Мо ба Сулаймон хушем...

Варзиш 25.06.2014 22:26

Muhammadsharif SulaymonАз ин овоза гӯши ман ҳам бод ёфт. Аммо боз ҳам ба ривояти он ки, на ҳар овозаю ғулғула ҳақиқати воқеист, худро таскину тасалло медодам, ки ҳиҷ имкон нест, то дар баробари як тавонмарди тоҷики бонангу ор чунин қарори нобихрадонаро раво дида бошанд.

Хоса дар ҳоле ки ҳама кору пайкораш, тамоми гиру дораш, ҷамеъи шогирдони парвардаи сазовораш, кули паҳлавонҳои тариятнамудаи парчамбардораш ҷуз ба суду нафъи Тоҷикистон хидмати дигареро барои худ раво надидаанд. Вале дареғ аз ин ки овоза ба воқеият табдил ёфту ба чашми сар дар васоити ахбори умум аз вазифа маъзул шудани ӯро хондам. Ҳайфам омад аз ин беэҳтиромии мутасаддиёни риштаи варзиш, ки риштаи минбаъдаи тақдирашро дар чархаи ресандагии хатогарди худ, ҳар навъе, ки хостанд бириштанду ӯро аз кори дӯстдоштааш фурӯ ҳиштанд зимомдорони фарсахҳо аз ин пеша дур, ки ҳазор балогардон дар лобалои нағмаю карашмаҳои соҳиронаи онҳо лолу музтар хоҳад монд. Ба дил гуфтам, эҳтимол кадом як рафтори ноҷо ё амали нораво сар зада аз ӯ, ки ҳама роҳбарони соҳаи варзиш, кашида аз Федератсияи гӯштии самбои Тоҷикистон то Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қасду кини ӯ бархостаанд. Оре, ба қасду кини ӯ, чаро ки тайи 10-соли сарвариаш дастаи мунтахаби кишвари мо аз рӯи гуштии самбо дар мусобиқоти мухталифи минтақавию байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ба даст овардани натиҷаҳои беназир муяссар омад. Аз тафсилоту тавзеҳи дастовардҳои самбочиён фуругузорӣ мекунам, то фаро расидани фурсати муносиб ба хотири халалдор накардани мантиқу муҳтавои нигориш, зеро ошноӣ бо шумхабари мазкур фикри маро ба солҳои 70-уми қарни мозӣ бурд.

Солҳои ҳафтодуми қарни  20-ум, саҳеҳтараш шуру аз соли 1972-юм паҳлавони қавипанҷаи Ровандпарварди ванҷӣ дар майдонҳои муҳташами мусобиқоти расмию маъракаҳои мардумӣ, чун ба ҷавлон меомад, ба дили ҳарифонаш тарсу яъсу навмедиро ҷо мекард. Дар он аҳду овон, дақиқтараш то соли 1975-ум гирди номи ду-я ли беҳамтои тоҷик -Саидмуъмин Раҳимов ва Маҳмадшариф Сулаймонов дар ҳама ҷо ҳарорат ҳарф мезаданду зӯроварии онҳоро месутуданд. Ҳарду ҳам дар риштаи гуштиҳои самбою миллӣ қувва меозмуданд. Ба ёд дорам, тоҷикони Узбакистон дар маъракаҳои гуштие, ки ба хотири маросими хатнасури фарзандонашон меоростанд, ба суроғи онҳо меомаданд, то аз нангу номи миллати тоҷик пуштибонӣ кунанд. Бале, нангу номи миллат, чаро ки ҳатто дар он замон ҳам паҳлавонони ҳамсоядавлати мо чун ҳаводиси таърихии солҳои пешин зӯроварони тоҷикро чандон рӯи хуш намедоданд. Маҳз Саидмуъмин Раҳимову Маҳмадшариф Сулаймонов зимни бад-ин осо маъракаҳою майдондориҳо паҳлавонони ӯзбекро дар хонаи худашон ба замин парчин менамуданд. Ин анъана буд, то онҳо Убайд паҳлавон, Худойдод Қаландаров, Абдуманон Зокиров, Сайдраҳмон Ғиёсов ва дигарон ҳамвораю ҳамеша дар набардҳои ватану миллатхоҳӣ пирӯз меомаданду сарбаланд. Ин ҳоло аст, ки бо шунидани исми паҳлавонони узбак Абдулло Тангриев, Ришод Собиров, Рамзиддин Саидов, давлат Чориев ва дигарон гуштигирони моро (ба истиснои Расул Боқиев- Ф.О.) дар баданшон мурғак медамад. Ба фикри банда, иллат на дар сарзамини паҳлавонхези Тоҷикистон асту зӯроварони он, балки нуқсро дар тангназарию кӯтоҳандешии мутасаддиёни риштаи варзиш бояд ҷусту муносибати саҳлангоронаи эшон нисбати ифои вазифа. Чаро ки онҳо, на дар асоси нақшаҳои наздик ва реҷаи дурнамо кори худро ба роҳ мемонанд, балки ба тасодуфу таваккал ва фоли хуши тақдир умед мебанданд, дар ҳоле ки Яздони пок фармудааст: "Ҳаракат аз ту, баракат аз мо!".

Воқеан, дастаи мунтахаби самбочиёни Тоҷикистон назар ба паҳлавонони риштаи ҷу-до (дзю-до) хеле пешрафтҳою забардастиҳо доранд. Чаро ки Маҳмадшариф Сулаймонов ҳамчун сармураббӣ то бас гуфтан серталаб асту сахтгир, натанҳо дар нисбати шогирдону аъзои тими баргузидаи Тоҷикистон, балки дар баробари афроди масъулу мутасаддии варзиш низ. Анқариб дар аксар мусобиқаҳо бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Сулаймонов самбочиёни тоҷик на танҳо ба хотири ширкат дар майдонса бар мешуданд, балки мекӯшиданд, то бо дастовезҳои шоиста ба ватан баргарданд. Маҳмадшариф Сулаймоновро Худованди мутаъол аз ҳунари дигар низ, ки дилёбии сарпарастон аст, бенасиб нагардондааст. Маҳз бо ҷаҳду талошҳои ӯ сарпарастон то ҷойи имкон дастаи мунтахаби самбочиёнро маблағгузорӣ менамуданд, чаро ки медонистанд пули онҳо ба нафъи Тоҷикистону баланд бардоштани нуфузи варзишии он хидмати босазо хоҳад кард. Ҳамакнун, собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштии ҷу-до Носир Бозоровро ҷойгузини ӯ таъин кардаанд. Дар кадом асос, бо эътино ба кадом дастовардҳою сифату афзалияти инфиродиаш? Ва ҳам Маҳмадшариф Сулаймоновро бо кадом ҷурму далел барканор карданд? Танҳо бад-он хотир, ки инро раиси Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон Хайрулло Назриеви фориғ аз ифои вазифааш хостааст? Оё ҷаноби Хайрулло Назриев ҳуқуқи маънавӣ дошта буд, ба ин иқдом, дар ҳоле ки натиҷаҳои нишондодаи дастпарварони Маҳмадшариф Сулаймонов назар ба дигар мураббиён хеле назаррастар асту пурҷило. Магар Хайрулло Назриеви раиси Федератсияи гӯштии самбои Тоҷикистон медониста бошанд, ки давлати мо ҳуқуқбунёд асту шаъну шарафи инсонӣ дар он гиромӣ шумурда мешавад? Бад-ин манзур мебоист ҳама корҳо дар пояи қонун сурат мегирифт. Медонанд, агар на, намегуфтанд, ки мо зимни баргузории мусобиқаи гуштӣ Маҳмадшариф Сулаймоновро бо пӯшонидани ҷомаю тоқӣ расман гусел карданӣ будем. Гусел ба нафақа? Ин қадар осемакорӣ чаро, вақте ки то нафақааш ҳанӯз ду сол фурсат аст. Ё шояд ин риштаро низ тухму тор карданӣ ҳастед? Хайрият аст, ки сармураббигии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гуштии ҷу-до бар дӯши Саидаҳтам Раҳимов вогузор намуданд. Азбаски фарзанди шарафманди падари муътабараш аст, мутмаинан метавон гуфт, ки ӯ бо тамоми ҳастӣ баҳри барқарор кардани шаъну эътибори паҳлавонони тоҷик дар риштаи гӯштии ҷу-до ҷаҳду талош хоҳад намуд. Чаро ки ӯ шахси тасодуфӣ нест, дар ин намуди гӯштӣ.

Аз нахустин иқдомаш, ки чанд тан мушовири варзидаро ба ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаб шомил сохтааст, маълум мешавад, ки ба ҳич ошнобозию хешутаборчигӣ роҳ намедиҳад.

Маро ҳамчун ҳуқуқшинос, ки чанд соли ахир бо тақозои виждону таҳрики пешаам аз арзишҳои башарӣ дифоъ мекунам, дар даҳлези пазиро пушти дари ҳуҷраи кори раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов, ки дар такаллуми такаллуфии бесару нӯг тутиёни ширинсухани Ҳиндустонро ба як нӯл мезанад, мунтазир истодани паҳлавони беназири тоҷик Маҳмадшариф Сулаймонов сахт ба риққат овард. Ҷаноби Маликшоҳ Неъматов аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо ӯ рӯ тофт. Чаро? Ба фикри мо Маликшоҳ Неъматов хуб медонист, ки дар баҳсу мунозира рақамҳоянд алмос, зеро ӯ ҷомеаи Тоҷикистонро маҳз бо ҳамин абҷадбозиҳои медалшуморӣ дар шигифту ҳайрат андохта тавонист. Аммо натиҷаҳои нишондодаи чӣ худу чӣ шогирдони Маҳмадшариф Сулаймонову унвонҳои ифтихориии инфиродии ӯро бишнида, зимни мулоқот яқинан рӯйи Неъматов дуд мекард. Биёед, гапро ғоз намедиҳем, балки ба рақамҳо истинод мекунем.

Дастовардҳои Маҳмадшариф Сулаймонов ҳамчун варзишгар:

-қаҳрамони 25-30 каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди гуштиҳои самбо, ҷу-до ва миллӣ;

-барандаи чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи гуштии самбо ва ҷу-до;

- қаҳрамони ИҶШС дар байни паҳлавонони Ҷамъияти умумииттифоқии варзишгарони деҳот оид ба гуштии самбо;

-ҷойи дуюм дар мусобиқаи умумииттифоқии варзишгарони донишҷӯ аз рӯи гуштии самбо;

-иштирокчии чандин спартакиадаи халкҳои ИҶШС;

-қаҳрамони секаратаи ҷаҳон дар миёни варзишгарони собиқадор дар шаҳрҳои Афинаи Юнон, Парижи Фаронса ва ТошкандиУзбакистон.

Унвону мукофотҳои ифтихорию давлатӣ:

-Устоди варзиши ИҶШС оид ба гуштиҳои самбо ва ҷу-до;

-Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи гуштии миллӣ;

- Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба гуштии самбо;

-Устоди хизматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистоноид ба гуштии самбо;

-Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба гуштии самбо;

-дорандаи ордени "Шараф"-и дараҷаи 2;

-Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гузашта аз ин, бо заҳмату талошҳои бедареғу ватанхоҳонаи ӯву шогирдону фарзандонаш тайи солҳои гуногун бештар аз 350 маротиба дирафши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳҳову толорҳои муҳташамтарини дунё афрошта шудааст. Ҳамасола шогирдони ӯ дастикам 30-40 медали гуногун ба хазинаи дастовардҳои варзишии Тоҷикистон аз мусобиқоти минтақавию байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ зам мекунанд. Чанд тан аз дастпарварони ӯ қаҳрамони Осиё гардиаанд. Ҳар сол аз чор то шаш медали тилои мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро соҳиб шудани шогирдони ӯ ба як амру анъанаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Таҳти сарварии ӯ дастаи мунтахаби мамлакат оид ба гуштии самбо соли 2012-ум дар шаҳри Тошканд шаш медади тилло ва соли 2013 -ум дар Кореяи Ҷанубӣ ҳашт медали тиллоро ба номи худ муҳр зада буд. Аз ин шумор панҷ тан паҳлавон бевосита тарбиятдидаи худи ӯ мебошанд.

Худ қазоват кунед, хонандагони арҷманд ва мухлисони собитқадамаи гуштӣ, ки Маликшоҳ Неъматов бо кадом рӯ дар баробари ӯ далел меоварду мегуфт, ки "Муҳтарам, Маҳмадшариф Сулаймонов, Шуморо бод алели ноуҳдабароӣ аз вазифа маъзул намудаанд?"

Ва ниҳоят суҳбату гуфтугӯ бо чанд паҳлавони номвари узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштии самбо маро сари қароре овард, то як байти Ҷалолиддини Балхиро бо тағйири андак аз номи онҳо алорағми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов ва раиси Федератсияи гуштии самбои кишвар Хайрулло Назриев ба маҳзи ҳушдор ё андарз таъкидан ироа намуда, мансабдоронро бори дигар сари тасмими худсаронаашон ба андеша биангезам:

Мо ба Сулаймон хушем, деву парӣ гӯ: "Мабош!"

Ҳукми ту аз ҳад гузашт, ҳилагарӣ гӯ: "Мабош!"

Файзи Олӣ - ҳуқуқшиноси ваколатдор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97