"Джиу-джитсу"-и тоҷикӣ

Варзиш 17.04.2013 20:36

VarzishkorСайдакрам Шомаҳмадов 3 июли соли 1989 дар водии зебоманзари кишварамон Раштонзамин дида ба ҷаҳон кушудааст. Соли 2005 пас аз хатми мактаби миёна худи ҳамон сол ба литсеи ҳарбии ВМҶТ ба номи генерал Мастибег Тошмуҳаммедов дохил шуда, соли 2007 литсеи мазкурро бо мувафаққият хатм мекунад. Муддате дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар бурда, сипас соли 2011 ҷиҳати баланд бардоштани маҳорат ва касби ихтисос ба Донишкадаи молия ва иқтисоди ҶТ дар риштаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ "гумрукчӣ" таҳсил дорад.

Ҳамзамон дар баробари касби дониш, ба варзиш оид ба муҳорибаи тан ба тан ба усули "Джиу-джитсу" алоқамандии зиёд дорад. Инчунин дорои камарбанди қаҳваӣ мебошад.

Дар чандин мусобиқаи дохили кишвар ширкат варзида, сазовори медалу ифтихорнома ва мақоми аввал насибаш гардидааст.

Суҳбате доштем бо ин ҷавони серталош ва бо ғайрат, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда мегардонем.

-Нахуст дар бораи ин усули варзиш, ки на барои ҳама маълум аст маълумот бидиҳед?

-"Джиу-джитсу" ин яке аз усулҳои муҳорибаи тан ба тан ба шумор меравад, ки таърихи хеле қадим дорад. Тибқи баъзе сарчашмаҳо ин усул ба замони шоҳаншоҳи Чин, Чоу 1122-255 -и пеш аз милод вобастагӣ дорад. Хушбахтона соли сипаригардида  (2012)  бо дархост ва ташаббуси устоди варзиш Алиҷон Давлатов  ин намуди варзиш дар Вазорати Адлияи ҶТ расман ба қайд гирифта шуд.

-Шумо дар кадом мусобиқаҳо ширкат варзида дастболо шудаед?

-Соли 2012 дар шаҳри Душанбе миёни донишҷӯён  дар вазни 80 кг мусобиқае баргузор гардид, ки мақоми аввал насибам шуд. Сипас худи ҳамон сол  26-феврал бахшида ба рӯзи Артиши Миллии ҶТ дар пойтахти кишварамон дар вазни 76 кг бо усули "Супер карате" мусобиқа баргузор гардид, ки дар ин сабқат низ сазовори ҷои аввал гардидам. Инчунин ба муносибати иди Наврӯзи соли 2012 миёни калонсолон аз синни 18-35 сола дар шаҳри Душанбе  муҳорибаи универсалӣ баргузор гардид, барандаи мақоми аввал гардидам. Ахиран соли ҷорӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар вазни 85 кг дар шаҳри Душанбе оид ба усули "Джиу-джитсу" мусобиқае баргузор гардид, ки хушбахтона бо ба даст овардани ҷои аввал сарфароз гардидам.

-Ба як ҷавони донишҷӯ ҳамзамон варзишгар, барои идомаи таҳсил мушкилот эҷод намешавад?

-Мақолест машҳур миёни мардуми шарифи тоҷик: "Ба як ҷавон чил ҳунар кам" бо ёрии Худованд аз ӯҳдаи ҳамааш мебароям.

-Дар мусобиқаҳои хориҷ аз кишвар ширкат варзидаед?

Не то кунун, вале ин тасмимро бо устод ва дигар дӯстонам  ҷиддӣ гирфтаем.

-Ба андешаи Шумо варзиш чӣ нақшеро дар тарбияи ҷавонону наврасон  бозида метавонад?

Аксар ҷавонону наврасоне, ки даст ба ҷиноят ва амалҳои номатлуб  мезананд, афроде, мебошанд, ки маҳрум аз машғулиятанд. Ба андешаи ман кадом навъи варзише набошад дар тарбияи ҷавонону наврасон  саҳми босазои хешро  гузошта аз манфиъати моддиву маънавӣ холӣ нест.

Кадом мушкилоте рӯ ба рӯи Шумост?

Албатта ҳаёт холӣ аз пастиву баландӣ нест, вале умед аст ин мушкилот ҷузъиянд. Варзишгар аз мушкилот бояд наҳаросад.

Чӣ орзу доред?

Баланд бардоштани Ливои  Миллӣ дар мусобиқаҳои хориҷ аз кишвар, Сулҳу Ваҳдату якпорчагии ватани азизам Тоҷикистон.

-Устоди Шумо дар ин соҳаи варзиш кист?

- Ифтихор аз он дорам, ки таҳти тарбия ва сарпарастии устоди ДДТТ ҳамзамон устоди варзиш, раиси Федератсияи Милии "Джиу- джитсу" Алиҷон Давлатов қарор дорам. Аз эшон барои заҳматҳояш сипосгузорам.

-Ташаккур барои суҳбат!

-Худо нигаҳбони Шумо!

Мусоҳиб Муҳиддин Асозода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97