Зардушт тоҷик набуд, тоҷикон будоӣ буданд

Таърих 08.08.2008 14:41

(Посухе чанд ба мақолаи Варқаи Зайниддин "Ҳушёр бошем, душмани тоҷик дар камин аст" (Миллат, 19 июни 2008).

Чаро муғул бар мо пирӯз шуд?

Дар бораи нақши руҳониён дар умури мамлакатдорӣ низ Варқаи Зайниддин ба дур аз инсофу адолат андеша меронад ва мегӯяд: "Баъди 221 соли ин амали бениёзии худ нисбати Оли Сомону миллати хеш, табақаи нохудшиноси руҳониёни олимартабаи Бухоро, ачдодони ҳамон руҳониёни олимартабаи давраи Оли Сомон бе оне, ки дар муқобили урдуи бедин ва кофари Чингизхон дар набард шаванд, дар масҷиди ҷомеъи Бухоро аспҳои ин кофиронро лаҷом гирифтанд ва аспони онҳо аз ғояти гӯшнагӣ варақҳои китоби осмонӣ - Қуръонро чун алафи хушк мехӯрданд. Чингизу дигар кофирон бошанд, дар ин масҷиди ҷомеи Бухоро бо боданӯшӣ ва аҳли санъати Бухоро ба рақсу тараб, руҳониён ба хидмат машғул буданд ва инро аз қисматашон медонистанд (Оё ин натиҷаи ҳамон шӯрапуштии Шайхулисломи фатво додаи давраи Оли Сомон ва бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба миллати хеш нест, ки бо гузашти ду қарн боз зуҳури шурапуштеро бо ҳама дуруштӣ ва зиштӣ худованд бо сабаби надоштани худшиносии миллӣ ба онҳо арзонӣ овард?).

Аммо марҳум Ғафуров дар мавриди аз байн рафтани давлати Сомониён назари дигаре дорад: "Чунонки аз рӯйдодҳои ин боб бармеояд, пеш аз ҳама муноқишаҳои шадиди табақотӣ ва ҳамчунин бархӯрдҳои миёни феодалҳо ва ҳукумати марказӣ, мухолифат миёни подшоҳони Сомонӣ ва сипаҳсолорони низомии турк, зиддиятҳои миёни намояндагони дарбор ва маъмурони девонҳо, ки ҳамарӯза шадидтар мешуд, давлати Сомониро нотавон сохт, ки дар авохири қарни даҳуми мелодӣ аз иқтидори он танҳо хотироте боқӣ монд. Дар чунин шаройите, ки феодалҳои маҳаллӣ бо ҳамдигар адоват доштанд, алайҳи иқдомҳои ҳукумати марказӣ муқовимати мусаллаҳона нишон медоданд ва аз итоат саркашӣ мекарданд, албатта Сомониён наметавонистанд, барои дафъи ҳамалоти мутаҷовизони хориҷӣ, нируе вориди майдон созанд.

Мардуми Мовароуннаҳр, ки аз сангинии молиёти ҳангуфт ҷон ба лаб омада буданд ва борҳо бар зидди Сомониён қиём карда буданд, аз пуштибонии онҳо худдорӣ карданд. Горди турк, ки танҳо такягоҳи тоҷу тахт буд, пуштвонаи мӯътамаду маҳкаме надошт ва аз ин рӯ ба дафъи ҳамлаи душманон қойил набуд. Ин аст, ки Сомониён натавонистанд ба ҳамлаи хориҷӣ посух диҳанд ва саҳнаи сиёсӣ ва кишвардориро тарк карданд"(саҳ. 538-539) .

Ин ҷо Варқаи Зайниддин муддаист, ки руҳониён сабабгори пирӯзии муғулон шудаанд. Аммо таърих ин иддаъоро рад мекунад. Дар ин замина ба чанд далел таваҷҷуҳ фармоед. Доктор Муҳаммад Аҳмад Паноҳии Симнонӣ - таърихнигори муосири иронӣ, ки даҳҳо ҷилд китоб дар бораи шахсиятҳои таърихӣ аз Амир Исмоили Сомонӣ то Чингизу Темурланг, Ҳасани Саббоҳ, Нодиршоҳи Афшор, Шоҳ Исмоилу Аббоси Сафавӣ, Оқо Муҳаммадхони Қочор, Лутфалихони Занд ва ғайра таълиф намудааст, дар бораи иллатҳои шикасти давлати Хоразмшоҳ дар баробари ҳамлаи муғул менависад: "Аз ҳамин мухтасар метавон заминаи сиёсӣ ва иҷтимоии Иронро дар остонаи ҳамлаи муғул дарёфт. Лиҳозо аносири шикасти Хоразмшоҳро дар қиболи муғул боястӣ дар авомили асосии зер ончунон, ки шодравон Аббос Иқболи Оштиёнӣ ҷамъбандӣ кардааст, ҷустуҷӯ кард:

1. Дар қушуни Хоразмшоҳиён аксариятро туркони муздур доштанд ва ин ҷамоат, ки аз тоифаи қипчоқ ва қунқилӣ буданд, фармони модари Хоразмшоҳро бештар итоат мекарданд, то ҳукми Хоразмшоҳро.

2. Нуфузи фавқулоддаи Турконхотун дар корҳо ва набудани иттифоқ байни ӯ ва писараш дар ҳалли масоили мамлакат низ асоси давлати Хоразмшоҳиро мутазалзил (ноустувор) карда буд.

3. Лашкаркашии Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ ба азми Бағдод ва азли (барканории) халифа ва андохтани номи ӯ аз хутба ва сикка, дар байни муслимин таъсири суъ (бад) бахшид.

4. Хоразмшоҳ ва модари ӯ ҳарду бисёр бераҳм ва хунхор буданд...умаро ва подшоҳони мағлубро ба Хоразм оварда ва дар қайду банд нигоҳ медоштанд ва Турконхотун ҳар вақт мехост, ононро дар Ҷайҳун ғарқ мекард.

5. Байни умаро ва руасои лашкари Хоразмшоҳ, ҳама вақт ихтилофу душманӣ буруз мекард ва ишон ҳамдигарро пеши Султон ба ихтилос (фасоди молӣ) ва бастагӣ ба исмоилия муттаҳам мекарданд...

6. Хоразмшоҳ марди бетадбир буд ва ғуруру аҷаб дар ибтидо ва тарсу заъфи райъ дар охири кор, ба сахтӣ ӯро бар замин зад.

7. Мардуми Хуросон ва Ироқ ва Афғонистон ба ҳукумати Хоразмшоҳиён ба ҳеч ваҷҳ моил набуданд. Ин илова бар ин ки ишонро ҳироҷгузори Қарохитоиён ва кофири неъмат ба Салчуқиён ва осӣ ба халифа медиданд. Аз бераҳмӣ ва турк будани ишон низ хушнудӣ надоштанд ва аҳолии қисмати шарқии Ирон, Ғуриёнро, ки ба истиқлоли тамом салтанат мекарданд ва дар Ҳиндустон ҷиҳодҳо карда буданд, бар ишон (Хоразмшоҳиён) тарчеҳ (бартарӣ) медоданд. Ва ҳамин амр яке аз илали умдаи пайдо нашудани иттиҳод дар миёни муслимин буд, ки дар Хуросон ва Афғонистон дар муқобили муғул меҷангиданд ва ғолибан байни унсури иронӣ ва туркони қунқилӣ ва хоразмӣ ихтилоф ҳосил мешуд ва туркон ба муносибати ҳамчинсӣ (ҳамнажодӣ) бо муғул даст аз дифоъ кашида, ба муғул таслим ва ё кӯмаккори эшон мешуданд (Паноҳии Симнонй "Чингизхон - чеҳраи хунрези таърих, интишороти Ҳофизи навин, Теҳрон, соли 1373, саҳ. 27-30).

Муқовимат дар баробари лашкари муғул

Ҳоло ба чанд далел аз диловарӣ ва қаҳрамонии шайхон ва руҳониёни исломӣ дар муқобила бо ҳуҷуми муғулҳои кофир мепардозем, ки баръакси иддаъои Варқаи Зайниддин ба миллати хеш хиёнат накардаанд: "Дар минтақаи Хоразм, махсусан Ҷурҷония мардум моҳҳо шуҷоъатмандона дар баробари муғул муқовимат карданд ва пас аз суқути шаҳри Хоразм, мардуми диловари ин хитта даст аз пойдорӣ барнадоштанд. Дар ҳамин шаҳр буд, ки Чингизи малъун ба шайх Наҷмуддини Кубро пайғом фиристод ки: "Ман Хоразмро фатҳ хоҳам кард, он бузург бояд аз миёни эшон берун ояд ва ба мо пайвандад. Шайх, раҳматуллоҳи алайҳ, дар ҷавоб гуфт ки: "Ҳафтод сол бо талху ширини рӯзгор дар Хоразм бо ин тоифа ба сар кардаам, акнун ки ҳангоми нузули балост, агар бигрезам аз мурувват дур бошад. Баъд аз он ӯро дар миёни куштагон, боз ёфтанд..."

Дар Бухоро мардум муҳосираи се рӯзаи муғулро шикастанд ва ба онҳо ҳамла карданд. Ибни Асир менависад: "Имом Алй Рукниддини имомзода чун дид, ки муғулон бо асирони Бухоро ба хушунат рафтор мекунанд ва ба номуси занон дастандозй мекунанд, вай ва писараш бо эшон набард карданд ва кушта шуданд. Қозй Садруддин ва бархеи дигар чунин карданд"(саҳ.37).

Ҳамон тавр, ки аз китобҳои таърих бармеояд, бархилофи иддаъои муаллифи мақолаи ёдшуда маҳз руҳониён ва шайхони мусалмон буданд, ки наҳзати сарбадоронро поягузорӣ намуда ва заминаи суқути давлати Элхонӣ (ворсони Чингизро) дар Хуросону Мовароуннаҳр фароҳам сохтанд. Доктор Паноҳии Симнонӣ дар ин замина менависад: "Наҳзати сарбадорон дар охирин солҳои ҳукумати Абӯсаиди Баҳодур дар Хуросон ба вуҷуд омад. Пояҳои раҳбарии онро дар оғоз, яке аз шуйухи (шайхҳои) суфия, аз аҳолии Мозандарон ба номи шайх Халифа гузошт"("Темурланг - чеҳраи ҳаросангези таърих" интишороти Ҳофизи навин, Теҳрон.соли 1363 саҳ.45).

Ҳамин муаллиф дар боби "Қиёми диловаронаи мардуми Самарқанд ба раҳбарии Мавлонозода" ба ҳодисаи шикасти Амир Ҳусайн ва Темурланг аз хони муғул, раҳо кардани Самарқанд ва гурехтани ин ду ба сӯйи Балх менависад: "Бо ҳуҷуми муғулон ва фирори Амир Ҳусайн ва Темур, шаҳр бедифоъ монда буд. Лизо ночор худи мардуми шаҳр дифоъи Самарқандро бар ӯҳда гирифтанд ва лаҳазоти ҳамосаофарине ба вучуд оварданд...

Донишҷӯён ва санъаткорони шаҳр мардумро дар масҷиди ҷомеъ гирд оварданд. Яке аз туллоб (талабаҳо) ба номи Мавлонзода, ки аз тарбиятёфтагони мактаби сарбадорон буд... болои курсӣ рафт ва пас аз салому шодбош хитоб ба мардум, ки гирд омада буданд, гуфт: Сипоҳиёни бешумори муғул тасмим доранд сарзамини ниёкони моро ғорат кунанд ва ҳар он ба шаҳр наздик мешаванд. Ҳокими мо, ки аз якояки мардум маблағҳои ҳангуфте ба номи молиёт ва тӯҳфа мегирифт ва ба майли худ харч мекард, акнун ки душман ба мо рӯй оварда, моро раҳо кардааст, то зиндагии худро ҳифз кунад.

Аҳолии Самарқанд, ҳар маблағе, ки бипардозанд ва ҳар тӯҳфае, ки бидиҳанд, нахоҳанд тавонист аз дасти душман раҳоӣ ёбанд... Тамоми касоне, ки дар он ҷо муҷтамаъ буданд, мувофиқати худро эълом карданд ва Мавлонозода дифоъи шаҳрро бар ӯҳда гирифт... Ҳамроҳи Мавлонзода ду тани дигар фаъолият мекарданд: "Мавлоно Хурдаки Бухорӣ", ки дар тирандозӣ устод буд ва дигаре, пинадӯзе ба номи "Абубакри Калавӣ", ки дар идораи созмони дифоии шаҳр ширкат ҷӯстанд... Ба ҳамин тартиб, аҳолии Самарқанд хоки худро аз вуҷуди душман пок карданд. Ҷунбиши аҳолии Самарқанд дар таърих ба номи ҷунбиши сарбадорон маъруф аст" (асари ёдшуда. саҳ.108-110).

Бархилофи иддаъои Варқаи Зайниддин, ки уламо ва донишмандони исломиро ғуломону навкарони муғулҳо нишон медиҳад, маҳз ҳамин афрод аз пешгомони мубориза бо муғулҳои кофир буданд. Магар Шайх Наҷмиддини Кубро, Шайх Фаридуддини Аттор, Хоча Камолиддини Исфаҳонӣ, Имом Рукниддини Бухорӣ ва фарзандонаш, Қозӣ Садруддини Бухорӣ ва даҳҳо олиму пешвои исломӣ набуданд, ки дар набарди рӯ дар рӯ бо муғулҳои ваҳшӣ ба шаҳодат расиданд? Магар Хоҷа Камолуддини Исфаҳонӣ набуд, ки ҳангоми қатли хеш аз эҳсоси ватанпарвариву миллатдӯстӣ ва хориву зиллати мулк дар пайи ҳамлаи муғул ин пора шеъри пурсӯзро гуфтааст:

Кас нест, ки то бар Ватани худ гиряд

Бар ҳоли табоҳи мардумй бад гиряд.

Ди бар сари мурдае дусад шеван буд,

Имрӯз яке нест, ки бар сад гиряд.

Устод Мӯъмин Қаноат - шоири тавонои тоҷик низ дар мусоҳиба бо нашрияи "Миллат" таҳти унвони "Шоирони ориф ва орифони шоир" (26 - июни 2008) ба нақши донишмандони исломӣ дар мубориза бо ҳамалоти муғулҳо ишора мекунад: "Вақте ки муғулҳо омаданд ва ин низомро ба зӯр шикастанд, ҳадафи онҳо чӣ буд? Сарону хиради ин мардумро, донишмандонро аз байн баранд. Баъд ҳамин тавр ҳам карданд. Бояд ақлу хиради ин мардумро аз байн мебурданд, вагарна ин мардум бо он донише, ки доштанд ҳарфи онҳоро гӯш намекарданд, бо онҳо сӯҳбат ҳам намекарданд. Вақте мардуми ин сарзамин то ҷое онҳоро шинохтанд, қатли ому кушторҳояшонро шинохтанд, онҳоро диданд, бо онҳо муқовимат карданд. Темурмалик дар Хуҷанд муқовимат кард. Ҷалолуддини Хоразмӣ дар Марв муқовимат кард, дар Балх муқовимати сахт шуд. Дар ин муборизаҳо теъдоди бисёри уламои исломӣ кушта шуданд.

Бародар Зайниддин иддаъо мекунад, ки руҳониёну муллоҳои тоҷик нисбат ба зулму ситами дарбори шоҳону амирони турк бетафовут буданд. Аммо таърих хилофи ин иддаъоро нишон медиҳад. Чунончи Аллома Аҳмади Дониш, ки ба амирони хонадони манғитӣ - Музаффар ва Абдулаҳад ба таври расмӣ бо навиштани китобу рисола пешниҳоди ислоҳи корҳои мамлакатро матраҳ карда буд, пас аз радди ин барномаҳо ононро ба куфр ҳукм карда ва чунин навиштааст: "Дар оянда касоне, ки зиндаанд, хоҳанд дид, ки ҳарчи давлату моле дар хазонаи омира бад - ин гуна зулму заҷр ҷамъ гардидааст, тӯшаи куффору фуҷҷор гардида, саркардагон охир сарҳои бар дор хоҳанд супорид ва амирону валоён ҳамчунон бенасиб ба хусрони абадӣ гирифтор хоҳанд шуд, иннал илму индаллоҳи (Аҳмади Дониш, "Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития", Душанбе, "Сарват", 1992, саҳ.96).

Ҳамин донишманд дар китоби ёдшуда дар боби "Харобии назми аморат дар замони Амир Шоҳмурод" бар хилофи иддаъои Варқаи Зайниддин дар бораи бесару сомонӣ дар мамлакат ва бебанду бории узбакҳо менависад: "Бидон, ки дар айёми ҳукумати Амир Дониёл ба доруламорати Бухоро хеле тафовути фоҳиш дар умури миллат воқеъ шуда, аксар мадрасаҳову масҷид аз дарсу намоз таътил ёфта, ҳуҷраоти мадорис коҳхонаи хари обкашу ғалладони баққол шуда, ба сабаби он, ки мардуми узбак дар умури давлатӣ тадохул ёфта (аст), ҷиҳати безабтии (беназмии) салтанат шуда, ҳарчи аз ҳар ҷо ёфтанд, мутасаррифу молик шуда, шӯъла аз чароғи бевазан ва нон аз анбори ӯ дуздида ба масрафи шикаму ҳарчи худ мерасониданд ва касеро маҷоли бозхост набуд. Ва бозори хамру қимор ва фисқу фасод бисёр ройиҷу гарм буда, дар миёни умаро (амирон) ва ҳукком (ҳокимон) (Ҳамон асар,саҳ.8).

Дар таърихи пас аз Ислом дар Мовароуннаҳру Хуросон ба ғайр аз Амир Исмоили Сомонӣ бақияи шоҳону ҳокимон ба зулму ситам, худкомагӣ, бераҳмиву сангдилӣ, ҷангафрӯзиву хунрезӣ, айёшиву фасод, бетадбириву бекифоятӣ ном баровардаанд. Аммо нухбагони (элитаи) сиёсӣ ва аҳли дарбор, ки дар атрофи ин амирону шоҳон ҷамъ шуда ва амалан корҳои кишвардориро дар даст доштанд, мӯҷиботи аксар аз фоҷиаҳои хунинро барои миллатҳои ин сарзамин фароҳам сохтаанд. Вале руҳониён ки ба унвони қозй, муфтӣ, раис фаъолият мекарданд, дар дарбори ҳокимон ҳамон нақшеро доштанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон шӯрои ба истилоҳ уламои исломӣ иҷро мекунад. Яъне нақши тасдиқкунандаи иқдомоти ҳукуматҳо, ки дар порае аз замонҳо бо шариати Ислом низ созгор набуд. Дар ин моҷаро ё бояд ҳарчи давлатмардон мехостанд, ҳамон тавр мешуд ё ки зиндону табъид дар интизори ин афрод буд.

(Давом дорад)



Хайриддини Қосимӣ, рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97