ҳам набояд аз марги ӯ хушнуд шавад, зеро аҷал домангири ҳамагон аст. Ба пиру ҷавон, дорою нодор кор надорад. Шайх Саъдӣ дар "Бӯстони"-и худ ҳикояеро мисол овардааст.

"Ду тан солҳои зиёд бо ҳам душманӣ доштанд. Рӯзе бо амри тақдир яке аз душманон олами фониро тарк мегӯяд. Бадандеши ӯ аз марги рақибаш хушнуд мешавад, ки "Хуб шуд душманам мурд". Пас аз чанд муддат ӯ аз қабристон гузашта чашмаш ба гӯри душманаш меафтад. Аз дил мегузаронад, ки рафта душманамро бубинам. Ӯ дар дунё бо ман зӯрию зулм мекард, ҳоло дар ин ҷо вай чӣ ҳол дошта бошад? Аз рӯйи адоват тахтаи қабрро меканаду душманашро ба чунин аҳвол мебинад.

Сари тоҷвор дидам андар мағок,

Ду чашми ҷаҳонбинаш оганда хок.

Вуҷудаш гирифтори зиндони гӯр,

Танаш тӯъмаи кирму тороҷи мӯр.

Кафи дасти сарпанҷаи зӯрманд,

Ҷудо карда айём бандаш зи банд.

Вақте ки душманашро ба ин гуна аҳвол мебинад, раҳмаш омада зор-зор мегиряд. Сипас, аз рафтори худ пушаймон гашта, назди сангтарош рафта, санги мазоре мефармояду болои он чунин менависад;

Макун шодмонӣ ба марги касе,

Ки қаҳрат пас аз вай намонад басе.

ххх

Ай дӯст бар ҷанозаи душман чу бигзарӣ,

Шодӣ макун, ки бар ту ҳам ин моҷаро расад.

Яъне Худованд ба он шахс тавфиқ доду ӯ аз кирдораш пушаймон гашт. Моро лозим аст, ки аз хоби ғафлат бархезем. Зеро дунё ҳазорҳо сол боз вуҷуд дорад. Пеш аз мо ҳам дунё буду баъди мо ҳам ҳаёт идома меёбад. Пас набояд фақат ғами имрӯзро бихӯрем. Баъзеҳо, ки пулу қудрат доранд, танҳо замони ҳозираро фикр мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки дунё соҳибқудрату соҳибсарватони зиёдро дидааст:

Задам теша бар тали хок,

Ба гӯшам расид нолаи дарднок.

Ки зинҳор, агар мардӣ оҳистатар,

Ки чашму баногӯшу рӯй асту сар.

Ҷаҳондор будам ман андар ҷаҳон,

Шудастам баробар ба хок ин замон.

Соҳибони ақлу хирадро лозим аст, ки аз ҳодисаҳои замон ҳар рӯз ба худ панде гиранд ва асло даст ба кори ношоям назананд.

Чашм дорам, аз гунаҳ покам кунӣ,

Пеш аз он андар лаҳад хокам кунӣ.

Пеш аз он ки аз бадан ҷонам барӣ,

Аз ҷаҳон бо нури имонам барӣ.


Гулина Назархудоева, донишҷӯи
факултаи журналистикаи ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97