…Ки ишқ осон намуд аввал, аммо афтод мушкилҳо

Варзиш 04.05.2016 18:39

Ё мухлиси ашадии Мессӣ аз Афғонистон фирор кард

Хонаводаи як кӯдаки панҷсолаи афғон, ки аз Лионел Мессӣ, футболбози маъруфи ҷаҳон пироҳан ва тӯб ҳадя гирифт, аз тарси рабудани ӯ аз Афғонистон ба Покистон панаҳ бурдааст.

Падари Муртазо Аҳмадӣ, ки бо пироҳани селофании бо навиштаҷоти Месси дар расонаҳои ҷаҳон хабарсоз шуд, гуфтаанд, ки аз тарси одамрабоён, ки пайваста ба онҳо занг мезаданд, ба Покистон фирор кардаанд.

Муҳаммадориф Аҳмадӣ, падари Муртазо гуфтааст, аз бими ҷони писараш ӯву дигар фарзандонашро аз ноҳияи Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ гирифта ба Покистон рафтанд.

Ӯ мегӯяд: "Дар аввал ҳеч масъала набуд, бисёр истиқбол мекарданд. Дар ин охирҳо ҳеч кас дигар пушти мо наёмад. Як сар дуздони одамрабо, ки мо дар Афғонистон дорем ва тифлҳоро мебаранду 100 ҳазор ва 1 миллион афғонӣ мехоҳанд, ба мо занг мезаданд. Аз ҳамин хотир, гуфтам, ҷони бача дар хатар аст, барои ҳамин аз Афғонистон баромадем, ҳоло дар Покистон ҳастем. Мо аз Толиб тарс надоштем, тарс аз одамрабо доштем."

Ба қавли ӯ як фармондеҳи маҳаллӣ ҳам ба онҳо таҳдид кардааст.

Акси Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаки панҷсолаи афғон бо халтаи пластикии шабеҳи пироҳани футболбозӣ ва бо номи Мессӣ аввали соли равон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва ӯро дар лаҳзае дар саросари ҷаҳон маъруф кард.

Худи Леонел Мессӣ низ акси мазкурро дар саҳифаи худ дар Твиттер нашр кард. Баъдан ин ситораи ҷаҳонии футбол аз Аргентина, ки дар тими Барселонаи Испониё бозӣ мекунад, ба мухлиси хурдсолаш дар Афғонистони ҷангзада як тӯби футбол ва ду пироҳане бо имзои худ фиристод. Баъд аз ин, вақте ба Муртазо гуфтанд, ки Лионел Мессӣ ба ӯ алоқа нишон додааст, ӯ гуфта, ки мехоҳад, ин ситораи футболро аз наздик бубинад: "Ман Мессиро хуш дорам, мехоҳам Месси маро бубинад".

Вале ҳоло Муртазо Аҳмадӣ ҳаводори хурдсоли Леонел Мессӣ ҳамроҳ бо падару модар ва ду бародару ду хоҳараш ба сафи муҳоҷирони афғон дар Покистон пайвастааст ва айни замон дар назди хешовандонашон дар шаҳри Кветтаи Покистон зиндагӣ мекунанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97