БЕҲТАРИНҲОИ ФУТБОЛИ ТОҶИК

Варзиш 31.12.2008 18:43

Пас аз як моҳи раъйдиҳӣ беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2008 аз нигоҳи хонандагони торнигори «Футболи Тоҷикистон» (www.footballtj.wordpress.com) муайян шуданд.

Унвони беҳтарин бозигари соли 2008-и Тоҷикистон насиби Юсуф Рабиев шуд. Юсуф Рабиев бо чаҳор голаш дар панҷ бозии Ҷоми чолиш дар Ҳайдаробод дар феҳраси беҳтарин голеадорҳои IFFHS ворид буд ва замоне дар ин феҳрас ҳатто аз Дидйе Дрогбаву Андрей Аршавин ва Лука Тониву Фернандо Торес низ болотар меистод. Юсуф мавсими имсоларо дар ҳайъати «Вахш» оғоз кард ва тирамоҳ ба «Хуҷанд» гузашта, дар ин даста низ ба зудӣ мақоми худро пайдо кард.

Дар миёни футболбозҳои то 20-сола унвони беҳтаринро «палочка-виручалочка»-и «Регар» ТадАЗ – ситораи биринҷии Сингапур-2006 Даврон Тухтасунов соҳиб шуд. Танҳо голи ӯ ба дарвозаи қаҳрамони Қирғизистон дар бозии ниҳоии Ҷоми президенти АФК дар Бишкек чӣ баҳое дорад!

Ин ғалабаи «Регар» ТадАЗ бар «Дордой-Динамо», аз нигоҳи хонандагони «ФТ», пирӯзии сол буд. Дар Бишкек, ҳузури даҳ ҳазор мухлиси қирғиз иродаи қаҳрамони Тоҷикистонро нашикаст ва онҳо ваъдаи сармураббии худ Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро дар мавриди ғалаба дар Ҷоми президенти АФК иҷро карданд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, воқеан, бар иловаи Ҷоми президенти АФК, имсол ҳамчунин боз унвони навбатии қаҳрамони Тоҷикистонро ба «Регар» ТадАЗ ихтисос дод ва ба худ унвони беҳтарин мураббии солро аз нигоҳи хонандагони «ФТ».

Ба назари хонандагони «ФТ», дар соли 2008 исми тоҷиконро дар футболи беруна беҳ аз ҳама Манучеҳр Ҷалилов боло бардошт. Манучеҳр имсол бар иловаи капитани «Локомотив-2», беҳтарин голзани ин даста, беҳтарин бозигари ин даста, ҳамакнун боз унвони беҳтарин фарангии тоҷикро низ касб кард.

«Истиқлол»-и тозатаъсис дар бахши «Тими сол» пирӯз омад. Ин даста дар нахустин пайдоиши худ дар футболи касбии Тоҷикистон тамомии бозиҳояшро бо пирӯзӣ анҷом дод, Ҷоми Душанбе ва унвонҳои қаҳрамони Душанбе ва қаҳрамони Лигаи якумро ба даст овард ва ҳамакнун дар соли оянда дар Лигаи Олӣ баромад хоҳад кард.

Натиҷаҳои назарсанҷӣ

Бозигари сол – Ю. Рабиев - 61%, Х. Маҳмудов - 21%, С. Ҳамидов - 18%.

Бозигари ҷавони сол – Д. Тухтасунов - 67%, Ф. Восиев - 18%, С. Шоҳзуҳуров - 16%.

Фарангии сол – М. Ҷалилов - 64%, Д. Восиев - 22%, Р. Фузайлов - 15%

Мураббии сол – М. Ҳабибуллоев - 53%, Ӯ. Тӯрақулов - 32%, С. Ғафуров – 15%.

Тими сол– «Истиқлол» - 49%, «Регар» ТадАЗ - 32%, Мунтахаби ҷавонон – 19%.Пирӯзии сол – «Регар» ТадАЗ 1 –1 (пен:4-3) «Дордой-Динамо» - 42%, «Регар» ТадАЗ 4–3 «Ишқобод» 23%, Тоҷикистон 1–0 Кореяи Шимолӣ 23%, Тоҷикистон 5-1 Лубнон 12%


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97