Кристинаи суғдӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд

Варзиш 30.01.2019 12:20

Кристина Пронженко дар панҷумин даври Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова дар Қазоқистон сазовори медали биринҷӣ шуд.

 Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст. Ин мусобиқа дар Уст-Каменогорски Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

 Ин варзишкори саршиноси тоҷик аз намуди  варзиши сабук дар дав ба масофаи 400 метр миёни бонувон бо натиҷаи 55,72 соҳиби ҷойи сеюм шуда, рекорди нави Тоҷикистонро гузошт.

Бино ба иттилои Федератсияи  варзиши сабуки  Тоҷикистон дар ин мусобиқа, ки аз рӯи даҳ қувваозмоӣ – ҷаҳиши секарата, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш ба дарозӣ, дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 3000м ва 60м бо монеа, ҷаҳиш бо найзачӯб ва эстафета 4х200м доир шудааст, беш аз 300 нафар варзишкор аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Узбакистон ва Украина ширкат варзидаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97