(Посухе чанд ба мақолаи Варқаи Зайниддин "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст" (Миллат, 19 июни 2008).
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Дар бораи иллатҳои шаклгирии забони форсии нав ва аз байн рафтани забони паҳлавӣ ва гӯйишҳои он - суғдӣ, хоразмӣ ва дигар лаҳҷаҳо низ таърихнигорону донишмандон андешаҳои мухолиф бо иддиъоҳои Варқаи Зайниддинро баён мекунанд. Академик Бобоҷон Ғафуров мӯътақид аст:
"Равобити сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии байни Мовароуннаҳру Хуросон ва дигар ноҳияҳои Ирон, тоҷирону косибони шаҳрҳои Суғдро водор менамуд, ки забони форсиро аз бар намоянд. Маҳз ба ҳамин тарз, дар натиҷаи густариши забони форсӣ лаҳҷаҳои шарқии иронӣ аз байн рафтанд"(Тоҷикон, саҳ.576-577).
П.В. Авери - ховаршинос ва ироншиноси англисӣ мегӯяд: "Пас аз садаи ҳафтум тарҷумаҳое аз паҳлавӣ ба арабӣ сурат гирифт ва суннати ин забони китобӣ ба сустӣ идома ёфт. Бо вуҷуди ин, иллати канор гузоштани форсии миёна бояд далеле беш аз тағйири мазҳаб аз зардуштигароӣ ба Ислом дошта бошад. Аввалан паҳлавӣ ё форсии миёна унвоне барои гӯйишҳои чандон бисёре набуд, балки забонҳо ё гунаҳои забонии табақоти мухталифи мардумро дар мавқеиятҳои гуногун дарбар мегирифт ва калиди нигориши он дар дасти рӯҳонияти зардуштӣ буд. Ин навъ гуфтор аз вижагиҳои ташрифотӣ, дарборӣ, салтанатии муҳити хонаводаи ҳоким ва дархӯри табъи рӯҳонияти зардуштӣ бархӯрдор буд. Аз ин забон барои тавсифи шикоргоҳ ва адои додхост истифода мекарданд ва печидагии сабки баёни он пеш аз онки забони нисбатан бепирояи арабӣ ҳамаҷогир шавад, аҳамияти худро аз даст дода буд".
Профессор Полмер - донишманди амрикоӣ мӯътақид аст: "Мо ба таҳқиқоте дар заминаи илм ва ақидаҳои мардумони Осиёи Марказии қадим ниёз дорем, то бидонем оё чунин рушде аз тариқи илм дар таърихи он замон гузориш шудааст ё хайр (не?). Ба ин манзур бояд осори бостонии суғдӣ мавриди мутолиоти дубора қарор гирад. Зеро солҳои ахир дар Осиёи Марказӣ андешаи ифтихор ба гузаштаи бостонӣ дар ҳоли тақвият ёфтан аст, ки ба назар мерасад, дар ин хусус мустанадоти кофӣ вуҷуд надорад. Агар чунин гузорише вуҷуд надошта бошад, ин идея қувват мегирад, ки Худованд дониши худро ба ҳазрати Муҳаммад (с) мунтақил кардааст ва дар ҷараёни вуруди Ислом ба Осиёи Марказӣ мардуми ин минтақа бо пазириши дини тоза аз дастовардҳои тамаддун ва фарҳанги исломӣ ба тадриҷ бархӯрдор шуданд ва донишмандоне низ аз ин қаламрав дар густариши улуми исломӣ саҳми арзанда ҳамроҳ намуданд. Донише, ки ахиран мо онҳоро аз тариқи мутолиоти густарда ба даст овардаем".
Аз сӯйи дигар, теъдоде аз андешамандону муҳаққиқон бар ин боваранд, ки заминаи аз байн рафтани забони паҳлавӣ ва лаҳҷаҳои он қабл аз вуруди сипоҳи Ислом ба Хуросону Мовароуннаҳр фароҳам шуда буд.
Баррасии таърихи давлати сомонӣ ва иллатҳои суқути он ба авзои феълӣ монандии зиёдеро ошкор мекунад.Талошҳои ихтилофафганонаи салафиёни феълӣ, ҳамонанди ҷараёни қарматияи аҳди амирони сомонист. Агар ин раванд ҳамчунон идома ёбад ва фишор бар руҳониёни суннатӣ зиёд гардад ва ҳимоят аз салафиҳо ба ҳадафи эҷоди ихтилоф дар миёни мусалмонони Тоҷикистон ба унвони роҳкори (тактикаи) ниҳодҳои марбута матраҳ бошад, дар сурати сар задани ҳар навъ таҳдиди амниятии хориҷӣ, аз дасти мо коре барнахоҳад омад. Дар он сурат шояд кумаки руҳониёни саршинос лозим шавад ва баъид аст, ки ишон кумак кунанд.
Дар чунин шаройите афроде чун бародар Варқаи Зайниддин пас аз чанд сол руҳониёнро гунаҳкори ин навъ ҳодисаҳо муаррифӣ хоҳанд кард, ки онон аз ифтихору ғурури миллӣ бархӯрдор нестанд.
Агар воқеан ҳам мо ифтихори миллӣ ва худшиносӣ медоштем, чаро нисбат ба ҳама таҳқиру тавҳинҳои профессор Г.А.Ҳидоятов, ки аслу асоси вуҷуди миллати тоҷикро бо навиштани беш аз 20 мақола дар сафҳаи интернетии Сентр Азия ру, зери савол бурд ва фарҳангу тамаддуни ин сарзаминро ба яҳудиёну туркон вогузор кард, сукут варзидем...? Ба ҷуз ду посухи сатҳии Академик Р.Масов ва таърихнигор К. Абдуллоев ва то интишори ду матлаби номзади илми санъатшиносӣ Ҳазрат Сабоҳӣ ба забони русӣ таҳти унвони "Саманиды: первоисточник не является "игрушкой-конструктором" (Центразия,ру.10.02.2007; Заметки к статьям Г. Хидоятова.Ч.1-я: Еще раз о Туркан-хотун ал-Узбаки. Ч.2-я: Еврейские чемоданы с упражнениями по пахлавийскому языку.Центразия.ру.15-16.04.2008), ки мушти маҳкаме ба даҳони Ҳидоятови ёвагӯву тӯҳматчӣ куфт, ин ҳама академикҳову докторҳо ва кормандони Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон чӣ кор мекарданд? Ба эҳтимоли қавӣ метарсиданд ва ё тавон ва хоҳиши посух додан ба носазогӯйиҳои Ҳидоятовро надоштанд. Аммо омили дигар ошноӣ надоштани аксари донишмандони феълии Тоҷикистон бо хати форсӣ ва осори гузаштаи таърихиву фарҳангӣ мебошад, ки муҷиботи таҳрифкории афроди судҷӯ чун Ҳидоятовро фароҳам месозад. Дар ин гирудор мо тоҷикон бо баҳонаи "худшиносии миллӣ" дар пайи душмансозӣ ҳастем ва ҳарчи нируву тавон дорем бар сари худиҳо метозем ва арабу исломро сабаби бадбахтиҳои худ медонем. Ҳақ ба ҷониби шодравон Лоиқи Шералист, ки ҳануз соли 1990 гуфта буд:
Дигарон бар ғосибон зӯр оваранд,
Мо фақат бар асли худ зӯр оварем.
Он яке гирад гиребони фалак,
Мо гиребони худиро медарем.
Хайриддини Қосимӣ, рӯзноманигор